Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии мамлакат дар баробари дигар самтҳо, ба масъалаи ҷавонон низ дахл намуда, чунин изҳор доштанд:
«Ғамхории Ҳукумат нисбат ба ҷавонон танҳо бо соли ҷавонон маҳдуд намешавад. Баръакс, ҳалли масъалаҳои вобаста ба наврасону ҷавонон минбаъд низ самти муҳимтарини фаъолияти мо хоҳад буд».
Воқеан, масъалаи ҷавонон ба таълиму тарбия фаро гирифтани онҳо, инчунин муҳайё намудани шароитҳои хуби кору зиндагӣ ва таҳсил барои ин қишри фаъоли ҷомеа аз самтҳои муҳими фаъолияти Ҳукумати кишвар ба ҳисоб меравад.
Ҳамин аст, ки дар доираи ин сиёсати созанда вазорату идораҳои гуногуни давлатӣ низ ба масъалаи мазкур таваҷҷуҳи зарурӣ дода, вобаста ба ҷалби бештари ҷавонон ба ҳаёти солим ва тарғиби илму донишҳои замон миёни онҳо ҷаҳду талош менамоянд. Дар ин радиф, Вазорати корҳои дохилӣ низ аз худ ташаббус нишон дода, дар давоми соли 2017, ки аз ҷониби Пешвои миллат «Соли ҷавонон» эълон гардида буд, чандин конфронсу семинарҳо ва чорабиниҳои гуногуни фарҳагию фароғатӣ гузаронидааст.
Бо ташаббуси Вазорати корҳои дохилӣ 9-уми феврали соли равон, дар ноҳияи Рӯдакӣ бо иштироки доираи васеи ҷавонони фаъоли кишвар чунин як чорабинии бошукӯҳ баргузор гардид. Дар навбати аввал, гурӯҳи ҷавонони фаъол бо роҳбаладии масъулину намоянадгони Ҳукумати ноҳияи Рӯдакӣ, Вазорати корҳои дохилӣ ва дигар мақомоти дахлдор гулбоғи «Баҳорнистон»ро тамошо намуда, аз осорхони таърихӣ-кишваршиносии ба номи Абдукарими Қурбон, ки бозгӯи таърихи қадимӣ доштани ин ноҳияи калонтарини ҷумҳурӣ мебошад, боздид ба амал оварданд.
Сипас намояндагони ҷавонони кишвар ва аъзои «Авангард», аз намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ ва китобу мусаввараҳои ҷолиб, ки ба муносибати эълон гардидани соли 2018 ҳамчун «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» дар ноҳияи Рӯдакӣ доир гардид, дидан намуданд.
Дар идомаи чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ, дар Қасри фарҳанги ноҳияи мазкур ҷамъомади бошукӯх баргузор гардид. Маҳфили идонаро муовини раиси ноҳияи Рӯдакӣ Фирӯза Камолзода бо сухани ифтитоҳӣ ҳусни оғоз бахшида, аз тадбирҳои андешидаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҷавонон ёдовар шуд. Мавсуф зимни баромадаш ташаббусҳои дигар мақомоту идораҳои давлатӣ, хусусан иқдоми ибтикороти навбатиии Вазорати корҳои дохилиро дар масъалаи дастгирии ҷавонон шоистаи таҳсин номида, изҳор дошт, ки дар самти тарғиби ҳаёти солим миёни ноболиғону ҷавонон мақомоти корҳои дохилӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии маҳаллӣ, алахусус бо Ҳукумати ноҳияи Рӯдакӣ ҳамкории наздик дошта, вобаста ба ин мавзӯи рӯзмарра чандин чорабиниҳои муштарак гузарониданд, ки маҳфили имрӯза далели ин гуфтаҳо мебошад.
