Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон


НБО «Роғун» - сохтмони азими аср

Ба даст овардани истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон имкониятҳои нави сиёсӣ - иқтисодӣ ва фарҳангиро барои миллати куҳанбунёди тоҷик кушод. Марҳилаи созандагии кишвари азизамон ба талошу заҳматҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати ҷумҳурӣ вобастагии зич дорад. Замони Шӯравӣ Тоҷикистон - ҳамчун манбаи ашёи хом, асосан ба ривоҷу равнақи пахтакорӣ аҳамияти бештар медод. Тараққиёти иҷтимоӣ - иқтисодӣ вобаста ба марҳилаи нави таърихӣ масъалаҳои муҳимтареро назди давлат гузошт, ки аз манфиатҳои миллии худ дар минтақа (Осиёи Марказӣ) ва чаҳон ҳимоят намояд.

Манфиатҳои геополитикии Осиёи Марказӣ ба он оварда расонид, ки ҳар кишвари он бештар ғами танҳо давлат ва халқи худро хӯрда, ба манфиатҳои умумӣ чандон созгор нагашт. Ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ аз фазои ягонаи энергетикӣ берун шуданд. Дар минтақаи Осиёи Марказӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қиргизистон бештар ба проблемаи энергетикӣ рӯ ба рӯ гаштанд, ҳарчанд, ки Тоҷикистон борҳо иштироки худро дар таъмини оби байнисарҳадӣ изҳор дошт, аммо мутаасифона он баъзан дар расонаҳо нодуруст қаламдод мешуд. Тоҷикистон барои бунёди неругоҳи оби барқии «Роғун»-ро Консорсиуми байналмилалӣ эълон кард, аммо ин ҳам ба бархурди геополитикӣ дучор гашт.
Миллати тоҷик дар тӯли қарнҳо бо сарбаландӣ аз марзу бум ва ҳастии хеш дар набард ғолибӣ ба даст оварда, бо фишору таҳдидҳои гуногун рӯ ба рӯ гашт, аммо аз ин варта ҳамеша раҳоӣ ёфт. Дигар ҷои баҳсу муколама намонд. Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбари Порлумони Аврупо исбот намуд, ки ба бунёди иншооти азими аср «Роғун» миллати тоҷик ҳуқуқи комил дорад ва ин иқдом аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо ва ҷомеаи ҷахонӣ дастгирӣ ёфт. Ин ғалабаи сарвари давлати точикон ва дипломатияи Тоҷикистони соҳибиситиқлол буд.
Имрӯз баъзе аз таҳлилгарон вазъи мӯътадили энергетикии кишварҳои ҳамсояро мисол меоранд, ки онҳо чи гуна ба ин мувфафақ гаштанд, ки масъалаҳои иқтисодиву энергетики худро ҳал намуданд, аммо набояд фаромӯш кард, ки ин инфраструктура ба онҳо аз замони шӯравӣ боқӣ монд ва онро танҳо таҷдид намуданду халос.
Пешравии ҳар як кишвари алоҳидаи Осиёи Марказӣ ин пешравии тамоми минтақа ба шумор меравад. Бо итминони комил гуфта метавонем, ки сохтмони НБО-и Роғун дар марҳилаи муайян ба анҷом мерасад, вале набояд фаромӯш кард, ки аз он на танҳо Тоҷикистон, балки кулли кишварҳои Осиёи Марказӣ, Афғонистон, Покистон ва дигарон баҳравар хоҳанд гардид. Иқтисоди сабз–асоси пешравии кулли давлатҳои дунё мебошад.
Моликияти миллӣ ин дастоварди тамоми халқи тоҷик аст ва барои ҳар як афсари мақомоти корҳои дохилӣ кушодашавии агрегати якуми НБО-и Роғун рӯзи 16-ноябри соли 2018 бо ширкати бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вокеаи таърихӣ ва мояи ифтихор аст.
Асламов Б.С.- полковники милитсия,
Косимов Ф.М.- полковники милитсия




Рӯйдодҳо

  • Роғун шараф аст!

    Имрӯз (16.11.с.2016), ҳайати шахсии Вазорати корҳои дохилӣ дар толори калони ....

    16.11.2018 16:47
  • Чорабинӣ бахшида ба «Рӯзи Президент» ва кушодашавии чархи аввали иншооти ....

    Рӯзи 16-уми ноябри соли 2018 дар маҷлисгоҳи Раёсати ВКД дар ....

    16.11.2018 16:09
  • Дарёфти зиёда аз 3 кило “Симоб” аз ҷониби кормандони милитсия

    Зимни доир намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия марди 54-солаи сокини ....

