Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон


Таъмини амнияти озуқавории мамлакат яке аз ҳадафҳои стратегии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад

144

Хадамоти давлатии «Муҳофиза»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ, оид ба таъмини амнияти озуқавории мамлакат, ки яке аз ҳадафҳои стратегии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад, корҳои зиёдеро ба нақша гирифта, марҳила ба марҳила амалӣ намуда истодааст. Аз ҷумла барои амалӣ намудани ҳадафи стратегии мазкур, Хадамот дар зарфи вақти хеле кӯтоҳ, яъне дар муддати ҳамагӣ як сол, бе мавҷудияти заминаи аввалияи моддиву молӣ, аз ҳисоби даромадҳои молиявиаш дар ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон фермаи парвариши чорвои калони шохдор ва хоҷагии ёрирасонро оид ба кишти хӯроки чорво ташкил намудааст. 

145

Айни замон дар фермаи мазкур 54 сар чорвои калон парвариш гардида, дар мавсими тирамоҳу зимистони имсола шумораи он то 7 сар зиёд карда шуд, вале имкониятҳои нигоҳдориву парвариш дар ин ферма васеътар буда, дар як вақт метавон зиёда аз 150 сар чорвои калони шохдорро нигоҳдорӣ ва парвариш намуд, ки зиёдкунии насли чорво дар фермаи мазкур то ба 150 сар ба нақша гирифта, дар солҳои наздик амалӣ карда хоҳад шуд.
Ҳамчунин дар назди Хадамоти мазкур хоҷагии ёрирасон, ки дорои заминҳои кишти хӯроки чорво мебошад, таъсис дода шуда, он дар мавсими кишту кори баҳорӣ коркард гардида, ҳосили ба дастомада, барои сипарӣ намудани мавсими зимистони соли оянда захира карда мешавад.
Ҳадаф аз таъсиси чунин як ферма аз тарафи Хадамоти зикргардида, ин саҳмгузор будан дар таъмини амнияти озуқавории кишвар мебошад. Танҳо бо зиёд намудани истеҳсолоти дохилӣ метавон дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат саҳмгузор буд.
Саидмуродов Далер, нозири калони гурӯҳи матбуотии

Хадамоти давлатии «Муҳофиза»-и ВКД, капитани милитсия




Рӯйдодҳо

  • 11.12.2018 10:06
  • Дарёфти намудҳои гуногуни маводҳои тарфгарӣ

    Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони ШВКД дар шаҳри Конибодом зани ....

    11.12.2018 08:43
  • Садамаи марговар дар ҷамоати деҳоти Такфони ноҳияи Айнӣ

    Рӯзи 10-уми декабри соли 2018, тахминан соати 09:45-дақиқа, ронандаи автомашинаи ....

    11.12.2018 08:39
  • Васеъ намудани хоҷагии моҳипарварӣ дар Суғд

    Тавре қаблан иттило дода будем, дар хоҷагии ёрирасони МКД дар ....

    10.12.2018 16:56
  • Мусодираи шумораи зиёди маводҳои тарфгарӣ

    Мувофиқи қонунгузории кишвар воридот ва мавриди истифода қарор додани маводҳои ....

    10.12.2018 16:19
  • Саҳми кормандони милитсия дар корҳои созандагӣ

    Дар партави сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ, Пешвои миллат, ....

    10.12.2018 13:41
  • Омодагиҳо ба давраи зимистонгузаронӣ

    Роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ ба масъалаи омодагии мақомоти корҳои дохилӣ ....

    10.12.2018 13:27
  • Вохӯриҳои судманди байниидоравӣ

    Баргузории ҳама гуна вохӯриву сӯҳбатҳо ва чорабиниву конфронсҳои илмиву амалӣ ....

    10.12.2018 11:49
  • Омодагии ҷавонони фаъоли шаҳри Конибодом барои ҳамкорӣ бо милитсия

    Бо ибтикори гурӯҳи пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони ШВКД ....

    10.12.2018 11:37
  • Тақаллубкорӣ ба хотири тиҷорат

    Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия, марди 50-солаи ....

    10.12.2018 09:57
  • 

    Гӯшаи эълон ва озмунҳо

  • Эълон !

    Бо мақсади пешгирӣ намудани ҳодисаҳои роҳу нақлиёт, баланд бардоштани ҳолати ....

    10.12.2018 11:19
  • Эълон!!!

    Раёсати БДА ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷӯҳи шаҳрвандон мерасонад, ки ....

    30.11.2018 15:55
  • Эълони Озмуни ҷумҳуриявии расми беҳтарини кӯдакона

    Озмуни ҷумҳуриявии расми беҳтарини кӯдакона дар мавзӯи бехатарии ҳаракат дар ....

    24.11.2018 09:40
  • Эълон!

    Шуъбаи бозрасии давлатии автомобилии РВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ....

    25.09.2018 14:20
  • 05.09.2018 09:56
  • Диққат!

    Бо мақсади таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ ва пешгирии садамаҳои ....

    27.08.2018 12:57
  • Нигористон

    Табиат

    Ҷаҳони имрӯз

    Дар Дания қонун оид ба манъи дар ҷойҳои ҷамъиятӣ пӯшидани либосе, ки рӯйро мепӯшонад, аз ҷумла либоси мусулмонӣ барои занон, ба қувваи қонунӣ даромад, итттилоъ медиҳад ҳафтаномаи даниягии Jyllands-Posten. Дар зери «ҷойҳои ҷамъиятӣ» дар қонун нақлиёти ҷамъиятӣ, муассисаҳои таҳсилотӣ, идораҳои давлатӣ ва беморхонаҳо дар назар дошта шудааст. Қонунвайронкунандагонро ҷарима дар ҳаҷми як ҳазор крони даниягӣ (134 евро) ва барои «ритсидивистҳо» (якчанд бор такрор кардани ҷиноят), ки қонунро чор маротиба вайрон мекунанд, ....>>>

    

    Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!Ҳамватанони азиз! Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо вуҷуди тағйирёбии вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва амниятии ҷаҳон, дар роҳи пешрафти бемайлони иқтисодӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва ба ин васила таъмин намудани зиндагии шоистаи аҳолӣ бо қадамҳои устувор пеш меравад. Аммо вақтҳои охир дар ҷаҳон раванди бартариҷӯӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, пайдоиши нишонаҳои марҳалаи нави “ҷанги сард” боиси нигаронӣ гардидааст. Соли ҷорӣ дар гӯшаҳои гуногуни олам нооромиву низоъҳо идома ёфта, барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун айёми душвору пуртазод эътироф гардид. Дар ин давра зиёда аз сад давлати дунё мавриди ҳамлаҳои ғайриинсонии террористон ва ифротгароён қарор гирифт. Воқеият чунин аст, ки ҷуғрофияи нооромиҳо торафт доман паҳн намуда, таҳдиду хатарҳои глобалӣ имрӯз ба асосҳои бунёдии тартибу низоми ҷаҳонӣ ва усулҳои муносиботи байналмилалӣ таъсиргузор мебошанд. Идомаи минбаъдаи ин ҳолат ....>>>

    Qonuno

    © 2018 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
    Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
    Яндекс.Метрика