Дар идомаи ҷамъомад инчунин раиси шӯрои кӯҳансолони Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Ғайбулло Афзалов, сардори Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони Вазорати корҳои дохилӣ полковники милитсия Фаттозода Абдусаттор Абдуқаҳҳор, намоянадагони як қатор ташкилоту идораҳо ва ҷавонони фаъол баромад намуда, аз дастгириҳои рӯзафзуни Ҳукумати мамлакат нисбати ҷавонон ёдовар шуда, зикр намуданд, ки маҳз натиҷаи ҳамин гуна ғамхориҳои давлат аст, ки таи солҳои охир хонандагону донишҷӯёни тоҷик дар бисёре аз озмуну олимпиадаҳои байналмилалӣ ҷойҳои намоёнро ишғол намуда, дар мусобиқаҳои сатҳи гуногун соҳиби мақоми баланд гардиданд.
Аз ҷумла, варзишгарони моҳири кишвар, ки ҷавонон ба ҳисоб мераванд, дар ин гуна чорабиниҳои варзишии ҷаҳонӣ борҳо парчами ҷумҳурии соҳибистиқлоламонро дар арсаи байналмилалӣ баланд бардоштаанд.
Дар ҷараёни чорабинии бошукӯҳ ба раиси ноҳияи Рӯдакӣ Муҳаммадраҳим Юсуфӣ аз номи Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро «Сипоснома»-и Вазорати корҳои дохилӣ супорида шуда, ҳамчунин чанде аз ҷавонони фаъоли кишвар низ бо Сипосномаву Раҳматнома ва Ифтихорномаву дигар туҳфаҳои таъсисдодаи Вазорати корҳои дохилӣ қадрдонӣ карда шуданд.
Барномаи консертии ҳунармандони санъати тоҷик анҷомбахши ин маҳфили идона гардид.
Абдулло Шоев, нозири калони гурӯхи матбуотии
ХПҲНҶ ВКД.
Рӯзи 22-юми феврали соли 2019 дар толори маҷлисгоҳи Вазорати корҳои ....
Ба ШВКД дар ноҳияи Данғара бо ариза марди 37-солаи сокини ....
Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансур аризаи марди 53-солаи сокини ноҳияи ....
Зимни доир намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия зани ....
Рӯзи 21-уми феврали соли 2019, тахминан соатҳои 18:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи ....
Аз ҷониби кормандони Шуъбаи БДА Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ....
Мақомоти милитсияи пойтахт ҷиҳати таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, пешгирии амалу кирдорҳои ....
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 27-солаи ....
Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Сино бо ариза марди 61-солаи сокини ....
Артиши миллӣ дар Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамчун такягоҳи асосии давлат ....
Рӯзи 12-уми марти соли 2019, соати 10:00, бо ташаббуси Вазорати ....
Бо мақсади баланд бардоштани интизоми иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ, махсусан ....
14-уми феврали соли 2019, соати 11:00-дақиқа, дар Вазорати корҳои дохилӣ ....
Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ....
Аз 25-уми январ то 28-уми феврали соли 2019, мусобиқаҳои кушоди ....
Раёсати БДА ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ба диққати ронандагони воситаҳои нақлиёт ....
Дар Дания қонун оид ба манъи дар ҷойҳои ҷамъиятӣ пӯшидани либосе, ки рӯйро мепӯшонад, аз ҷумла либоси мусулмонӣ барои занон, ба қувваи қонунӣ даромад, итттилоъ медиҳад ҳафтаномаи даниягии Jyllands-Posten. Дар зери «ҷойҳои ҷамъиятӣ» дар қонун нақлиёти ҷамъиятӣ, муассисаҳои таҳсилотӣ, идораҳои давлатӣ ва беморхонаҳо дар назар дошта шудааст. Қонунвайронкунандагонро ҷарима дар ҳаҷми як ҳазор крони даниягӣ (134 евро) ва барои «ритсидивистҳо» (якчанд бор такрор кардани ҷиноят), ки қонунро чор маротиба вайрон мекунанд, ....>>>
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>