Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон


Миёни милитсия ва ҷомеа бояд робитаи доимӣ таъмин бошад!

99

Дар вохӯрие, ки рӯзи 7-уми феврал дар маҷлисгоҳи Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе оид ба муаррифии натоиҷи «Нақшаҳои профилактикӣ доир ба масъалаҳои бехатарии ҷомеаҳои мақсаднок» доир гардид, Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсияи ВКД генерал-майори милитсия Фарҳодбек Шодмонзода, сардори РВКД дар шаҳри Душанбе генерал-майори милитсия Назарзода Шариф Раҳмон, мушовири калони Дастгоҳи Вазири корҳои дохилӣ полковники милитсия Қудратулло Ғуломов, муовини раиси Шӯрои ҷамъиятии назди РВКД дар шаҳри Душанбе Неъматулло Билолов, намояндагони ташкилоти байналмилалии «Дунёи бехатар», воситаҳои ахбори омма ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии маҳаллии ноҳияҳои шаҳри Душанбе иштирок намуданд.
Дар вохӯрӣ нахуст сардори РВКД дар шаҳри Душанбе генерал-майори милитсия Назарзода Шариф Раҳмон суханронӣ намуда, қайд кард, ки мақсад аз ташкил намудани Шӯрои ҷамъиятӣ таъмини ҳамкории пайвастаи мақомоти корҳои дохилӣ бо мардум мебошад, ки ин раванд ба афзудани боварии ҷомеа нисбати ин мақомоти бонуфузи давлатӣ мусоидат менамояд. Ҷомеа бояд ҳамеша бо мақомоти милитсия робитаи наздик дошта бошад. Имрӯз ҳамагон шоҳиди он ҳастем, ки бо дастгирии бевоситаи роҳбарияти олии кишвар ва Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ пойтахти Ватани мо - шаҳри Душанбе, рӯз то рӯз ободу зеботар гардида истодааст. Ҳамаи ин ғамхориҳо мо - кормандони мақомоти милитсияро ба он водор месозад, ки бояд баҳри ҳифзи тартибу низом дар ҳудуди пойтахт ҳамеша бо шаҳрвандон дар робитаи наздик қарор дошта бошем.

100

- Милитсияи пойтахт имрӯзҳо мавриди таваҷҷуҳу ғамхориҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе қарор дошта, он аз ҷониби Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ҳамаҷониба дастгирӣ меёбад, ки ин ҳама боиси дар байни мардум баланд гардидани нуфузу мартабаи мақомоти мазкур шудааст. Вақте ки чунин аст, пас мо бояд ҳамеша ҷаҳду талош намоем, ки ба ин боварӣ сазовор бошем, - иброз намуд дар охири суханронии худ Ш. Назарзода.
Дар идомаи вохӯрӣ, ҳамчунин Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсияи ВКД генерал-майори милитсия Фарҳодбек Шодмонзода баромад намуда, дар баробари корҳои анҷомдода, ҳамзамон аз сафари кории худ ба Ирландияи Шимолӣ ёдовар шуд. Тавре ӯ иброз намуд, мақсад аз ин сафар омӯзиши таҷрибаи ин кишвари мустамликавӣ дар роҳи ворид намудани ислоҳот ба мақомоти корҳои дохилии он буд. Зеро Ирландияи Шимолӣ низ чун Тоҷикистон ҷанги шаҳрвандиро аз сар гузаронидааст.
- Тавре мо зимни ин сафари омӯзишӣ мушоҳида намудем, бо шарофати ворид намудани ислоҳот ба мақомоти политсияи ин кишвари аврупоӣ, он тавонист дар давраи 30 соли баъдиҷангӣ бо фаъолиятҳои назарраси худ сазовори боварию эътимоди мардуми ин давлат бигардад. Имрӯз ҷомеаи ин кишвар тинҷу ором буда, мардумаш бо политсия дар робитаи наздику доимӣ қарор доранд. Омӯзиш ва дар амал татбиқ намудани ин таҷрибаи Ирландияи Шимолӣ барои Тоҷикистон, аз ҷумла барои мақомоти корҳои дохилии кишвари мо хеле зарур аст, - гуфт Ф. Шодмонзода.

101

Дар идомаи чорабинӣ, инчунин муовини раиси Шӯрои ҷамъиятии назди РВКД дар шаҳри Душанбе Неъматулло Билолов ва узви Шӯрои мазкур Гулпарӣ Латипова оид ба фаъолияти кории ин созмони ҷамъиятӣ ибрози андеша карданд.
Мушовири калони Дастгоҳи Вазири корҳои дохилӣ полковники милитсия Қудратулло Ғуломов дар баромади худ оид ба кори Шӯро ҳисобот дода, доир ба фаъолияти телефонҳои боварии мақомот ва дигар корҳое, ки дар самти наздик намудани робита миёни милитсия ва ҷомеа тайи солҳои охир амалӣ гардидаанд, маълумот дод.
Дар интиҳои ин ҷамъомади судманд миёни иштирокчиёни он табодули афкор сурат гирифта, пешниҳод гардид, ки Шӯроҳои ҷамъиятие, ки дар назди ҳар як ШВКД фаъолият менамоянд, бояд бо ҳуҷраҳои корӣ таъмин бошанд.

