Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштироки фаъоли донишҷӯён дар чорабинии фарҳангӣ ва вохӯрии кормандони милитсия бо хонандагони мактабҳо

 168

Ба муносибати эълон гардидани соли 2018 ҳамчун «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» рӯзи 13 феврал бо ташаббуси Вазорати корҳои дохилӣ ва Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пойтахт маҳфили бошукӯҳи идона баргузор гардид, ки дар он маъмурият ва устодону донишҷӯёни Литсейи касбии техникии сохтмонӣ, Литсейи касбии роҳи оҳан ва Литсейи касбии политехникии шаҳри Душанбе иштирок намуданд.

169

Дар ин ҷамъомади тантанавӣ, ки бо иштироки масъулини Вазорати корҳои дохилӣ, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ва муассисаҳои таълимии номбурда доир гардид, сардори Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони ВКД полковники милитсия Фаттозода Абдусаттор Абдуқаҳҳор дар назди ҳозирин баромад намуда, изҳор дошт, ки дар Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2018 ҳамчун «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардид, ки чорабинии имрӯзаи мо бо мақсади муаррифии шоистаи имкониятҳои сайёҳии мамлакат, фарҳангу анъанаҳо ва ҳунарҳои мардумиамон гузаронида мешавад.

170171

Тавре мавсуф зикр намуд, таҳти сиёсати хирадмандонаи Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, чун дигар мақомоту идораҳои давлатӣ, Вазорати корҳои дохилӣ низ дар ҳамкорӣ бо вазорату кумитаҳои дахлдор бо ҷалби шумораи зиёди ҷавонони фаъоли кишвар, хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таълимӣ чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ-фароғатиро пайваста роҳандозӣ менамояд.
Баргузории ин гуна ҷамъомадҳо, ки пеш аз ҳама бо мақсади ташвиқи тарзи ҳаёти солим миёни ҷавонон, пешгирии омилҳои номатлуб дар байни онҳо ва бо роҳи тарғиби музаффариятҳои Ватани азизамон, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ ба даст омадаанд, ҳарчи бештар ҷалб сохтани намояндагони ин қишри фаъоли ҷомеа ба корҳои фоидаовар доир карда мешаванд, барои наврасону ҷавонон хеле муфид мебошанд.
Дар идомаи чорабинӣ, ҳамчунин сардори Раёсати таҳсилоти ибтидоӣ-касбӣ ва таълимии калонсолони Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҷумҳурӣ Г.Раҷабалӣ ва масъулини дигар идораҳо баромад намуда, аз баргузории чорабиниҳои гуногун дар доираи «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» дар муассисаҳои таълимӣ изҳори хушҳолӣ намуданд.
Дар доираи ин маҳфили идона, инчунин озмуни варзишӣ аз намудҳои шашкаву тенниси рӯйи миз ва викторинаи саволу ҷавобҳо оид ба ихтисоси «Челонгари таъмири автомобил» миёни муассисаҳои таълимии касбии шаҳри Душанбе гузаронида шуда, дар саҳни таълимгоҳ бошад, намоиши ҳунарҳои мардумӣ байни литсейҳои касбии техникии пойтахт баргузор гардид.
Мавриди зикр аст, ки имрӯз, инчунин дар доираи ҳамкориҳои мутақобилан судманди Вазорати корҳои дохилӣ бо Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №43-и ноҳияи Синои пойтахт вохӯрӣ бо хонандагони мактабҳои миёнаи ин ноҳия доир гардид. Масъулини Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони ВКД ва РВКД дар шаҳри Душанбе дар ҷамъомади мазкур доир ба ҳолатҳои қонуншиканӣ, даст ба ҷиноят задани насли наврас, бо телефонҳои мобилӣ ба дарс омадани хонандагон, бемасъулиятии баъзе волидон нисбати таълиму тарбияи фарзандон, пурзӯр намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ бо муҳассилини душвортарбия ва ҷалб намудани онҳо ба корҳои фоиданоки ҷамъиятӣ изҳори андеша карданд.