    16.11.2018 09:51
  • Худро бардурӯғ “корманди милитсия” муаррифӣ намудани тамаъҷӯ

    Ба ШВКД дар ноҳияи Фирдавӣ марди 40-солаи сокини ноҳияи Варзоб ....

    16.11.2018 09:49
  • Ваъдахилофӣ намудани қарздорон

    Ба мақомоти корҳои дохилӣ дар ноҳияи Шоҳмансур марди 38-солаи сокини ....

    16.11.2018 09:47
  • Таҷлили «Рӯзи Президент» дар РВКД вилояти Хатлон

    Рӯзи 14-уми ноябри соли 2018 бахшида ба «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии ....

    16.11.2018 09:12
  • Ташрифи ҳамватанони бурунмарзӣ ба Академияи ВКД

    Дар доираи ботантана кушодашавии агрегати якуми НБО - «Роғун» гурӯҳи ....

    15.11.2018 15:51
  • Иқдоми навбатӣ дар самти ба низом даровардани нақлиёти ҷамъиятӣ: кормандони ....

    Дар доираи иҷроиши дастуру супоришҳо ва Қарори Раиси шаҳри Душанбе ....

    15.11.2018 11:43
  • Дастгир намудани ғоратгар аз ҷониби кормандони милитсия

    Ба ШВКД дар ноҳияи Шаҳритус бо ариза зани 30-солаи сокини ....

    15.11.2018 08:52
  • Вохӯрӣ бо хонандагони Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №91

    Ҷавонону наврасон воқеан нерӯи созанда, насли пешбарандаи ҷомеа ва тақдирсози ....

    14.11.2018 16:35
  • 

    Гӯшаи эълон ва озмунҳо

  • Эълон!

    Шуъбаи бозрасии давлатии автомобилии РВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ....

    25.09.2018 14:20
  • 05.09.2018 09:56
  • Диққат!

    Бо мақсади таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ ва пешгирии садамаҳои ....

    27.08.2018 12:57
  • Муроҷиат ба мардум дар рӯзи Иди саиди Қурбон

    Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи ....

    20.08.2018 10:55
  • Ҳамкорӣ бо РМЗҶМ ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон: таъсиси қабули «муроҷиати электронӣ» ....

    Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ....

    14.08.2018 16:49
  • Эълони озмун барои қабули омӯзгорони ботаҷрибаи фанҳои дақиқ ва гуманитарӣ

    Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади қабули омӯзгорони ботаҷрибаи ....

    09.08.2018 16:55
  • Нигористон

    Табиат

    Ҷаҳони имрӯз

    Дар Дания қонун оид ба манъи дар ҷойҳои ҷамъиятӣ пӯшидани либосе, ки рӯйро мепӯшонад, аз ҷумла либоси мусулмонӣ барои занон, ба қувваи қонунӣ даромад, итттилоъ медиҳад ҳафтаномаи даниягии Jyllands-Posten. Дар зери «ҷойҳои ҷамъиятӣ» дар қонун нақлиёти ҷамъиятӣ, муассисаҳои таҳсилотӣ, идораҳои давлатӣ ва беморхонаҳо дар назар дошта шудааст. Қонунвайронкунандагонро ҷарима дар ҳаҷми як ҳазор крони даниягӣ (134 евро) ва барои «ритсидивистҳо» (якчанд бор такрор кардани ҷиноят), ки қонунро чор маротиба вайрон мекунанд, ....>>>

    

    Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!Ҳамватанони азиз! Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо вуҷуди тағйирёбии вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва амниятии ҷаҳон, дар роҳи пешрафти бемайлони иқтисодӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва ба ин васила таъмин намудани зиндагии шоистаи аҳолӣ бо қадамҳои устувор пеш меравад. Аммо вақтҳои охир дар ҷаҳон раванди бартариҷӯӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, пайдоиши нишонаҳои марҳалаи нави “ҷанги сард” боиси нигаронӣ гардидааст. Соли ҷорӣ дар гӯшаҳои гуногуни олам нооромиву низоъҳо идома ёфта, барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун айёми душвору пуртазод эътироф гардид. Дар ин давра зиёда аз сад давлати дунё мавриди ҳамлаҳои ғайриинсонии террористон ва ифротгароён қарор гирифт. Воқеият чунин аст, ки ҷуғрофияи нооромиҳо торафт доман паҳн намуда, таҳдиду хатарҳои глобалӣ имрӯз ба асосҳои бунёдии тартибу низоми ҷаҳонӣ ва усулҳои муносиботи байналмилалӣ таъсиргузор мебошанд. Идомаи минбаъдаи ин ҳолат ....>>>

    Qonun

    © 2018 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
    Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
    Яндекс.Метрика