Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон


Вохӯрӣ бо мактаббачагон дар ноҳияи Рӯдакӣ

237

10 майи соли 2018 кормандони Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони (ХПҲНҶ) ВКД дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №59-и ноҳияи Рӯдакӣ бо мақсади пешгирии ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон чорабинии пешгирикунанда доир намуданд. Дар ҷамъомад намояндагони ВКД, ҷавонони фаъоли гурӯҳи «Авангард», аҳли ҷамоатчигӣ, хонандагон ва омӯзгорони муассисаи номбурда иштирок намуданд.

Дар оғози чорабинӣ роҳбарияти муассисаи таълимӣ суханронӣ намуда, ибтикори роҳбарияти ВКД ҷиҳати пайваста доир намудани сӯҳбату вохӯриҳо бо хонандагони муассисаҳои таълимиро ташаббуси саривақтӣ барои пешгирии амалҳои номатлуб хонд.
Сардори бахши Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони ноҳияи Рӯдакӣ подполковники милитсия Раҷабзода Мансур Ҳасан зимни суханронӣ сатҳи ҳуқуқвайронкунӣ ва дигар қонуншиканиҳоро, ки аз ҷониби хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳияи Рӯдаки содир гардидааст, шарҳ дода, сабаб ва омилҳои онро баён намуд. Номбурда афзуд, ки робитаву ҳамкории волидайни хонандагон бо мақомоти милитсия имрӯз бештар ба назар мерасад. Маҳз чунин робитаву наздик будан ба аҳолӣ метавонад пеши роҳи ҳама гуна қонуншиканиро бигирад.

238239

Дар идомаи чорабинӣ баромадкунандагон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»-ро мавриди баррасӣ карор дода, бандҳои алоҳидаи онро шарҳ доданд.
Ҷавонони фаъоли гурӯҳи «Авангард» дар навбати худ суханронӣ намуда, бо шукргузорӣ аз тинҷиву амонӣ ва сулҳу осоиштагӣ ба ҳамсолони хеш оқибатхои нохуши даст задан ба ҷиноят ва дигар кирдорҳои зиддиқонуниро фаҳмониданд.
Абдулло Шоҳиён




Рӯйдодҳо

  • Оташ задани хона бо мақсади пинҳон намудани изи ҷиноят

    Ба ШВКД дар шаҳри Кӯлоб зани 25-солаи сокини деҳаи Зиракии ....

    24.10.2018 10:00
  • Дуздии чорво аз ҷониби марди қаблан судшуда

    Ба ШВКД дар ноҳияи Ёвон марди 49-солаи сокини ҳамин ноҳия, ....

    24.10.2018 09:56
  • Боздошти нозири андоз барои гирифтани пора

    Кормандони милитсия ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ марди 28-солаи сокини ноҳияи ....

    24.10.2018 09:49
  • Ҳалокати як кӯдак ва ду мард дар садамаҳои нохуши нақлиётӣ ....

    Рӯзи 23-юми октябри соли 2018, тахминан соатҳои 11:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи ....

    24.10.2018 09:43
  • Дастгир гардидани ронандаи фирорӣ

    Сани 23-юми октябри соли 2018, тахминан соати 08:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи ....

    24.10.2018 09:42
  • Вохӯрӣ дар Коллеҷи технологии шаҳри Душанбе

    Рӯзи 23 октябри соли 2018 дар Коллеҷи технологии шаҳри Душанбе ....

    23.10.2018 16:16
  • Ғорат намудани гӯшвори тиллоӣ

    Ба ШВКД дар шаҳри Ҳисор зани 23-солаи сокини шаҳри мазкур ....

    23.10.2018 11:17
  • Ба ҳалокат расидани мусофири автомашина дар садамаи нақлиётӣ

    Рӯзи 22-юми октябри соли 2018, тахминан соати 00:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи ....

    23.10.2018 11:15
  • Наваскарони Қӯшунҳои дохилӣ Савганди садоқат ёд карданд

    - Хизмат дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат на танҳо қарзи ....

    22.10.2018 11:03
  • Вохӯрии кормандони милитсия бо донишҷӯён дар шаҳри Бохтар

    Бо мақсади боз ҳам мустаҳкам намудани ҳамкориҳои мақомоти корҳои дохилӣ ....

    22.10.2018 09:13
  • 

    Гӯшаи эълон ва озмунҳо

  • Эълон!

    Шуъбаи бозрасии давлатии автомобилии РВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ....

    25.09.2018 14:20
  • 05.09.2018 09:56
  • Диққат!

    Бо мақсади таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ ва пешгирии садамаҳои ....

    27.08.2018 12:57
  • Муроҷиат ба мардум дар рӯзи Иди саиди Қурбон

    Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи ....

    20.08.2018 10:55
  • Ҳамкорӣ бо РМЗҶМ ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон: таъсиси қабули «муроҷиати электронӣ» ....

    Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ....

    14.08.2018 16:49
  • Эълони озмун барои қабули омӯзгорони ботаҷрибаи фанҳои дақиқ ва гуманитарӣ

    Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади қабули омӯзгорони ботаҷрибаи ....

    09.08.2018 16:55
  • Нигористон

    Табиат

    Ҷаҳони имрӯз

    Дар Дания қонун оид ба манъи дар ҷойҳои ҷамъиятӣ пӯшидани либосе, ки рӯйро мепӯшонад, аз ҷумла либоси мусулмонӣ барои занон, ба қувваи қонунӣ даромад, итттилоъ медиҳад ҳафтаномаи даниягии Jyllands-Posten. Дар зери «ҷойҳои ҷамъиятӣ» дар қонун нақлиёти ҷамъиятӣ, муассисаҳои таҳсилотӣ, идораҳои давлатӣ ва беморхонаҳо дар назар дошта шудааст. Қонунвайронкунандагонро ҷарима дар ҳаҷми як ҳазор крони даниягӣ (134 евро) ва барои «ритсидивистҳо» (якчанд бор такрор кардани ҷиноят), ки қонунро чор маротиба вайрон мекунанд, ....>>>

    

    Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!Ҳамватанони азиз! Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо вуҷуди тағйирёбии вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва амниятии ҷаҳон, дар роҳи пешрафти бемайлони иқтисодӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва ба ин васила таъмин намудани зиндагии шоистаи аҳолӣ бо қадамҳои устувор пеш меравад. Аммо вақтҳои охир дар ҷаҳон раванди бартариҷӯӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, пайдоиши нишонаҳои марҳалаи нави “ҷанги сард” боиси нигаронӣ гардидааст. Соли ҷорӣ дар гӯшаҳои гуногуни олам нооромиву низоъҳо идома ёфта, барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун айёми душвору пуртазод эътироф гардид. Дар ин давра зиёда аз сад давлати дунё мавриди ҳамлаҳои ғайриинсонии террористон ва ифротгароён қарор гирифт. Воқеият чунин аст, ки ҷуғрофияи нооромиҳо торафт доман паҳн намуда, таҳдиду хатарҳои глобалӣ имрӯз ба асосҳои бунёдии тартибу низоми ҷаҳонӣ ва усулҳои муносиботи байналмилалӣ таъсиргузор мебошанд. Идомаи минбаъдаи ин ҳолат ....>>>

    Qonun

    © 2018 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
    Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
    Яндекс.Метрика