172173

Ҳамчунин, ширкаткунандагони ин нишаст оид ба масъалаҳои марбут ба шаҳрдорӣ, аз ҷумла тозаю озода нигоҳ доштани ҳудуди биноҳои таълимгоҳҳо, самараноку сарфакорона истифода бурдани обу барқ ва дигар мавзӯъҳои вобаста ба маърифати шаҳрнишиниву фарҳанги либоспӯшӣ низ табодули афкор намуданд.
Абдулло ШОЕВ,
Тоҷиддин ЛАТИПОВ




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!Ҳамватанони азиз! Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо вуҷуди тағйирёбии вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва амниятии ҷаҳон, дар роҳи пешрафти бемайлони иқтисодӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва ба ин васила таъмин намудани зиндагии шоистаи аҳолӣ бо қадамҳои устувор пеш меравад. Аммо вақтҳои охир дар ҷаҳон раванди бартариҷӯӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, пайдоиши нишонаҳои марҳалаи нави “ҷанги сард” боиси нигаронӣ гардидааст. Соли ҷорӣ дар гӯшаҳои гуногуни олам нооромиву низоъҳо идома ёфта, барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун айёми душвору пуртазод эътироф гардид. Дар ин давра зиёда аз сад давлати дунё мавриди ҳамлаҳои ғайриинсонии террористон ва ифротгароён қарор гирифт. Воқеият чунин аст, ки ҷуғрофияи нооромиҳо торафт доман паҳн намуда, таҳдиду хатарҳои глобалӣ имрӯз ба асосҳои бунёдии тартибу низоми ҷаҳонӣ ва усулҳои муносиботи байналмилалӣ таъсиргузор мебошанд. Идомаи минбаъдаи ин ҳолат ....>>>

Барномаи ислоҳоти милитсия


Барномаи ислоҳоти (рушди) милитсия барои солҳои 2014-2020 (минбаъд - Барнома) ҳуҷҷати асосии барномавии миёнамўҳлат буда, мақсадҳои стратегӣ, вазифа ва самтҳои асосии ислоҳоти (рушди) милитсияро муайян менамояд. Барнома дар асоси моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон   Муфассал >>>

Низомномаи Шӯрои ҷамъиятӣ

Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Шӯрои ҷамъиятӣ) мақомоти ҷамъиятии машваратӣ - мушоҳидавӣ буда, бо мақсади ташкил ва таъмин
  Муфассал >>>

Стратегия


Стратегияи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2013 - 2020 (минбаъд - Стратегия) ба меъёрҳои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, ҳадафҳо, афзалият ва тадбирҳоро оид ба ислоҳот ва рушди милитсия муайян намуда, амалҳоеро, ки Ҳукумати Муфассал >>>

Кодекси одоби касбии корманди милитсия


Кодекси одоби касбии корманди милитсия ин маҷмӯи қоидаҳои рафтори корманди милитсия мебошад, ки бо мақсади муқаррар намудани қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматии корманди милитсия (минбаъд корманд), мусоидат намудан, ҷиҳати баланд  Муфассал >>>

Кодекси одоби касбии корманди милитсия ин маҷмӯи қоидаҳои рафтори корманди милитсия мебошад, ки бо мақсади муқаррар намудани қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматии корманди милитсия (минбаъд корманд), мусоидат намудан, ҷиҳати баланд бардоштани обрӯ ва эътибори корманд, боварии шаҳрвандон ба мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини меъёрҳои ягонаи рафтори корманд қабул карда шудааст

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи политсия»

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи политсия» аз ҷониби Гурӯҳи кории дохилиидоравӣ бо ҷалби коршиносони дохиливу хориҷӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, олимони соҳаи ҳуқуқ ва кормандони амалии  Муфассал >>>

Кофтуков


© 2018 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад