Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҷудо гардидани қитъаи замини наздиҳавлигӣ ба собиқадори мақомот дар арафаи Рӯзи артиши миллӣ

22

Иштирокчии Ҷанги бузурги Ватанӣ, собиқадори мақомоти корҳои дохилӣ Қаюмов Абдувалӣ, сокини ҷамоати деҳоти Хонободи шаҳри Исфара зимни аёдат шуданаш аз тарафи сардори Раёсати ВКД дар вилояти Суғд генерал-майори милитсия Назарзода Қудратулло Бобо дар арафаи соли нави мелодии 2019 аз роҳбарияти милитсияи Суғд ҷиҳати мусоидат ба гирифтани замини наздиҳавлигӣ муроҷиат намуда буд. Бо гузашти наздик ду моҳ эҳтиёҷи собиқадор бо дастури раиси шаҳри Исфара Саломзода Сиҷовиддин амалӣ гардид.

23

Санаи 20-уми феврал ба муносибати Рӯзи артиши миллӣ собиқадори 95-солаи мақомоти корҳои дохилиро сардори Раёсат Назарзода Қудратулло Бобо ва раиси шаҳри Исфара Саломзода Сиҷовиддин аёдат намуда, дар баробари кӯмак дар намуди маҳсулоти ниёзи рӯзмарра ба ӯ «Шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатӣ» яъне сертификати замини наздиҳавлигиро супориданд.

Қитъаи замини наздиҳавлигӣ дар масоҳати 400,00 м.кв дар ҳудуди шаҳри Исфара, деҳоти Хонобод, деҳаи Заркӯҳ наздик ба манзили истиқоматии иштирокчии ҶБВ Абдувалӣ Қаюмов ҷойгир аст. Пирамард аз туҳфаи ногаҳонӣ хело хушҳол гардида, аз номи пайвандон бори дигар дар шахсияти сардори Раёсати ВКД дар вилояти Суғд ва раиси шаҳри Исфара ба сиёсати инсондӯстонаи Ҳукумати мамалакат изҳори сипос намуд. Ва аз ёддоштҳояш аз ҷабҳаи ҷанги хонумонсӯз, фаъолияти 32-сола дар сафи мақомоти милитсия, собиқаи меҳнатии баъди нафақа ба меҳмонон нақл намуд.

 

24

Дар сохтори мақомоти милитсияи вилояти Суғд имрӯзҳо аз иштирокчиёни ҶБВ танҳо Абдувалӣ Қаюмов дар ҳаёт ҳаст, ки бо шукргузорӣ аз давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон даври пирӣ меронад. Ҷоиз ба таъкид аст, ки номбурда пайваста таҳти ғамхории роҳбарияти мақомоти корҳои дохилии вилоят қарор дорад.
Акбар Шарифов, капитани милитсия


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonun

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика