Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Миннатдории нафақахӯр ба Вазири корҳои дохилӣ

Санаи 9-уми феврали соли 2019, сокини ҷамоати деҳоти Гулистон, деҳаи Деҳқонободи шаҳри Ваҳдат, собиқадори мақомоти корҳои дохилӣ Абӯев Шарифбек, соли таваллудаш 1936, ба воситаи телефони боварӣ (221-21-21) муроҷиат намуда, барои дастгирӣ, ғамхорӣ ва кӯмак ба Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро миннатдории худро изҳор намуд.

Номбурда ҳамчунин аз дастгириҳои ҳамаҷонибаи роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ ҳарф зада изҳор дошт, ки соле ду-се маротиба шахсан Вазири корҳои дохилӣ бо собиқадорони милитсия вохӯрӣ намуда, аз аҳвол ва зиндагонии онҳо пурсон мешавад. Илова бар ин зикр намуд, ки бо ташаббус ва дастгириҳои роҳбарияти ВКД Дармонгоҳи тиббии Вазорат бо тамоми шароитҳои муосир муҷаҳҳаз буда, собиқадорони мақомоти корҳои дохилӣ аз он ройгон истифода мебаранд.
Ин собиқадори милитсия афзуд, ки бар замми ин ҳама ғамхориҳо ҳамчунин шахсан Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода пайваста собиқадорони милитсияро бо тӯҳфаҳои пуливу молӣ ва роҳхат ба осоишгоҳҳои овозадори кишвар ба монанди «Баҳористон», «Хоҷаобигарм» ва «Садбарг» қадрдонӣ менамояд.


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonun

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика