Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон


Боздиди хонандагони муассисаҳои таълимӣ аз Академияи ВКД

Рӯз 6-уми декабри соли 2017, тибқи нақша-чорабиниҳои тасдиқнамудаи ВКД дар якҷоягӣ бо Вазорати маориф ва илм, ҷиҳати пешгирии ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ аз ҷониби хонандагони муассисаҳои таълимӣ ва муноқишаҳои байнимактабӣ, шомил нагардидан ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, тарбияи онҳо дар руҳияи ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии рақамҳои 1, 4, 6 ва 7-и пойтахт барои боздид ва шиносоӣ аз рафти донишомӯзӣ ва шароитҳои азхуднамоии барномаҳои таълимӣ ба муносибати «Соли ҷавонон» ба Академияи ВКД даъват гардиданд.
Хонандагони муассисаҳои номбурдаро омӯзгорони Академияи ВКД бо руҳияи болида пешвоз гирифта, бо роҳбаладии хеш онҳоро бо китобхони Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, синфхонаи махсуси криминалистика, бехатарӣ аз сӯхтор ва ронандагӣ аз наздик ошно намуданд. Илова бар ин баҳри пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳо дар байни ҷавонону ноболиғон, ба хонандагони мусасисаиҳои зикргардида видеороликҳои хусусияти тарбиявидошта нишон дода шуд.

Мавриди зикр аст, ки бинои нави Академияи ВКД соли равон аз ҷониби Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арафаи истиқлолияти давлатӣ бо тамоми шароитҳои замонавӣ муҷаҳҳаз мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Зимни суҳбат бо хонандагони муассисаҳои таълимӣ дар маҷлисгоҳи Академия, муовини сардори Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони ВКД полковники милитсия Ҷумъахонзода Зебо изҳор дошт, ки мақсад аз ҷалби хонандагон барои боздид аз бинои мазкур пеш аз ҳама пешгирии ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон ва ҷавонон ва ҷалб намудани таваҷҷуҳи онҳо ба фанҳои ҳуқуқшиносӣ мебошад.

Хонандагон баъди боздид аз шароитҳои Академияи ВКД ва суҳбати ошкоро бо кормандони милитсия ба роҳбарияти ВКД изҳори сипос ва миннатдорӣ баён намуданд.
Абдулло Шоев, Дилшод Холов.




Рӯйдодҳо

  • Талошҳои кормандон ХДО баҳри ҳифз ва ҳимояи молу мулк аз ....

    Баҳри татбиқи саривақтии талаботи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 ....

    23.07.2018 14:03
  • Расонидани ҷароҳати вазнин ба бародар

    Рӯзи 21-уми июли соли 2018, тахминан соати 15:50-дақиқа, марди 44-солаи ....

    23.07.2018 09:25
  • Муҳайё кардани шароит барои алоқаи ҷинсӣ ҷавобгарӣ дорад!

    Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия зани 36-солаи ....

    23.07.2018 09:20
  • Рабудани автомашина бидуни мақсади тасарруф

    Ба ШВКД дар шаҳри Бӯстон бо ариза марди 55-солаи сокини ....

    23.07.2018 09:19
  • Ҳалокати 1 ронанда, 2 мусофир ва 3 пиёдагард дар садамаҳои ....

    22-юми июли соли 2018, тахминан соати 13:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи ....

    23.07.2018 09:15
  • Ғорат намудани ҳамён ва телефони мобилӣ

    Ба ШВКД дар шаҳри Ҳисор марди 41-солаи сокини шаҳри мазкур ....

    21.07.2018 09:46
  • Аз худ намудани мағоза бо фиребгарӣ

    Ба ШВКД дар ноҳияи Фирдавсӣ марди 27-солаи сокини шаҳри Душанбе ....

    21.07.2018 09:41
  • Пиёдагард! Ҷони худро дар хатар нагузор!

