Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳуқуқи байналмилалии муҳоҷират (ҲБМ)

Маводи мазкур аз ҷониби муовини сардори Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, номзади илмҳои ҳуқуқ, полковники милитсия Солиев Каримҷон Ҳоҷиевич, доктори илмҳои ҳуқуқ, профессори кафедраи ташкили фаъолияти ҳифзи ҳуқуқи Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарипов Тақдиршо ва муовини сардори Раёсати Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба назорати тафтишоти пешакӣ дар мақомоти прокуратура, мушовири адлияи дараҷаи I Рауфов Фарух Халилович омода карда шудааст.


Мавзӯи №1. Ҳуқуқи байналмилалии муҳоҷират (ҲБМ)

 


Даври омӯзишии ҲБМ дар заминаи барномаи таълимии стандартии ҳамноми Созмони Байналмилалии Муҳоҷират (СБМ) таҳия гардидааст. Дар баробари ин даври омӯзишии мазкур барои кормандони амалӣ -хизматчиёни мақомоти давлатӣ, вазорату идораҳо, ки бо масоили муҳоҷират машғуланд, инчунин фаъолони сохтори ғайриҳукуматӣ, донишҷӯён, омӯзгорон ва ҳамаи онҳое, ки рағбати омӯзиши масъалаҳои танзими ҳуқуқии байналмилалии муҳоҷиратро доранд, пешбинӣ шудааст. Дар таҳияи даври омӯзишии мазкур дар доираи лоиҳаи "Муосидат ҷиҳати амалӣ намудани барномаи миллӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқҳои муҳоҷирон ва таҳкими имкониятҳои шарикони миллӣ дар соҳаи муҳоҷират" Намояндагии СБМ дар Ҷумҳурии Қазоқистон ва Дафтари Минтақавии СБМ дар кишварҳои Аврупои Ҷанубию Шарқӣ, Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ иштироки бевосита ва фаъол доштанд. Лоиҳа аз ҷониби Фонди байналмилалии рушди СБМ маблағгузорӣ шудааст.


ҲБМ, чун ҳама гуна соҳаи дигари ҳуқуқ дорои объекти танзим ва субъектҳо буда, нисбати онҳо амал мекунад. Соҳаи мазкури ҳуқуқ аз маҷмӯи муайяни мафҳумҳо истифода мекунад. Мақсади мавзӯи мазкур-баррасии муносибатҳои гуногуни танзимкунандаи ҳуқуқи байналмилалии муҳоҷират, субъектҳои асосӣ ва истилоҳоте мебошад, ки аз ҷониби ҲБМ истифода карда мешаванд.

Мо аз муайян кардани субъектҳои асосӣ, ки ба раванди муҳоҷират ҷалб шудаанд, ё дар танзими он нақш мебозанд, оғоз менамоем.

Чунон ки маълум аст, субъекти асосии раванди муҳоҷират инсон-муҳоҷир мебошад, ки сарҳади давлатиро убур карда, аз як давлат ба давлати дигар сафар менамояд. Субъектҳои навбатии табиии ҳуқуқи байналмилалии муҳоҷират давлатҳо мебошанд, яъне давлати баромади (зуҳури) муҳоҷир ва давлати таъинотӣ, ки муҳоҷир ба он ҷо равон мебошад, инчунин дар баъзе ҳолатҳо-давлати транзитӣ.
Вақте ки сухан дар бораи гурезагон меравад, ба сифати субъектҳои иловагӣ, аз як тараф мақомоти муайяни ҷазодиҳӣ, ки гурезагонро барои тарк намудани кишварашон маҷбур месозанд ва аз тарафи дигар ҷомеаи қабулкунанда, ки дар раванди ҷойгиркунонӣ ва интегратсияи гурезагон иштирок менамоянд, баромад мекунанд.
Вақте ки мо дар бораи муҳоҷирати ғайриқонунӣ, номунтазам ё ғайрирасмӣ мегӯем, бояд дар бораи шахсоне, ки савдои одамон ё воридкунии ғайриқонунии муҳоҷиронро ба амал мебароранд, ёдовар шавем. Онҳо нерӯҳои манфие мебошанд, ки ба раванди муҳоҷират таъсири худро мерасонанд. Давлат вазифадор аст, ки фаъолияти чунин шахсонро пешгирӣ ва онҳоро барои содир намудани ҷиноят мутобиқи қонун таъқиб кунад. Ба равандҳои муҳоҷиратӣ интиқолдиҳандагони ҳавоӣ, баҳрӣ, роҳи оҳан ва нақлиётӣ (автобус ва автомобилҳо) таъсир мерасонанд. Нисбати муҳоҷирон ва давлат онҳо ҳуқуқу уҳдадориҳои муайян доранд. Корфармоёни кишварҳои таъинотӣ, ки муҳоҷирони меҳнатиро ҷалб менамоянд, низ ба раванди муҳоҷират таъсир расонида, барои ташаккули омилҳои ҷалбкунандаи муҳоҷирон нақши муайян мебозанд. Давлат фаъолиятро оид ба ҷалби қувваи кории хориҷӣ танзим карда, риояи ҳуқуқҳои корфармоёнро таъмин ва кори онҳоро назорат менамояд. Созмонҳои байналмилалӣ ва ғайридавлатӣ низ дар танзим намудани равандҳои муҳоҷиратӣ нақши муассир мебозанд. Онҳо ба муҳоҷирон барои кӯчидан мусоидат намуда, ба кишварҳои баромад (зуҳур) ва таъинотӣ ҷиҳати ташаккули низоми самарабахши идоракунии равандҳои муҳоҷиратӣ кумак мерасонанд. Фаъолият ва афзалияти кори ин созмонҳо мувофиқан дар сатҳи байналмилалӣ ва миллӣ аз ҷониби давлатҳо танзим карда мешавад. Ҳамин тариқ, мо рӯйихати субъектҳои асосии ҲБМ-ро, ки он аслан номгӯйи пурра нест, муайян намудем.
Ҳамаи субъектҳое, ки дар равандҳои муҳоҷиратӣ иштирок мекунанд, ба ин равандҳо таъсир мерасонанд, ё онҳоро танзим менамоянд, ба муносибатҳои муайян ворид мегарданд. Кишвари баромад (зуҳур) бо мақсади ҳифзи ҳуқуқҳои шаҳрвандони худ, танзими масъалаҳои марбут ба сафарҳои дуҷонибаи шаҳрвандон, ҷалби муташаккилонаи шаҳрвандони худ ҷиҳати таъмин намудан бо кор ва ғайра бо кишвари таъинотӣ ҳамкорӣ менамояд. Давлати таъинотӣ бо мақсади таъмини манфиатҳои иқтисодии худ, манфиатҳои шаҳрвандони худ, инчунин шаҳрвандони давлати баромад (зуҳур) бо давлати баромад (зуҳур) ҳамкорӣ менамояд. Давлатҳои транзитӣ бо мақсади таъмини риояи қонунҳои худ, сафарҳои бемонеа ва ҳамзамон бехатари шаҳрвандони худ ва манфиатҳои худии миллӣ ва дар баъзе ҳолатҳо, эҳтимол барои таъмини зисти муваққатии муҳоҷирон, ки дар роҳи байни давлати таъинотӣ ба ҷониби давлати баромад (зуҳур) қарор доранд, бо давлати баромад (зуҳур) ва таъинотӣ ҳамкорӣ мекунанд. Ҳуқуқи байналмилалӣ баъзан давлатҳоро ҷиҳати ҳамкорӣ бо ҳамдигар оид ба масоили гуногуни самти муҳоҷират, масалан вобаста ба пешгирӣ намудани савдои одамон ва воридкунии ғайриқонунии муҳоҷирон вазифадор менамояд. Табиист, ки худи муҳоҷир ҳам бо давлати баромад (зуҳур) ва ҳам бо давлати таъинотӣ ҳамкорӣ менамояд. Вай робитаи сиёсӣ-ҳуқуқӣ- шаҳрвандиро бо кишвари баромад (зуҳур) нигоҳ дошта, таҳти ҳимояи ӯ қарор дорад, вале ҳамчунин муносибатҳои нави ҳуқуқиро бо кишвари таъинотӣ соҳиб мегардад. Онҳо чӣ гуна муносибатҳои нави ҳуқуқӣ мебошанд? Дар навбати аввал, ин уҳдадории риояи қонунгузории он кишваре мебошад, ки муҳоҷир дар он қарор дорад. Дар навбати худ, давлати таъинотӣ қисми вазифаҳоро оид ба ҳимояи ҳуқуқҳои муҳоҷир, масалан, ҳуқуқҳои меҳнатӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва иқтисодӣ ба зиммаи худ мегирад ва онҳоро аз таҷовузҳои ғайриқонунӣ ҳифз менамояд, амалҳои ғайриқонунии нисбати ин ҳуқуқҳо содиршавандаро пешгирӣ намуда, гунаҳкоронеро, ки нисбати муҳоҷир ҳуқуқвайронкунӣ ё ҷиноят содир намудаанд, ҷазо медиҳад. Давлати таъинотӣ ҷиҳати ҳимояи ҳуқуқи инсон-шаҳрванди хориҷӣ дар қаламрави худ вазифадор мебошад. Муҳоҷир бо интиқолдиҳанда дар муносибатҳои ҳуқуқӣ қарор дорад. Интиқолдиҳанда, ба ғайр аз уҳдадории дар назди муҳоҷир дошта, инчунин нисбати давлати таъинотӣ уҳдадорӣ дорад, масалан мутобиқи ҳуқуқи байналмилалӣ интиқолдиҳанда барои бехатарии мусофирон, инчунин барои воридкунии ғайриқонунии муҳоҷирон масъулият дорад.
Дар самти мубориза ба муқобили савдои одамон ва воридкунии ғайриқонунӣ на танҳо давлат, балки ташкилотҳои миллӣ ва байналмилалии ғайридавлатӣ, инчунин интиқолдиҳандагон ва дигар сохторҳои тиҷоратӣ, хусусӣ, корфармоён, иттифоқҳои касбӣ ва созмонҳои байналмилалӣ ҳамкорӣ менамоянд.
Ҳамин тариқ, гуфтаҳои боло далели гуногунии субъектҳо ва муносибатҳои байни онҳо, ки дар раванди муҳоҷиратӣ ҷой доранд, мебошанд. Мо ҳамаи субъектҳои дар соҳаи муҳоҷират мавҷудбуда ва муносибатҳоеро, ки ҲБМ, ҳуқуқи минтақавӣ ва миллии муҳоҷират танзим менамоянд, мушоҳида намуда метавонем.

Истилоҳот дар соҳаи муҳоҷират аҳамияти зиёд дошта, муҳим будани он сабабҳои гуногун дорад. Дар чунин гуногунрангии субъектҳо дар соҳаи муҳоҷират барои ҳар кадом субъект бояд истилоҳоти мувофиқ интихоб карда шавад, то ин ки дигар субъектҳо ба моҳияти масъала дақиқ сарфаҳм раванд. Барои ҳамкории байни давлатҳо бояд маҷмӯи мафҳумҳо таҳия гардад, то ин ки сӯҳбат, аз нуқтаи назари касбӣ, "бо забони ягона" сурат гирифта, ҳамаи истилоҳот ва мафҳумҳо, ки субъектҳоро ифода мекунанд, ба як маънӣ фаҳмида шаванд. Қисми истилоҳот дар ҳуҷҷатҳои гуногуни байналмилалӣ: конвенсияҳо, аҳдномаҳо, протоколҳо ва эъломияҳо муайян гардидаанд. Ҳамзамон қисми дигари ин истилоҳот вобаста ба вазъи махсуси сиёсӣ, муҳоҷиратӣ ва иҷтимоии давлатҳо барои ҳар давлат гуногун буда метавонад. Ҳолатҳое маълуманд, ки ҳамон як истилоҳ дар кишварҳои мухталиф ба таври гуногун фаҳмида мешавад.

Масалан, мафҳуми "муҳоҷир" барои ҳар кишвар метавонад мазмуни муайяни худро, ки бо хусусиятҳои равандҳои муҳоҷиратии он вобаста мебошад, дошта бошад. Барои давлати баромад (зуҳур) муҳоҷир - ин шахсе мебошад, ки барои ҷустуҷӯи кор ба хориҷи кишвар сафар кардааст. Барои давлати таъинотӣ муҳоҷир шахсе мебошад, ки ба ин давлат барои ба амал баровардани фаъолияти меҳнатӣ омадааст. Барои давлатҳое, ки дар он задухӯрдҳо, офатҳои техногенӣ, ё табиӣ рӯй додаанд, муҳоҷирон, асосан одамоне мебошанд, ки ҷойҳои истиқомати маъмулии худро дар натиҷаи задухӯрдҳо ё офатҳои зикршуда тарк намудаанд. Ба мазмуни умумӣ, мазмуни истилоҳи "муҳоҷир"-ро дар Конститутсияи Созмони Байналмилалии Муҳоҷират (СБМ) пайдо намудан мумкин аст, ки мутобиқи моддаи 1.1. (а)-и он истилоҳи "муҳоҷир" "…барои ифода намудани ҳамаи ҳолатҳое, ки қарори муҳоҷират намудан аз ҷониби инсон озодона, ба сабаби "бароҳатии шахсӣ" ва бе дахолати омилҳои берунаи маҷбуркунанда қабул карда мешавад", истифода мегардад. Яъне, мутобиқи ин мафҳум, инсон қарори муҳоҷират намуданро озодона, бо дарназардошти бароҳатии шахсӣ қабул менамояд.

Истилоҳи "муҳоҷири меҳнатӣ" дар Конвенсияи байналмилалӣ дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои ҳамаи муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо пешбинӣ гардидааст. Истилоҳи мазкур метавонад доираи васеи одамонро дарбар гирад ва аз ҷумла, "бо истилоҳи "муҳоҷири меҳнатӣ" шахсе ифода карда мешавад, ки вай дар кишваре, ки шаҳрванди он намебошад, бо фаъолияти музднок машғул хоҳад шуд, машғул мебошад ё қаблан машғул гардидааст". Ҳамзамон, бояд зикр намуд, ки ин истилоҳ доираи васеи вақтро дар назар дорад, ки мутобиқи он муайян гардидааст, ки кай шахс метавонад муҳоҷири меҳнатӣ гардад ва дақиқ муайян нашудааст, ки дар кадом вақт муҳоҷири меҳнатӣ будани вай қатъ мегардад.


Истилоҳи "аъзои оила" низ бо ҳамон Конвенсия муайян гардида, бо истилоҳи мазкур "шахсоне ифода карда мешаванд, ки бо муҳоҷирони меҳнатӣ ақди никоҳ бастаанд, ё бо онҳо дар муносибатҳое қарор доранд, ки ин муносибатҳо мутобиқи ҳуқуқи татбиқшаванда мумкин аст ба никоҳ баробар дониста шаванд, инчунин кӯдакони дар парастории онҳо қарордошта ва дигар шахсоне, ки тибқи қонунгузории татбиқшаванда ё шартномаҳои дутарафа ё бисёртарафаи байни давлатҳои дахлдор аъзои оила шуморида мешаванд". Боз маълум мешавад, ки истилоҳи мазкур васеъ буда, ба қонунгузории татбиқшаванда истинод намудааст, яъне дар худи мафҳум дақиқ зикр нагардидааст, ки маҳз кадом қонунгузорӣ бояд татбиқ карда шавад. Аз ин метавон хулосабарорӣ кард, ки агар масоили марбут ба аъзои оила дар давлати таъинотӣ баррасӣ гарданд, ҳуқуқи татбиқшаванда-ҳуқуқи кишвари таъинотӣ мешавад, вале агар масоили мазкур дар давлати баромад (зуҳур) баррасӣ карда шаванд, табиист, ки ҳуқуқи татбиқшаванда танҳо ҳуқуқи давлати баромад (зуҳур) шуда метавонад.

Истилоҳоти "муҳоҷирони қонунӣ" ва "муҳоҷирони ғайриқонунӣ", ки васеъ истифода мешаванд, ба ҳама маълум мебошанд. Ҳамзамон, мутахассисоне, ки дар соҳаи муҳоҷират кор мекунанд, истилоҳоти муҳоҷирони "расмӣ" ва "ғайрирасмӣ", "доимӣ" ва "муваққатӣ", "ҳуҷҷатгузоришуда" ва "бе ҳуҷҷатгузорӣ"-ро истифода мебаранд. Ҳамаи ин истилоҳоти мухталиф нисбати шахсоне, ки сарҳадро гузаштаанд, ё дар кишвар берун аз меъёрҳои танзимкунанда қарор доранд, истифода мешаванд. Истилоҳи шабеҳро мо аз Конвенсияи байналмилалӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқҳои ҳамаи муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо пайдо намуда метавонем. Конвенсияи мазкур ба сифати муҳоҷироне, ки ҳуҷҷат ё мақоми ҳуқуқии доимӣ доранд, "шахсонеро мешуморад, ки барои ба давлати меҳнати кироя мутобиқи қонунгузории ин давлат ва созишномаҳои байналмилалӣ, ки ин давлат иштирокчии онҳо мебошад, ҷиҳати ворид шудан, қарор доштан ва ба фаъолияти музднок машғул шудан иҷозат гирифтаанд" (моддаи 5 Конвенсия). Муҳоҷирони меҳнатӣ, ки дорои ҳуҷҷатҳо ё мақоми доимӣ намебошанд, онҳое шуморида мешаванд, ки ба талаботи дар боло зикршуда ҷавобгӯ намебошанд, яъне онҳо барои ба давлати меҳнати кироя ворид шудан, қарор доштан ва ба фаъолияти музднок машғул шудан иҷозат нагирифтаанд. Ин ҷо мо бояд дар мадди назар дошта бошем, ки истилоҳи мазкур ба муҳоҷирони меҳнатӣ мансуб буда, на ҳамеша дигар категорияи муҳоҷиронро фаро мегирад, ҳамчунин набояд фаромӯш намуд, ки аксари истилоҳоте, ки дар ин ё он санадҳои байналмилалӣ пешбинӣ шудаанд, барои ифодаи мақсадҳои худи ҳамин санадҳо, ки дар онҳо корбаст шудаанд, истифода бурда мешаванд. Ҳангоми истифода намудани истилоҳоте, ки бо онҳо муҳоҷирон, шахсони бо вайронкунии қонунгузорӣ ба ҳудуди кишвар воридшаванда, хориҷшаванда ё дар он қарордошта ифода карда мешаванд, бояд дар назар дошт, ки айни ҳол дар созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, инчунин баъзе сохторҳои давлатӣ тамоюли истифодаи истилоҳи "муҳоҷири муваққатӣ" ё "муҳоҷири дорои мақоми танзимнашуда" ба мушоҳида мерасад. Истилоҳоти мазкур низ барои истифода аз ҷониби СММ тавсия шудаанд. Сабаб дар он аст, ки "муҳоҷири ғайрирасмӣ" ё "муҳоҷири ғайриқонунӣ" аз рӯйи моҳияти худ ба муқаррароти асосии марбут ба ҳуқуқи инсон, ки он қобилияти субъектнокӣ, яъне татбиқи қонун ва паҳн гардидани муқаррароти онро нисбати ҳамаи одамон кафолат додааст, мухолифат менамояд. Бархилофи ин муқаррарот истилоҳи муҳоҷири "ғайрирасмӣ" ё "ғайриқонунӣ" метавонад маънои онро дошта бошад, ки инсон субъекти ҳуқуқ нест. Чунин тарзи муносибат нодуруст аст. Минбаъд дар маводҳои даври омӯзишӣ мо истилоҳи "муҳоҷири муваққатӣ" ё "муҳоҷири дорои мақоми танзимнашуда"-ро истифода менамоем.

Истилоҳоти дигаре, ки бояд муайян карда шаванд, ин: "давлати баромад (зуҳур)" ва "давлати таъинотӣ" мебошанд. Тибқи Конвенсияи байналмилалӣ дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои ҳамаи муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо бо истилоҳи «давлати баромад (зуҳур)» давлате ифода карда мешавад, ки шахси дахлдор шаҳрванди он мебошад". Новобаста аз он ки Конвенсия шахсони бешаҳрвандро ном набурдааст, давлати баромад (зуҳур) инчунин давлати истиқомати маъмулии инсон низ ба шумор меравад. Ҳамзамон, истилоҳи "давлати таъинотӣ", ки мо то ин вақт истифода менамудем, дар Конвенсия чун "давлати меҳнати кироя" зикр гардида, чун давлате фаҳмида мешавад, ки дар он "вобаста ба ҳолати мушаххас муҳоҷири меҳнатӣ бо фаъолияти музднок машғул хоҳад шуд, машғул мебошад ё қаблан машғул гардидааст". Ба сабаби он ки мо на танҳо дар хусуси муҳоҷирони меҳнатӣ сухан хоҳем кард, мо истилоҳи "давлати таъинотӣ"-ро истифода хоҳем кард, яъне "давлате, ки шахс шаҳрванди он намебошад ва/ё дар он ба таври доимӣ истиқомат наменамояд". Ҳамзамон истилоҳи "давлати таъинотӣ" пурра фаҳмо буда, он на танҳо муҳоҷирони меҳнатӣ, балки тамоми муҳоҷиронро фаро мегирад.
Бо итмом бахшидан ба муайян намудани давлатҳои гуногун вобаста ба он ки онҳо дар раванди муҳоҷиратӣ чӣ нақшро бозидаанд, бояд истилоҳи "давлати транзитӣ" низ муайян карда шавад. Бо истилоҳи «давлати транзитӣ» "ҳама гуна давлате ифода карда мешавад, ки тавассути он шахси дахлдор ҳангоми ба ҷониби давлати меҳнати кироя, ё аз давлати меҳнати кироя ба давлати баромад (зуҳур) ё давлати истиқомати маъмулии худ ҳаракат намудан мегузарад".

Истилоҳи навбатӣ дар ҳуқуқи байналмилалӣ паҳншуда аст: ин истилоҳи "гуреза" мебошад. Истилоҳи мазкур дар Конвенсия дар бораи мақоми гурезаҳо соли 1951 пешбинӣ шудааст. Дар аксари мавридҳо давлатҳо мекӯшанд, ки ин мафҳумро риоя кунанд ва дар қонунгузории миллии худ мафҳуми мазкурро ба тариқи ба мафҳуми дар Конвенсия зикршуда монанд дарҷ мекунанд: "шахсе, ки бинобар сабабҳои комилан асоснок бо аломатҳои нажодӣ, эътиқоди динӣ, шаҳрвандӣ, мансубият ба гурӯҳи муайяни иҷтимоӣ ё эътиқоди сиёсӣ дучори таъқиб гашта, берун аз давлати мансубияти шаҳрвандии худ қарор дорад ва аз таъсири ин сабабҳо наметавонад ё намехоҳад аз ҳимояи он давлат истифода намояд; ё шахсе, ки шаҳрвандии муайян надошта, бинобар ҷой доштани чунин ҳолатҳо берун аз давлати истиқомати доимии худ қарор дорад ва ба сабаби мавҷуд будани ҳамин гуна хавф наметавонад ё намехоҳад ба он ҷо баргардад".

Мафҳуми шахсони дар дохили давлат кӯчонидашуда дар Принсипҳои роҳбарикунанда оид ба масъалаи кӯчонидан дар дохили давлат ба тариқи зерин муқаррар гардидаанд: "…шахсон ё гурӯҳи шахсоне, ки дар натиҷаи оқибатҳои задухӯрди мусаллаҳона, зуҳури фарогири зӯроварӣ, вайронкунии ҳуқуқи инсон, офатҳои табиӣ ё офатҳои дар натиҷаи фаъолияти инсон ба вуқӯъ пайваста ё бо мақсади эмин мондан аз ин оқибатҳо барои партофта рафтан ё тарк намудани хонаҳои худ ё ҷойҳои истиқомати маъмулиашон маҷбур карда шудаанд ва онҳо сарҳадҳои давлатии эътирофшудаи байналмилалиро нагузаштаанд". Қобили зикр аст, ки маҳз ҳолати гузаштани сарҳадҳои давлатии эътирофшудаи байналмилалӣ аҳамияти ҳалкунанда дорад, зеро сарҳадро нагузашта, шахсони кӯчонидашуда дар кишвари худ мемонанд ва масъулияти ҳифз ва таъмини бехатарии онҳо, дар навбати аввал ба зиммаи давлати шаҳрвандии/истиқомати онҳо гузошта мешавад. Аксаран сабабҳое, ки боиси муҳоҷират намудани шахсони дар дохили кишвар кӯчонидашуда мешаванд, бо сабабҳое, ки гурезагонро ҷиҳати кӯчидан маҷбур менамояд, мувофиқат мекунанд. Дар ин сурат масъалаи ҳимояи ҳуқуқҳои шахсони дар дохили давлати кӯчонидашуда муҳим ва доғи рӯз мешавад. Дар баробари ин, шахсоне,ки дар натиҷаи фалокатҳои табиӣ ва техногенӣ кӯчонида шудаанд, низ қисми осебпазир ва ба кумаки таъҷилӣ мӯҳтоҷи аҳолии оламро ташкил медиҳанд.

Истилоҳи "савдои одамон" аз Протокол оид ба пешгирӣ ва рафъи хариду фурӯши одамон, хусусан занону кӯдакон ва ҷазо барои он, ки иловаи Конвенсияи СММ зидди ҷинояткории муташаккили трансмиллӣ мебошад, гирифта шудааст. Мутобиқи он "…савдои одамон мафҳуми бо мақсади суиистифода ҷалбкунӣ, интиқол, таҳвил, пинҳонкунӣ ё гирифтани одамонро бо роҳи таҳдиди зӯрӣ ё истифодаи он ё дигар шаклҳои маҷбурсозӣ, рабудан, қаллобӣ, фиреб, суиистифодаи ҳокимият ё ҳолати заифӣ, ё бо роҳи ришва додан дар шакли пардохт ё фоида барои гирифтани розигии шахсе, ки дигар шахсро назорат мекунад, дар назар дорад. Суиистифода ҳадди ақал аз суиистифодаи фоҳишагарии дигар шахсон ё дигар шакли суиистифодаи шаҳвонӣ, кор ё хизмати маҷбурӣ, ғуломӣ ё расму одатҳои ба ғуломӣ ҳамшабеҳ, ҳолати маҷбурӣ ё гирифтани узвҳо иборат мебошад". Мебояд зикр намуд, ки ҳарчанд истилоҳи "қурбонии савдои одамон" дар Протокол пешбинӣ нашудааст, вале маъмулан он қурбонии ҷиноятҳои дар боло зикргардидаро дар назар дорад. Истилоҳи мазкур ҷинояти дорои таркиби мураккабро ифода мекунад, ки он: бевосита аз кирдор- ҷалбкунӣ, интиқол, таҳвил ва ғайра; тарзи амалӣ намудани он-таҳдиди зӯрӣ, маҷбурсозӣ, рабудан ва ғайра; ва натиҷаи ниҳоӣ-суиистифода (истисмор) иборат аст.


Протоколи зидди воридкунии ғайриқонунии муҳоҷирон мафҳуми «воридкунии ғайриқонунии муҳоҷирон»-ро пешбинӣ намудааст, ки он бо мақсади ба даст овардани ягон фоидаи бевосита ё бавоситаи молӣ ё фоидаи дигари моддӣ, таъмин намудани ба ягон Давлати узв ғайриқонунӣ ворид шудани ҳама гуна шахсе, ки ӯ шаҳрванди он намебошад ё дар қаламрави он истиқомати доимӣ надорад, мебошад. Аз ин мафҳум мо чунин хулосабарорӣ карда метавонем, ки шаҳрванде, ки сарҳади давлати худро бе ҳуҷҷат мегузарад, тибқи ҳуқуқи байналмилалӣ ғайриқонунӣ воридшуда ҳисобида намешавад ва набудани эҳтимолии ҳуҷҷатҳо шаҳрванди давлатро ба ғайриқонунӣ воридшаванда ё ғайриқонунӣ сарҳадро убуркунанда табдил намедиҳад.

Ҳамин Протокол муайян намудааст, ки "воридшавии ғайриқонунӣ-ин убури сарҳад бе риоя кардани талаботи зарурӣ барои воридшавии қонунӣ ба давлати қабулкунанда" мебошад.

Мафҳуми «ҳуҷҷати қалбакӣ барои вуруд, хурӯҷ ё шаҳодатномаи қалбакии шахсӣ» низ дар Протоколи мазкур пешбинӣ шуда, ҳама гуна ҳуҷҷати вуруд/хурӯҷ ё шаҳодатномаи қалбакии шахсие мебошад, ки бо ягон воситаи моддӣ аз ҷониби шахс ё муассиса, ғайр аз онҳое, ки қонунӣ барои истеҳсол ё додани ҳуҷҷати вуруд/хурӯҷ ё шаҳодатномаи шахсӣ аз номи давлат ваколатдор шудаанд, қалбакӣ сохта ё тағйир дода шудаанд; ё дар асоси маълумотҳои ғалат, ришва ё зӯроварӣ ё ягон роҳи ғайриқонунӣ нодуруст дода шудаанд ё гирифта шудаанд; ё аз ҷониби шахси дигаре, ки соҳиби қонунии онҳо нест, истифода мегарданд".


Дар мавзӯи мазкур мо истилоҳоти асосиеро, ки дар ҲБМ истифода гардида, дар доираи конвенсияҳои байналмилалӣ, протоколҳо ва дигар санадҳо муайян гардидаанд, баррасӣ намудем. Маҳз ҳамин маҷмӯи мафҳумҳоро ҳуқуқи байналмилалии муҳоҷират истифода менамояд. Баъе истилоҳоти дигарро, ки ба мавзӯи мазкур ворид карда нашудаанд, аз эъломияҳои гуногун, принсипҳои роҳбарикунанда, нақшаи амалҳо ва дигар ҳуҷҷҷатҳои сатҳи минтақавӣ дарёфт намудан мумкин аст. Баъзе ташкилотҳо, ҷиҳати инъикоси зуҳуроти умда ва минтақавии самти муҳоҷират мунтазам вожаномаҳо таҳия ва нашр менамоянд.

Мавзӯи № 2. Шарҳи ҳуқуқи байналмилалии муҳоҷират (ҲБМ)

Дар мавзӯи қаблӣ мо оид ба субъектҳо ва муносибатҳое, ки ҳуқуқи байналмилалии муҳоҷират танзим менамояд, гуфта будем. Дар доираи мавзӯи мазкур бошад мо хусусиятҳои ҲБМ, мавқеи он дар низоми ҳуқуқи байналмилалӣ, инчунин сарчашмаҳо ва қисматҳои онро баррасӣ менамоем.


Аз муайян намудани мавқеи ҲБМ дар низоми ҳуқуқи байналмилалӣ оғоз мекунем. Ҳуқуқи байналмилалӣ, чун ҳуқуқи миллӣ аз соҳаҳо иборат аст. Соҳаҳои ҳуқуқи байналмилалӣ фаслҳои мавзӯие мебошанд, ки аз низоми ҳуҷҷатҳои меъёрӣ ё одатҳо иборат буда, муносибатҳоро дар соҳаи муайян танзим менамоянд. Соҳаҳои зиёди ҳуқуқи байналмилалиро зикр намудан мумкин аст: ҳуқуқи байналмилалии ҳавоӣ ва кайҳонӣ, ҳуқуқи баҳрӣ, ҳуқуқи экологӣ, ҳуқуқи байналмилалии ҷиноятӣ, ҳуқуқи байналмилалии гуманитарӣ, ҳуқуқи паноҳгоҳ, ҳуқуқи инсон, ҳуқуқи моликияти зеҳнӣ ва ғайра. Ҳуқуқи байналмилалии муҳоҷират (ҲБМ) муносибатҳоро дар соҳаи муҳоҷират танзим намуда, яке аз соҳаҳои ҳуқуқи байналмилалӣ мебошад.


Чун дигар соҳаҳои ҳуқуқ ҳуқуқи байналмилалии муҳоҷират (ҲБМ) сарчашмаҳои худро дорад. Сарчашмаҳои ҳуқуқ чист? Сарчашмаҳои ҳуқуқ - ин воситаҳо ва шаклҳои ифода ва таҳкими меъёрҳои ҳуқуқ мебошанд. Сарчашмаҳои ҳуқуқ новобаста аз табиат ва шакли худ хусусияти ҳуқуқии уҳдадоркунанда доранд. Сарчашмаҳои ҳуқуқи байналмилалӣ дар моддаи 38 Статути Суди байналмилалӣ пешбинӣ шудаанд. Дар навбати аввал, ин конвенсияҳои байналмилалӣ, чӣ умумӣ ва чӣ махсус мебошанд, ки қоидаҳои аз тарафи давлатҳои баҳскунанда аниқ эътирофшударо муқаррар намудаанд. Ба ғайр аз конвенсияҳо боз протоколҳо ва аҳдномаҳо мавҷуданд, ки онҳо низ чун конвенсияҳо санадҳои барои иҷро ҳатмӣ мебошанд, агар давлат ба онҳо ҳамроҳ шуда бошад. Истилоҳи умумие, ки тавассути он конвенсияҳо, аҳдномаҳо ва протоколҳо ифода карда мешаванд, "шартномаи байналмилалӣ" ё "воситаи байналмилалӣ" мебошад. Дар навбати дуюм, сарчашмаи муҳими ҳуқуқи байналмилалӣ тибқи моддаи зикршудаи Статути Суди байналмилалӣ одатҳои байналмилалӣ чун далели амалияи ягона, ки ба сифати меъёри ҳуқуқӣ эътироф гардидаанд, ба шумор мераванд. Дар ҳуқуқи байналмилалии муосир одат меъёри нестшаванда мебошад. Имрӯз теъдоди зиёдтари шартномаҳои байналмилалӣ, ё ба истилоҳ меъёрҳои навишташуда қабул мегарданд, ки ин ё он муносибатҳоро танзим менамоянд. Одатҳои байналмилалӣ дар ҳуқуқи байналмилалӣ рӯз то рӯз камтар вомехӯранд, вале хусусияти онҳо аз он иборат аст, ки одатҳои байналмилалӣ ба сифати меъёри ҳуқуқ эътироф гардида, бояд аз ҷониби ҳамаи субъектҳо бе истисно риоя карда шаванд. Одатҳои байналмилалӣ дар баҳрнавардӣ, дар расмиёти протоколи давлатӣ ва дигар соҳаҳои ҳуқуқи байналмилалӣ арзи вуҷуд доранд.
Ҳангоме ки дар бораи меъёрҳои навишташуда ва нонавиштаи ҳуқуқи байналмилалӣ сухан меронем, бояд дар хусуси мафҳуми iuscogens зикр намоем. Iuscogens - меъёри дорои хусусияти имеративӣ (ҳатмӣ) буда, татбиқи он, бе истисно барои ҳама ва новобаста аз иродаи тарафҳо ҳатмӣ мебошад. Iuscogens аз ҷониби иттиҳоди байналмилалии давлатҳо дар маҷмӯъ эътироф гардида, сарфи назар кардани он номумкин аст ва тағйир додани он танҳо пас аз қабули меъёри ҳуқуқи байналмилалии умумӣ, ки чунин хусусиятро доро мебошад, имконпазир мебошад (муфассалтар нигаред Конвенсияи Венагӣ дар бораи ҳуқуқи шартномаҳои байналмилалӣ, соли 1969, моддаи 53). Чун намунаи меъёри iuscogens манъ будани шиканҷаро зикр намудан мумкин аст. Ҳар як давлат, новобаста аз он ки вай ба Конвенсияи зидди шиканҷа, дигар намудҳои муносибат ё ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ё тақиркунандаи шаъну шараф ҳамроҳ шудааст, ё не, вай вазифадор аст, ки аз истифодаи шиканҷа худдорӣ намояд. Ҳамчунин манъ будани ғуломӣ ё роҳзании обӣ низ намунаи меъёри iuscogens аст. Дар навбати сеюми сарчашмаҳои ҳуқуқи байналмилалӣ принсипҳои умумии ҳуқуқ, ки аз ҷониби миллатҳои мутараққӣ эътироф карда шудаанд, қарор доранд. Таҳти мафҳуми принсипҳои умумии ҳуқуқ чӣ дар назар дошта шудааст? Ин принсипҳое мебошанд, ки дар ҳама гуна соҳаи ҳуқуқ вуҷуд доранд, масалан манъ будани татбиқи қувваи бозгашти қонун, принсипҳои инсондӯстӣ, баробарии ҳама дар назди қонун ва ғайра.
Дар навбати чорум, қарорҳои судӣ ва таълимоти мутахассисони нисбатан тахассусноки миллатҳои гуногун оид ба ҳуқуқи умумӣ ба сифати воситаи ёридиҳанда ҷиҳати муайян кардани меъёрҳои ҳуқуқӣ баромад мекунанд. Қарорҳои судӣ ва таълимот, ба ғайр аз хусусиятҳои дигарашон, инчунин хусусияти тавзеҳотӣ дошта, барои қабули қарорҳо оид ба татбиқи меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ кумак мерасонанд. Қарорҳои судӣ, ки барои иҷро ҳатмӣ мебошанд, аз ҷониби мақомоти гуногуни байналмилалии судӣ ва ғайрисудӣ қабул карда мешаванд.
Суди байналмилалии СММ яке аз мақомоти маълуми судӣ буда, парвандаҳоеро, ки аз ҷониби давлатҳо ба вай супорида мешавад, инчунин ҳамаи масъалаҳоеро, ки бо Оинномаи СММ, ё шартномаҳо ва конвенсияҳои байналмилалии амалкунанда пешбинӣ гардидаанд, баррасӣ менамояд. Инчунин як қатор судҳои муваққатӣ, аз қабили Суди ҳарбии (трибунали) байналмилалӣ оид ба собиқ Югославия, ё Суди ҳарбии (трибунали) байналмилалӣ оид ба Руанда мавҷуданд. Ваколати ҳарду судҳои ҳарбӣ (трибуналҳо) аз рӯйи вақт ва ҳудуд маҳдуд мебошад. Аз соли 2002 инҷониб Суди байналмилалии ҷиноӣ амал мекунад, ки он ҷиноятҳои байналмилалиро, ки барои он на давлат дар маҷмӯъ, балки шахсони алоҳида ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд, баррасӣ менамояд. Қарори ин ва дигар мақомоти судӣ барои шарҳ додани меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ва дар ҳолатҳои шабеҳ татбиқ намудани онҳо кумак мерасонад.
Шарҳ ва тарзҳои татбиқи меъёрҳо дар ҳуқуқи байналмилалӣ масъалаҳои бениҳоят муҳим ба шумор мераванд. Сабаб дар он аст, ки он аксаран ҳуқуқи амсолӣ (преседентӣ) мебошад. Масалан, агар мо ба Конвенсияи Аврупоӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон ва озодиҳои асосӣ назар афканем, мебинем, ки аксари меъёрҳо бо ҷузъиёташон зикр наёфтаанд. Дар ин сурат суоле ба миён меояд: онҳо дар амалия чӣ гуна татбиқ мегарданд? Дар ҳуқуқи континенталӣ санадҳои зерқонуние ҳастанд, ки чӣ гуна татбиқ гардидани қонунро шарҳ медиҳанд. Конвенсияи Аврупоӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон ва озодиҳои асосӣ чунин санадҳои зерқонуниро доро нест. Мақоме, ки муқаррароти Конвенсияро шарҳ медиҳад, чӣ гуна татбиқ намудани онро мефаҳмонад ва дар сурати ба миён омадани баҳс қарори дахлдор мебарорад, Суди Аврупоӣ оид ба ҳуқуқи инсон мебошад. Низоми мазкур принсиперо, ки дар асоси он ҳуқуқи амсолӣ (преседентӣ) ё англо-сксонӣ амал мекунад, ба ёд меорад. Дар соҳаҳои ҳуқуқи инсон инчунин мақомоти конвенсионӣ (ғайрисудӣ)-кумитаҳо, ки дар доираи паймонҳо ё конвенсияҳои мушаххас ташкил ёфта, вазифаҳои ба вазифаҳои мақомоти судӣ шабеҳро иҷро мекунанд, амал мекунанд.
Ҳамин тариқ, мо сарчашмаҳои асосии ҳуқуқи байналмилалиро, ки дар ҳама гуна соҳаи ҳуқуқи байналмилалӣ, аз ҷумла дар ҳуқуқи байналмилалии муҳоҷират татбиқ мегарданд, баррасӣ намудем.

Чун соҳаи ҳуқуқ ҲБМ баъзе хусусиятҳои муайяни худро дорад. Ин хусусиятҳо дар он зоҳир мегарданд, ки Конвенсияҳо ва дигар шартномаҳои байналмилалӣ, чун сарчашмаи асосии ҳуқуқ дар ҲБМ бо ҳуҷҷати ягона пешниҳод нашудаанд. Баръакс, санадҳои зиёди ҳуқуқие ҳастанд, ки барои фаҳмидани танзими ин ё он масъала дар соҳаи муҳоҷират мо бояд ба онҳо муроҷиат намоем. Хусусияти дигари ҲБМ дар он зоҳир мегардад, ки ин санадҳои байналмилалӣ бо мурури вақт ташаккул ёфтаанд. Масалан, баъзе ҳуҷҷатҳо, ки ҷузъи ҳуқуқи байналмилалии муҳоҷиратро ташкил додаанд, ҳанӯз то таъсис ёфтани СММ, дар доираи Лигаи Миллатхо ё аз он ҳам пештар қабул шудаанд. Конвенсияи Гаагавӣ, ки баъзе масъалаҳои марбут ба мухолифати қонунҳоро оид ба шаҳрвандӣ танзим менамояд, соли 1930 қабул гардидааст. Баъзе санадҳо нисбатан нав мебошанд, аз ҷумла Конвенсия зидди ҷинояткории муташаккилонаи трансмиллӣ соли 2000 ё Конвенсияи Ташкилоти Байналмилалии Меҳнат дар бораи меҳнати арзанда барои кормандони ба меҳнати хонагӣ машғулбуда соли 2011. Мо мушоҳида менамоем, ки ҲБМ рушд ёфтааст ва табиист, ки дар оянда низ инкишоф хоҳад ёфт.
Яке аз хусусиятҳои асосии ҳуқуқи байналмилалии муҳоҷират он мебошад, ки ҲБМ аз ҳуҷҷатҳои гуногун, баъзан аз меъёрҳои алоҳидаи ҳуқуқи байналмилалӣ, ки ба масъалаҳои муҳоҷират марбут мебошанд, ташаккул ёфта, ин ҳуҷҷатҳо ва меъёрҳо вобаста ба матн ва вазъият татбиқ карда мешаванд.