София ШОИКОВА




Рӯйдодҳо

  • Пахши пиёдагарди ноболиғ дар шаҳри Исфара

    Рӯзи 16-уми ноябри соли 2018, тахминан соати 16:20-дақиқа, ронандаи автомашинаи ....

    17.11.2018 09:16
  • Роғун шараф аст!

    Имрӯз (16.11.с.2016), ҳайати шахсии Вазорати корҳои дохилӣ дар толори калони ....

    16.11.2018 16:47
  • Чорабинӣ бахшида ба «Рӯзи Президент» ва кушодашавии чархи аввали иншооти ....

    Рӯзи 16-уми ноябри соли 2018 дар маҷлисгоҳи Раёсати ВКД дар ....

    16.11.2018 16:09
  • Дарёфти зиёда аз 3 кило “Симоб” аз ҷониби кормандони милитсия

    Зимни доир намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия марди 54-солаи сокини ....

    16.11.2018 09:51
  • Худро бардурӯғ “корманди милитсия” муаррифӣ намудани тамаъҷӯ

    Ба ШВКД дар ноҳияи Фирдавӣ марди 40-солаи сокини ноҳияи Варзоб ....

    16.11.2018 09:49
  • Ваъдахилофӣ намудани қарздорон

    Ба мақомоти корҳои дохилӣ дар ноҳияи Шоҳмансур марди 38-солаи сокини ....

    16.11.2018 09:47
  • Таҷлили «Рӯзи Президент» дар РВКД вилояти Хатлон

    Рӯзи 14-уми ноябри соли 2018 бахшида ба «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии ....

    16.11.2018 09:12
  • Ташрифи ҳамватанони бурунмарзӣ ба Академияи ВКД

    Дар доираи ботантана кушодашавии агрегати якуми НБО - «Роғун» гурӯҳи ....

    15.11.2018 15:51
  • Иқдоми навбатӣ дар самти ба низом даровардани нақлиёти ҷамъиятӣ: кормандони ....

    Дар доираи иҷроиши дастуру супоришҳо ва Қарори Раиси шаҳри Душанбе ....

    15.11.2018 11:43
  • Дастгир намудани ғоратгар аз ҷониби кормандони милитсия

    Ба ШВКД дар ноҳияи Шаҳритус бо ариза зани 30-солаи сокини ....

    15.11.2018 08:52
  • 

    Гӯшаи эълон ва озмунҳо

  • Эълон!

    Шуъбаи бозрасии давлатии автомобилии РВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ....

    25.09.2018 14:20
  • 05.09.2018 09:56
  • Диққат!

    Бо мақсади таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ ва пешгирии садамаҳои ....

    27.08.2018 12:57
  • Муроҷиат ба мардум дар рӯзи Иди саиди Қурбон

    Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи ....

    20.08.2018 10:55
  • Ҳамкорӣ бо РМЗҶМ ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон: таъсиси қабули «муроҷиати электронӣ» ....

    Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ....

    14.08.2018 16:49
  • Эълони озмун барои қабули омӯзгорони ботаҷрибаи фанҳои дақиқ ва гуманитарӣ

    Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади қабули омӯзгорони ботаҷрибаи ....

    09.08.2018 16:55
  • Нигористон

    Табиат

    Ҷаҳони имрӯз

    Дар Дания қонун оид ба манъи дар ҷойҳои ҷамъиятӣ пӯшидани либосе, ки рӯйро мепӯшонад, аз ҷумла либоси мусулмонӣ барои занон, ба қувваи қонунӣ даромад, итттилоъ медиҳад ҳафтаномаи даниягии Jyllands-Posten. Дар зери «ҷойҳои ҷамъиятӣ» дар қонун нақлиёти ҷамъиятӣ, муассисаҳои таҳсилотӣ, идораҳои давлатӣ ва беморхонаҳо дар назар дошта шудааст. Қонунвайронкунандагонро ҷарима дар ҳаҷми як ҳазор крони даниягӣ (134 евро) ва барои «ритсидивистҳо» (якчанд бор такрор кардани ҷиноят), ки қонунро чор маротиба вайрон мекунанд, ....>>>

    

    Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!Ҳамватанони азиз! Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо вуҷуди тағйирёбии вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва амниятии ҷаҳон, дар роҳи пешрафти бемайлони иқтисодӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва ба ин васила таъмин намудани зиндагии шоистаи аҳолӣ бо қадамҳои устувор пеш меравад. Аммо вақтҳои охир дар ҷаҳон раванди бартариҷӯӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, пайдоиши нишонаҳои марҳалаи нави “ҷанги сард” боиси нигаронӣ гардидааст. Соли ҷорӣ дар гӯшаҳои гуногуни олам нооромиву низоъҳо идома ёфта, барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун айёми душвору пуртазод эътироф гардид. Дар ин давра зиёда аз сад давлати дунё мавриди ҳамлаҳои ғайриинсонии террористон ва ифротгароён қарор гирифт. Воқеият чунин аст, ки ҷуғрофияи нооромиҳо торафт доман паҳн намуда, таҳдиду хатарҳои глобалӣ имрӯз ба асосҳои бунёдии тартибу низоми ҷаҳонӣ ва усулҳои муносиботи байналмилалӣ таъсиргузор мебошанд. Идомаи минбаъдаи ин ҳолат ....>>>

    Qonun

    © 2018 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
    Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
    Яндекс.Метрика