    Бо таъмиру азнавсозии роҳҳои нақлиётгарди шаҳри Душанбе, шароити ҳамлу нақл ....

    20.07.2018 16:09
  • Авбошӣ ва вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ нишонаи маърифати паст аст!

    Ҳафтаи сипаришуда бо гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони ШВКД-2 дар ноҳияи ....

    20.07.2018 10:46
  • Содир намудани 20 лаҳзаи ҷинояти дуздӣ бо зарари 50 ....

    Бо шикастани тиреза аз дохили автомашина рабудани маблағҳои пулӣ, телефони ....

    20.07.2018 10:41
  • 

    Гӯшаи эълон ва озмунҳо

  • Озмунҳои «Забономӯзӣ», «Мақолаҳои беҳтарин» ва «Мутолиаи китобҳои бадеӣ»

    Вазорати корҳои дохилӣ озмунҳои «Забономӯзӣ», «Мақолаҳои беҳтарин» ва «Мутолиаи китобҳои ....

    10.07.2018 09:48
  • Эълон!

    Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки курсҳои кӯтоҳмуддати ....

    19.06.2018 16:11
  • Э Ъ Л О Н !!!

    Бо мақсади баланд бардоштани рушди зеҳнии наврасону ҷавонон, пешгирӣ аз ....

    18.06.2018 11:23
  • Эълон!!!

    Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи ....

    11.06.2018 17:06
  • Қабули шаҳрвандон аз ҷониби роҳбарияти Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои ....

    Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба самъи сокинони шаҳру ноҳияҳои ....

    05.06.2018 09:41
  • Рӯзи байналмилалии ҳифзи кудакон

    Рӯзи 1 июни соли 2018, соати 16:00, бахшида ба Рӯзи ....

    31.05.2018 21:25
  • Нигористон

    Табиат

    Ҷаҳони имрӯз

    Раисиҷумҳури Қазоқистон Нурсултон Назарбоев дар мулоқот бо рӯҳониён аз он ҷавонони қазоқ, ки риш мондаву шими почааш кӯтоҳ мепӯшанд, ва ҳам аз духтароне, ки ҳиҷоби сиёҳ ба тан мекунанд, ба шиддат интиқод кард ва гуфт, дар Қазоқистон ба ин бегонапарастӣ роҳ нахоҳад дод.Раисиҷумҳури Қазоқистон Нурсултон Назарбоев рӯзи 19 апрел дар мулоқот бо раҳбарони муфтиёт ва имом-хатибон ба масоили, ба ибораи ӯ, "бесаводии динии насли ҷавон” дахл кард ва гуфт, "бисёре ....>>>

    

    Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!Ҳамватанони азиз! Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо вуҷуди тағйирёбии вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва амниятии ҷаҳон, дар роҳи пешрафти бемайлони иқтисодӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва ба ин васила таъмин намудани зиндагии шоистаи аҳолӣ бо қадамҳои устувор пеш меравад. Аммо вақтҳои охир дар ҷаҳон раванди бартариҷӯӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, пайдоиши нишонаҳои марҳалаи нави “ҷанги сард” боиси нигаронӣ гардидааст. Соли ҷорӣ дар гӯшаҳои гуногуни олам нооромиву низоъҳо идома ёфта, барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун айёми душвору пуртазод эътироф гардид. Дар ин давра зиёда аз сад давлати дунё мавриди ҳамлаҳои ғайриинсонии террористон ва ифротгароён қарор гирифт. Воқеият чунин аст, ки ҷуғрофияи нооромиҳо торафт доман паҳн намуда, таҳдиду хатарҳои глобалӣ имрӯз ба асосҳои бунёдии тартибу низоми ҷаҳонӣ ва усулҳои муносиботи байналмилалӣ таъсиргузор мебошанд. Идомаи минбаъдаи ин ҳолат ....>>>

    Qonun

    © 2018 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
    Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
    Яндекс.Метрика