Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон


Вохӯрӣ дар муассисаи таълимии №49-и ноҳияи Фирдавсӣ

235

Бо мақсади пешгирӣ намудани ҳуқуқвайронкунӣ ва ҷинояткорӣ, бахусус пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, амалигардонии муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», пешгирии оворагардӣ, муноқишаҳои гурӯҳии мактаббаччагон, ҳамзамон тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи созандагию бунёдкорӣ ва тарғиби идеологияи солим дар байни ҷавонону ноболиғон дар асоси Нақша–чорабиниҳои муштараки Вазорати корҳои дохилӣ, Вазорати маориф, Кумитаи ҷавонон ва дигар вазорату кумитаҳои дахлдор пайваста дар макотиби миёна ва олии кишвар чорабиниҳои фаҳмондадиҳӣ ва корҳои профилактикӣ баргузор мегардад.

236

Ҳадаф аз баргузории чунин чорабиниҳо ба ҷавонон ва падару модарони онҳо фаҳмонидани оқибатҳои нохуши кирдорҳои ҷинояткорона, ҳуқуквайронкунӣ ва шомил шудан ба ҳар гуна ҳизбу гурӯҳҳои тундрав ва ифродгаро мебошад. Бо ин мақсад имрӯз (13.03.2018с.) намояндагони ВКД, Вазорати маориф ва илм ва кормандони дигар мақомоти дахлдор дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №49-и ноҳияи Фирдавсӣ бо хонандагон ва падару модарони онҳо вохoрӣ доир намуданд.
Дар оғози чорабинӣ сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Азизӣ Муҳаммадалӣ Миралӣ суханронӣ намуда, баргузории чунин чорабиниҳои судмандро барои пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни хонандагони муассисаҳои таълимӣ амали муфид арзёбӣ кард.
Номбурда афзуд, ки чунин вохӯриҳо ба он мусоидат мекунад, ки ҷавонон интизоми намунавӣ дошта, дар дарсҳо фаъолона иштирок намоянд ва ба ҳеҷ гуна қонуншиканӣ роҳ надиҳанд.
Сардори Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони ВКД полковники милитсия Фаттоҳзода Абдусаттор иброз дошт, ки пешгирии содиршавии ҷиноят ва ҳуқуқвайронкунӣ аз ҷониби ноболиғону ҷавонон яке аз масъалаҳои муҳими рӯз ба ҳисоб рафта, ҳар як шаҳрванди солими ҷомеаро зарур аст дар ин самт дар баробари мактабу маориф ва дигар сохторҳои марбута саҳмгузор бошанд.
Қайд гардид, ки маҳз беназоратии бархе волидайн ва мусъулини муассисаҳои таълимӣ аст, ки баъзан ноболиғон даст ба ҳуқуквайронкунӣ ва ҷинояткорӣ мезананд.
Дар идомаи чорабинӣ зикр гардид, ки соли 2018 аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли «Рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардид, ки ин ташаббуси созанда барои халқи тоҷик бисёр муҳим ва саривақтист. Аз ин лиҳоз ҷавонону ноболиғон, бахусус хонандагони муассисаҳои таълимиро зарур аст, ки вақти пурқиммати хешро сарфи амалу кирдорҳои беҳуда накарда, дар баробари аз худ намудани барномаи таълимӣ, ҳунарҳои мардумиро низ аз худ намоянд.
Тавсия дода шуд, ки вобаста ба фарҳанги либоспӯшӣ, маърифати шаҳрнишинӣ ва муносибати хонандагон ба муҳити атроф омӯзгоронро мебояд дар дарсҳои тарбиявӣ сӯҳбатҳои судманд ба роҳ монанд.
Дар анҷоми чорабинӣ барои ҳамкориҳои судманд ва мутақобила бо мақомоти корҳои дохилӣ пешгирии шомилшавии наврасону ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои эктремистӣ ва равияҳои динӣ, тарбияи онҳо дар рӯҳияи Ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, иштироки фаъолонаи донишҷӯён дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ ва ҷинояткорӣ, инчунин бахшида ба «Соли рушди сайёхӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» бо фармони Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Азизӣ Муҳаммадалӣ Миралӣ ва мудирони шуъбаҳои маорифи ноҳияҳои ҳудуди пойтахт бо «Ифтихорномаи фахрӣ» қадрдонӣ карда шуданд.
Абдулло Шоев
Абдуллозода Эҳсон




Рӯйдодҳо

  • Оғози марҳилаи дуюми амалиёти «Нелегал - 2018» дар вилояти Хатлон

    Хадамоти шиносномавию бақайдгирии Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон марҳилаи дуюми ....

    20.09.2018 15:46
  • Куштори набераи хурдсол аз ҷониби модаркалон

    Рӯзи 18-уми сентябри соли 2018, соати 16:30-дақиқа, аз назди ҷӯйбори ....

    20.09.2018 09:21
  • Арзу шикояти шаҳрвандон доир ба ҳолатҳои қаллобӣ

    Ба мақомоти корҳои дохилӣ марди 40-солаи сокини шаҳри Ҳисор муроҷиат ....

    20.09.2018 09:14
  • Чорабиниҳо ҷиҳати интизомнокӣ дар самти нақлиёт

    Мувофиқи нақша-чорабинии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷониби Раёсати ....

    19.09.2018 17:11
  • Ҷавобгӯ набудани талаботи таҳсил дар Коллеҷи рассомӣ

    Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки бо вуҷуди баргузории чорабиниҳои зиёди мақсаднок ....

    19.09.2018 13:43
  • Рейди шабона дар марказҳои бозиҳои компютерӣ

    Дар аксар маврид маҳз шабгардиву беҳудагардӣ, машғул шудан ба бозиҳои ....

    19.09.2018 13:36
  • Ошкор шудани 2 ҳодисаи куштори солҳои пеш

    Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия Р.М., ....

    19.09.2018 09:20
  • Оғози марҳилаи дуюми амалиёти «Нелегал - 2018»

    Мутобиқи қарори Шӯрои ҳамоҳангсозии мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунии Созмони аҳдномаи ....

    18.09.2018 10:47
  • Гирифтани маблағ бо роҳи қаллобӣ бо баҳонаи ҷудо намудани замин

    Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Рӯдакӣ бо ариза марди 35-солаи сокини ....

    18.09.2018 09:27
  • Ҳалокати марди 25-30-солаи шахсияташ номаълум дар садама

    17-уми сентябри соли 2018, тахминан соати 20:10-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи ....

    18.09.2018 09:25
  • 

    Гӯшаи эълон ва озмунҳо

  • 05.09.2018 09:56
  • Диққат!

    Бо мақсади таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ ва пешгирии садамаҳои ....

    27.08.2018 12:57
  • Муроҷиат ба мардум дар рӯзи Иди саиди Қурбон

    Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи ....

    20.08.2018 10:55
  • Ҳамкорӣ бо РМЗҶМ ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон: таъсиси қабули «муроҷиати электронӣ» ....

    Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ....

    14.08.2018 16:49
  • Эълони озмун барои қабули омӯзгорони ботаҷрибаи фанҳои дақиқ ва гуманитарӣ

    Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади қабули омӯзгорони ботаҷрибаи ....

    09.08.2018 16:55
  • Мизи мудаввари ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Баланд бардоштани иқтидори ҳамкории милитсия ....

    Рӯзи 3-августи соли 2018 дар толори маҷлисгоҳи Вазорати корҳои дохилӣ ....

    01.08.2018 09:42
  • Нигористон

    Табиат

    Ҷаҳони имрӯз

    Дар Дания қонун оид ба манъи дар ҷойҳои ҷамъиятӣ пӯшидани либосе, ки рӯйро мепӯшонад, аз ҷумла либоси мусулмонӣ барои занон, ба қувваи қонунӣ даромад, итттилоъ медиҳад ҳафтаномаи даниягии Jyllands-Posten. Дар зери «ҷойҳои ҷамъиятӣ» дар қонун нақлиёти ҷамъиятӣ, муассисаҳои таҳсилотӣ, идораҳои давлатӣ ва беморхонаҳо дар назар дошта шудааст. Қонунвайронкунандагонро ҷарима дар ҳаҷми як ҳазор крони даниягӣ (134 евро) ва барои «ритсидивистҳо» (якчанд бор такрор кардани ҷиноят), ки қонунро чор маротиба вайрон мекунанд, ....>>>

    

    Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!Ҳамватанони азиз! Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо вуҷуди тағйирёбии вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва амниятии ҷаҳон, дар роҳи пешрафти бемайлони иқтисодӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва ба ин васила таъмин намудани зиндагии шоистаи аҳолӣ бо қадамҳои устувор пеш меравад. Аммо вақтҳои охир дар ҷаҳон раванди бартариҷӯӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, пайдоиши нишонаҳои марҳалаи нави “ҷанги сард” боиси нигаронӣ гардидааст. Соли ҷорӣ дар гӯшаҳои гуногуни олам нооромиву низоъҳо идома ёфта, барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун айёми душвору пуртазод эътироф гардид. Дар ин давра зиёда аз сад давлати дунё мавриди ҳамлаҳои ғайриинсонии террористон ва ифротгароён қарор гирифт. Воқеият чунин аст, ки ҷуғрофияи нооромиҳо торафт доман паҳн намуда, таҳдиду хатарҳои глобалӣ имрӯз ба асосҳои бунёдии тартибу низоми ҷаҳонӣ ва усулҳои муносиботи байналмилалӣ таъсиргузор мебошанд. Идомаи минбаъдаи ин ҳолат ....>>>

    © 2018 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
    Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
    Яндекс.Метрика