Ҳангоме ки дар бораи сарчашмаҳои ҲБМ сухан меронем, бояд ба инобат гирем, ки онҳо мухталифанд, вале сарчашмаи асосӣ-ин ҳуқуқи байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон мебошад. Ҳамаи муҳоҷирон, чун ҳамаи одамон, аз лаҳзаи таваллуд соҳиби ҳамаи ҳуқуқҳо, ки дар санадҳои байналмилалии дахлдор пешбинӣ шудаанд, мебошанд. Сарчашмаҳои дигари муҳими ҲБМ ин ҳуқуқи байналмилалӣ дар соҳаи меҳнат, инчунин ҳуқуқи байналмилалии гуманитарӣ, яъне ҳуқуқи муноқишаҳои ҳарбӣ мебошанд. Ҳуқуқи муноқишаҳои ҳарбӣ муносибатҳои байни тарафҳои муноқишакунанда ва ҳуқуқи шахсонеро, ки дар муноқишаҳои ҳарбӣ иштирок намекунанд, аз ҷумла аҳолии мулкӣ, шаҳрвандони хориҷӣ, ки дучори муноқишаҳои ҳарбӣ шудаанд, шахсоне, ки дар натиҷаи муноқишаҳои ҳарбӣ дар дохили кишвар ҳиҷрат намудаанд, танзим менамояд.
Ҳуқуқи байналмилалӣ оид ба масъалаҳои паноҳгоҳ ва гурезагон низ сарчашмаи муҳими ҳуқуқи байналмилалии муҳоҷират буда, он нисбати давлатҳо ҷиҳати ба қаламрави худ роҳ додан ё надодани шаҳрвандони хориҷӣ, инчунин аз ҳудуди кишвар рондани онҳо маҳдудиятҳои муайяне муқаррар кардааст. Ҳангоме ки мо дар хусуси ҳуқуқҳои қурбониёни савдои одамон, оид ба уҳдадории давлатҳо ҷиҳати ҳамкорӣ намудан вобаста ба масоили рафъ ва пешгирии фаъолияти гурӯҳҳои ҷиноятии фаромиллӣ, инчунин дар бораи риояи ҳуқуқҳои муҳоҷирон, ки қурбонии ҷиноятҳо шудаанд, сухан меронем, ҳуқуқи байналмилалии ҷиноятӣ чун сарчашмаи ҲБМ аҳамияти бештареро касб менамояд. Дар замони муосир ҳуқуқи байналмилалии баҳрӣ низ дорои аҳамияти бағоят зиёд гардидааст, зеро шумораи зиёди ҷойивазкунии ғайриқонунии муҳоҷирон тавассути роҳи баҳрӣ сурат мегирад. Мувофиқан, вобаста ба он ки барои ҷойивазкунии ғайриқонунии муҳоҷирон бояд кӣ ҷавобгар бошад, кадом давлатро давлати таъинотӣ шуморидан мумкин аст, кадом давлат бояд парвандаҳои муҳоҷиронро баррасӣ карда, барои ҳалли вазъияте, ки онҳо дучори он шудаанд, чораҷӯӣ намояд, суолҳои зиёде ба миён меоянд. Номгӯи сарчашмаҳои номбаршудаи ҳуқуқ ниҳоӣ набуда, мо метавонем ҳуқуқи байналмилалии ҳавоӣ ва баъзе соҳаҳои дигари ҳуқуқи байналмилалиро чун сарчашмаҳои ҲБМ номбар намоем.

Таҳти мафҳуми қисматҳои ҳуқуқи байналмилалии муҳоҷират мо принсипҳои асосӣ ва унсурҳои онро дар назар дорем. Инак, принсипи нахустин ва асосии ҲБМ муҳим будани мақоми ҳуқуқии муҳоҷир ба шумор меравад: мақоми мазкур танзимшуда аст, ё не; нисбати ин шахс ҳуҷҷатҳои зарурӣ тартиб дода шудааст, ё не; муҳоҷир дар қаламрави кишвар муваққатан қарор дорад ё ба таври доимӣ истиқомат менамояд. Бо дарназардошти ин, тибқи ҳуқуқи байналмилалӣ шахс соҳиби доираи мухталифи ҳуқуқу уҳдадориҳо мешавад ва мувофиқан ба ин, давлатҳо барои муҳоҷирон доираи гуногуни ҳуқуқу уҳдадориҳоро муқаррар менамоянд.
Ҳолати дигари муҳим вазъияти ҷанг ва сулҳ мебошад, яъне оё ҳуқуқи байналмилалии гуманитарӣ, ки барои ҳифзи ҳуқуқҳо, аз ҷумла ҳуқуқҳои аҳолии мулкӣ, ки дар муноқишаҳои ҳарбӣ иштирок наменамоянд, равона шуда, муносибатҳоро танзим менамояд, инчунин тарафҳои ҷангкунандаро барои ҳимоя намудани аҳолии мулкӣ вазифадор мекунад, мавриди амал қарор мегирад, ё не.
Масъалаи соҳибихтиёрӣ низ аҳамияти зиёд дошта, ба давлат ҳуқуқи қабули қарорҳоро оид ба танзими масъалаҳои муҳоҷират, инчунин оид ба сохтори институтсионалӣ ва ҳуқуқӣ дар соҳаи муҳоҷират пешниҳод мекунад.
Дар ибтидо ҳуқуҳои соҳибихтиёрии давлатҳо дар самти муҳоҷират хеле васеъ буд, аммо дар замони муосир чорчӯбаҳо ва стандартҳои зиёде пайдо шуда истодаанд, ки давлатҳо бояд мутобиқи онҳо амал намоянд. Ҳангоми баррасии дигар мавзӯъҳо мо ин чорчӯбаҳо ва стандартҳоро баррасӣ хоҳем кард.
Принсипи дигари ҲБМ ин таъмини назорат аз як ҷониб ва ҳиҷрати озоди захираҳои инсонӣ, аз ҷониби дигар мебошад. Ҳардуи ин қисматҳо бениҳоят муҳим мебошанд, зеро масалан ҳиҷрати озоди захираҳои меҳнатӣ ба масоили инкишофи иқтисодӣ таъсири мусбат мерасонад, назорат бошад барои таъмини амнияти давлат ва шаҳрвандони он зарур аст. Ин ҷо бояд мувозинати дурусти таъмини озодии ҳиҷрат ва вазифаҳои назоратии давлат пайдо карда шавад.

Ду слайди минбаъда номгӯи намунавии соҳаҳо ва доираи санадҳои байналмилалиро, ки сарчашмаҳои меъёрҳои ҲБМ мебошанд, муаррифӣ мекунанд. Чунончи, агар барои мисол як соҳаи ҳуқуқи инсон баррасӣ карда шавад, мо мебинем, ки чӣ қадар санадҳои зиёди ҳуқуқӣ дорои меъёрҳои танзимкунандаи самти муҳоҷират буда, онҳо аз як тараф, ҳуқуқҳои муҳоҷирон ва аз ҷониби дигар, ваколатҳои давлатро ҳифз менамоянд.

Дар навбати аввал, ин албатта Эъломияи умумии ҳуқуқи башар; баъдан Аҳдномаи байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои гражданӣ ва сиёсӣ; Аҳдномаи байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ; Конвенсияи ҳуқуқи кӯдак; Конвенсияи байналмилалӣ оид ба барҳам додани ҳамаи шаклҳои табъизи нажодӣ; Конвенсия дар бораи барҳам додани тамоми шаклҳои табъиз нисбати занон; Конвенсияи зидди шиканҷа, дигар намудҳои муносибат ё ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ва таҳқиркунандаи шаъну шараф; Конвенсияи байналмилалӣ дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои ҳамаи муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо мебошад.
Дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқҳои муҳоҷирони меҳнатӣ шумораи зиёди конвенсияҳои Ташкилоти Байнамилалии Меҳнат мавҷуданд, ки онҳо ҳам бевосита ба муҳоҷирон дахл доранд, ҳам масъалаҳои умумиро, ки бо бехатарии меҳнат ва муҳофизати он, пардохти музди меҳнат, табъиз нанамудан вобастаанд, танзим намуда, ба ин минвол ба муҳоҷирон робита пайдо мекунанд. Конвенсияҳое, ки бевосита ба масъалаҳои муҳоҷират дахл доранд, ин Конвенсияҳои 97 ва 143 мебошанд. Конвенсияи 189 аз соли 2011, ки ба ҳуқуқҳои кормандони ба меҳнати хонагӣ машғулбуда дахл дорад, барои муҳоҷирони меҳнатӣ аҳамияти басо муҳимро дорост. Ҳангоме ки дар бораи ҳуқуқҳои муҳоҷирони меҳнатӣ сухан меронем, набояд Конвенсияи байналмилалӣ дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои ҳамаи муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳоро фаромӯш намоем. Ин санади байналмилалии ҳуқуқӣ ҳам дар рӯйихати санадҳои марбут ба ҳуқуқи муҳоҷирон ва ҳам дар номгӯйи санадҳое, ки ба ҳуқуқи инсон вобастагӣ дорад, пайдо мешавад, зеро он яке аз конвенсияҳои асосии ҳарду соҳаи ҳуқуқи байналмилалӣ мебошад.
Ҳангоме ки дар бораи ҳуқуқи гуманитарӣ сухан мегӯем, бояд Конвенсияҳои Гаагавӣ ва Женевагиро, ки онҳо муносибатҳои дар натиҷаи муноқишаҳои ҳарбӣ бамиёномадаро танзим мекунанд, фаромӯш накунем. Бояд дар назар дошт, ки ҳуқуқи гуманитарӣ, ё ҳуқуқи муноқишаҳои ҳарбӣ ба танзими масъалаҳои муҳоҷират дар давраи муқовимати мусаллаҳона таъсири зиёд мерасонад. Шахсоне, ки дар дохили кишвар ҳиҷрат намудаанд, таҳти ҳимояи пешбининамудаи Конвенсияҳои Женевагӣ, инчунин Принсипҳои роҳбарикунанда оид ба масоили ҳиҷрати шахсон дар дохили кишвар қарор доранд.

Дар соҳаи паноҳгоҳ ду санади асосӣ мавҷуд мебошад: Конвенсия дар бораи мақоми гурезаҳо ва Протоколи марбут ба мақоми гурезаҳо. Ҳарду ин ҳуҷҷатҳо дар Мавзӯи 8 ба таври муфассал зикр гардидаанд.
Дар соҳаи шаҳрвандӣ Конвенсия дар бораи ихтисор намудани бешаҳрвандӣ, Конвенсия дар бораи мақоми апатридҳо, Конвенсия дар бораи шаҳрвандии занони шавҳардор ва баъзе дигар санадҳо мавҷуданд. Ин соҳаи ҳуқуқ низ яке аз сарчашмаҳои ҲБМ буда, муқаррароти конвенсияҳои зикргардида, инчунин баъзе дигар санадҳои байналмилалӣ ба муҳоҷирон ва масъалаҳои муҳоҷират робитаи мустақим доранд.
Соҳаи навбатӣ ҳуқуқи байналмилалии ҷиноятӣ мебошад. Ин ҷо мумкин аст Конвенсияи СММ дар бораи ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ ва Протоколҳои ба он замимашуда, ки хусусан дутои онҳо барои танзими муҳоҷират заруранд, ба таври махсус зикр карда шаванд: Протокол оид ба пешгирӣ ва рафъи хариду фурӯши одамон, хусусан занону кӯдакон ва ҷазо барои он; инчунин Протоколи зидди воридкунии ғайриқонунии муҳоҷирон тавассути хушкӣ, баҳр ва ҳаво.
Ҳамин тариқ, метавон боварӣ ҳосил намуд, ки доираи соҳаҳои ҳуқуқ ва санадҳое, ки ба масълаҳои муҳоҷират марбутанд, хеле васеъ мебошад. Дар доираи ин мавзӯъ вазифаи асосии мо аз он иборат аст, ки ба шунавандагон оид ба ҳаҷми заминаи меъёрии байналмилалӣ маълумоти муайян пешниҳод намоем. Номгӯи соҳаҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ пурра набуда, он метавонад дигар санадҳоро низ дарбар гирад. Масалан, санадҳои ҳуқуқии соҳаҳои ҳуқуқи байналмилалии баҳрӣ ва ҳавоӣ. Чунон ки зикр гардид, ҳамаи ин меъёрҳо вобаста ба матн, табиати субъектҳои ҷалбшудаи ҳуқуқ ва соҳаҳое, ки дар доираи онҳо ин ё он муносибатҳо баррасӣ мешаванд, татбиқ мегарданд.


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!Ҳамватанони азиз! Паёми имсолаи Президент дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат баъди ҷашни чорякасраи истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, яъне дар даврае пешниҳод мегардад, ки кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушд ворид гардида, мардуми шарифи Тоҷикистон ба сӯи ояндаи ободу осуда бо қадамҳои устувор пеш меравад.Дар зарфи бисту панҷ сол мо ба шарофати заҳмати софдилонаи халқамон дар роҳи таъмин намудани рушди сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишвар ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидем.Мо ҳамаи ин корҳоро ба хотири таҳкими пояҳои истиқлолияти давлатиамон анҷом додем.Зеро озодиву истиқлолият бароямон дастоварди бузургтарин ва ғояи муқаддаси миллӣ буда, мо бо вуҷуди мушкилоти ҷойдошта барои ҳимоя ва пойдору устувор мондани он минбаъд низ тамоми саъю талоши худро равона ....>>>

Барномаи ислоҳоти милитсия


Барномаи ислоҳоти (рушди) милитсия барои солҳои 2014-2020 (минбаъд - Барнома) ҳуҷҷати асосии барномавии миёнамўҳлат буда, мақсадҳои стратегӣ, вазифа ва самтҳои асосии ислоҳоти (рушди) милитсияро муайян менамояд. Барнома дар асоси моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон   Муфассал >>>

Низомномаи Шӯрои ҷамъиятӣ

Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Шӯрои ҷамъиятӣ) мақомоти ҷамъиятии машваратӣ - мушоҳидавӣ буда, бо мақсади ташкил ва таъмин
  Муфассал >>>

Стратегия


Стратегияи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2013 - 2020 (минбаъд - Стратегия) ба меъёрҳои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, ҳадафҳо, афзалият ва тадбирҳоро оид ба ислоҳот ва рушди милитсия муайян намуда, амалҳоеро, ки Ҳукумати Муфассал >>>

Кодекси одоби касбии корманди милитсия


Кодекси одоби касбии корманди милитсия ин маҷмӯи қоидаҳои рафтори корманди милитсия мебошад, ки бо мақсади муқаррар намудани қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматии корманди милитсия (минбаъд корманд), мусоидат намудан, ҷиҳати баланд  Муфассал >>>

Кодекси одоби касбии корманди милитсия ин маҷмӯи қоидаҳои рафтори корманди милитсия мебошад, ки бо мақсади муқаррар намудани қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматии корманди милитсия (минбаъд корманд), мусоидат намудан, ҷиҳати баланд бардоштани обрӯ ва эътибори корманд, боварии шаҳрвандон ба мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини меъёрҳои ягонаи рафтори корманд қабул карда шудааст

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи политсия»

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи политсия» аз ҷониби Гурӯҳи кории дохилиидоравӣ бо ҷалби коршиносони дохиливу хориҷӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, олимони соҳаи ҳуқуқ ва кормандони амалии  Муфассал >>>

Кофтуков


© 2017 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад