Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Наврӯз меояд...

 

Саодат мекунад дар ин фазо номусу ори мо.

Муборак қисмати мо, садоқатпешагии мост,

Ҳамеша сабзоғӯшему ин аст ифтихори мо.

 

Таманнои ҷаҳониён

Ватан - як зарра хокатро ба ганҷи сад ҷаҳон надҳам

Ғубори тирагиятро ба чанги осмон надҳам.

Азиз чун модару чун ҷону оҳанги нафас бошӣ.

Сафои диданатро бар нигоҳи бедилон надҳам.

Таманнои ҷаҳониён, тасаллои ҷаҳониён,

Вуҷуди сабзпушатро  ба домони хазон надҳам.

Муродамро, суҷудамро, ҳама буду набудамро,

Кунам қурбони ҳастият. Ба сози ину он надҳам.

Ту зебо бошу поянда, шукуфону саодатбахш,

Туро ҷон медихам, нек асту  сар бар дигарон надҳам.
---------------------------------------------------------------------------------
Ватан

Ватан - маънои сад торихи дунё

Ватан- оромгоҳи ҷисму ҷон аст.

Дурахши қиссаҳояш нақши хотир,

Ватан бо ҳастии худ ҷовидон аст. 

Ватан - гавҳораи зебоии тифл

Қадамгоҳи ҳавои паркашидан.

Макони силаҳои дасти модар,

Ба маъно дар канораш орамидан. 

Ватан - ҷушу хуруши навҷавонӣ

Нигоҳи пур зи лаззатҳои ширин.

Талоши  ворасидан то фалакҳо,

Савоби  нахли бедориву тамкин. 

Ватан - ишқу ҷунуну шавқи мастӣ

Баҳори чор фасли нав расидан

Дар оӯши таранумҳои зебо.

Сукути  беғубориро  надидан. 

Ватан - таскини қалби  созгорӣ,

Навои сад ҳазор умедворон,

Ватан сарсабзии насли ватанхоҳ.

Сафои дидаҳои  бешуморон. 

Ватан - шукронаи даврони пирӣ

Ватан - девори муҳкам дар нафасҳо.

Ягона, устувору пойбарҷо.

Ватан - меодгоҳи мову манҳо. 

Муқаддас, ҳамчу шири модарон пок,

Азиз, чун ишқи бемисли нигорон.

Кафи хокаш зи ганҷи сад ҷаҳон беҳ,

Ватан - хидматпаноҳи ҷоннисорон. 

Қодириён Офоқ, подполковники милитсия


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!Ҳамватанони азиз! Паёми имсолаи Президент дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат баъди ҷашни чорякасраи истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, яъне дар даврае пешниҳод мегардад, ки кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушд ворид гардида, мардуми шарифи Тоҷикистон ба сӯи ояндаи ободу осуда бо қадамҳои устувор пеш меравад.Дар зарфи бисту панҷ сол мо ба шарофати заҳмати софдилонаи халқамон дар роҳи таъмин намудани рушди сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишвар ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидем.Мо ҳамаи ин корҳоро ба хотири таҳкими пояҳои истиқлолияти давлатиамон анҷом додем.Зеро озодиву истиқлолият бароямон дастоварди бузургтарин ва ғояи муқаддаси миллӣ буда, мо бо вуҷуди мушкилоти ҷойдошта барои ҳимоя ва пойдору устувор мондани он минбаъд низ тамоми саъю талоши худро равона ....>>>

Барномаи ислоҳоти милитсия


Барномаи ислоҳоти (рушди) милитсия барои солҳои 2014-2020 (минбаъд - Барнома) ҳуҷҷати асосии барномавии миёнамўҳлат буда, мақсадҳои стратегӣ, вазифа ва самтҳои асосии ислоҳоти (рушди) милитсияро муайян менамояд. Барнома дар асоси моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон   Муфассал >>>

Низомномаи Шӯрои ҷамъиятӣ

Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Шӯрои ҷамъиятӣ) мақомоти ҷамъиятии машваратӣ - мушоҳидавӣ буда, бо мақсади ташкил ва таъмин
  Муфассал >>>

Стратегия


Стратегияи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2013 - 2020 (минбаъд - Стратегия) ба меъёрҳои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, ҳадафҳо, афзалият ва тадбирҳоро оид ба ислоҳот ва рушди милитсия муайян намуда, амалҳоеро, ки Ҳукумати Муфассал >>>

Лоиҳаи Кодекси одоби корманди политсия


Кодекси одоби касбии корманди политсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд-Кодекс), маҷмӯи қоидаҳои рафтори корманди политсия мебошад, ки ҳадди муошират, қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматӣ, ки аз санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, арзишҳои Муфассал >>>

Лоиҳаи Қонун дар бораи политсия


Қонуни мазкур мафҳумҳои асосӣ, сохтори ташкиливу ҳуқуқӣ, самтҳои асосӣ ва принсипҳои фаъолият, сохтори политсияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мавқеи он дар низоми мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ, ҳамкорӣ бо ҷомеа, тартиби қабул Муфассал >>>

Кофтуков


© 2017 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад