Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Кормандони БДА бонувони мошинсаворро бо «Рӯзи Модар» табрик намуданд

102

Раёсати БДА-и ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳафтаномаи «Тоҷикистон» дар арафаи «Рӯзи Модар» саҳмияи «Баҳор, зебогӣ, салиқа»-ро ба амал баровард.
Кормандони бозрасии давлатии автомобилӣ дар роҳҳои хурду калони ҷумҳурӣ шабу рӯз дар хизматанд. Нозирон ба ҳаракат дар роҳ диққати асосӣ дода, ҳамзамон бо вайронкунандагони қоидаҳои нақлиёт ва ҷиноят дар роҳҳо мубориза мебаранд ва онҳоро ба ҷавобгарӣ мекашанд. Рӯзи 7 март, дар арафаи «Рӯзи Модар», онҳо чун афсарони ҳақиқӣ боз як вазифаи масъулиятнокро бар дӯши худ гирифтанд, ин ҳам бошад табрик намудани бонувони сари чанбари мошин нишаста аз номи Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ва ба онҳо супоридани гул ва даъватнома ба чорабинии боҳашамати «Ҳафтаи муд дар Тоҷикистон» - Tajikistan Fashion Week. Бонувони мошинсавор аз лутфу марҳамати нозирон ва туҳфаи олиҳимматонаи онҳо хеле хушҳол гаштанд ва ҳар кадом миннатдории хешро ба Вазир ва кормандони ВКД ҶТ изҳор намуданд.

103

«Ман аввал ҳайрон шудам, ки чаро маро нозири БДА манъ намуд, чунки барои ин асос надошт. Вақте дидам, ки ба ман табассумкунон гул дароз мекунанд, табассум намудам, ва вақте, ки ба «ҳафтаи муд» чипта-даъватнома доданд, хурсандиам беканор гашт, ана инро туҳфа мегӯянд»,-иқрор шуд дар суҳбат Дилафрӯз Неъматуллозода, ки 6 сол таҷрибаи мошинронӣ дорад.
Бонуи дигар-Шарипова Малоҳат 25 сол боз мошин меронад. Вай иброз дошт, ки «хеле аз илтифоти кормандони БДА шод гаштам, ҳарчанд, ки маро сари роҳ кам манъ мекунанд, ҳар вақт манъ кунанд, хавотир мешавам, имрӯз бошад, туҳфаи тасодуфӣ маро хеле хурсанд гардонд».

104105

Баҳор Абдуалиеваро имрӯз нозирон се маротиба ба канори роҳ даъват карданд ва ҳар дафъа бо суханони табрикӣ ҷавоб доданд. «Бори сеюм, вақте ба ман чиптаи Tajikistan Fashion Week-ро супориданд, аз ҳаяҷон лол мондам. Хеле мехостам ба ин чорабинӣ равам ва орзуям дар арафаи ид ҷомаи амал пӯшид!»
Чӣ тавре, ки сардори Раёсати БДА Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Акбар Ғиёс Насимзода қайд намуд, бонувон ронандагони боинтизом ҳастанду ба вайронкунии қоидаҳои роҳ аз мардон камтар роҳ медиҳанд, онҳо зебу зиннати роҳҳои пойтахти мо мебошанд.
Наргис Туйчиева


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonun

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика