Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон


Сокинон «Маданияти шаҳрдорӣ»-ро дастгирӣ намуданд

Санаи 27-уми июли соли ҷорӣ дар толори маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо ташаббуси роҳбарияти ШВКД ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи мазкур, бо мақсади бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар самти риояи урфу одат, анъанаҳои миллӣ ва пушидани сару либоси миллӣ, мутобиқ будани симои шаҳрвандон бо ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият, ҷиҳати ба танзим даровардани тартиби пушидани сару либоси ягона дар бозорҳо, марказҳои савдо, корхонаҳо ва ташкилоту муассисаҳо, ронандагони нақлиёти ҷамъиятии мусофиркаш ва иҷрои ҳатмии Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ» бо сокинону масъулини ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, вохӯрии судманд баргузор гардид.

Вохӯрӣ бо иштироки муовини раиси ноҳия Хосият Неъматова, сардори Шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи мазкур полковники милитсия Назарзода Толиб Ҳаким, прокурори ноҳия, мушовири адлияи дараҷаи-1 Қосимзода Хайриддин, сардори Шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ полковник Ҷамолиддин Ҷабборов, раисони ҷамоатҳои деҳот, маҳал, шаҳрак, имомхатибону сокинон ва нозирони минтақавии ШВКД дар ноҳия доир гардид.
Чорабиниро муовини раиси ноҳия Хосият Неъматова ҳусни оғоз бахшида, ба ҳозирин барои иштирокашон дар ин ҷамъомад арзи сипос намуда, қайд кард, ки мақсад аз баргузории чунин вохӯрӣ баҳри пешгирии қонуншиканиву ҷинояткорӣ, шомилшавии шаҳрвандон ба ҳар гуна ташкилоту гурӯҳҳои ифротгаро, риояи қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ҳамбастагӣ фаъолият намудани мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ бо аҳли ҷамоатчигӣ мебошад.
Сипас сардори Шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ полковники милитсия Назарзода Толиб оид ба риояи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ» суханронӣ намуда, зикр кард, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон чун дигар давлатҳои минтақаи Шарқ дорои фарҳанги куҳанбунёд ва урфу одатҳои хоси худ мебошад. Фарҳанг ва урфу одатҳои куҳанбунёди аз қаъри асрҳо сарчашма гирифтаи миллати тоҷикро тохтутозҳои аҷнабиён дар тӯли садсолаҳо натавонист аз байн барад, чунки гузаштагони мо посдори ин тамаддуни миллӣ буданд, ҳастанд ва ояндагон низ посдор хоҳанд буд.

Инчунин дар баромади худ қайд кард, ки вазъи ногувори ҷаҳони муосир, воқеаҳои дар давлатҳои ба монанди Ироқ, Сурия, Миср, Яман ва дигарҳо ба амаломада, пайдоиши гурӯҳҳои террористӣ, экстремистӣ, шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои тундгаро, ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш оварда, ҳар як шахси ватанпарвар ва ватандӯстро ба он водор месозад, ки дар пешгирии чунин амалҳои номатлуб бетараф набошанд.
Мақсади ин гурӯҳҳои ифротгарои террористиву экстремистӣ, ки аз ҷониби давлатҳои хориҷӣ ташкил ва маблағгузорӣ карда мешаванд, иғвоандозӣ, ҷангандозӣ байни мусулмонон, нест намудани дастовардҳои онҳо, суст кардани пояҳои давлатдорӣ ва дигар омилҳо мебошад. Айни замон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонун «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм» амал карда истодааст, ки дар ошкор ва пешгирии фаъолияти чунин ташкилоту гурӯҳҳо аз ҷониби мақомотҳои қудратии кишвар пайваста муборизаи беамон бурда мешавад.
Полковник Толиб Назарзода дар фарҷоми суханронии худ пешниҳод намуд, ки аз ҳисоби намояндагони гуногуни қишри ҷомеа гурӯҳҳои «Маданияти шаҳрдорӣ» таъсис дода шуда ва онҳо бо роҳи бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ дар пешгирии ин зуҳуроти номатлуб саҳмгузор бошанд ва ин яке аз қадамҳои устуворест дар ҳамкорӣ бо аҳли ҷамоатчигӣ.

Таъсиси гурӯҳҳои «Маданияти шаҳрдорӣ» аз ҷониби масъулини ноҳия ва ҳозирин пурра дастгирӣ гардида, дар мадди аввал се гурӯҳ таъсис дода шуд, мутассадиён аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, ШВКД ки сардори гурӯҳҳои корӣ таъин мешаванд, кумитаи дин, занон, ҷавонони назди мақомоти иҷроия дар ҷойҳо вохӯрию баромадҳоро ба роҳ мемонанд. Инчунин дар ин вохӯриҳо оид ба иҷроиши Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон №464 аз моҳи декабри соли 1994 «Оиди бурдани муборизаи беамон бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва моддаҳои психотропӣ», баҳри пешгирӣ намудани ин вабои аср, ба нашъамандӣ даст задани шаҳрвандон, хусусан ҷавонону ноболиғон, ҳамчунин дар пешгирии ҳодисаҳои ба худкушӣ майл намудани онҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ ба роҳ монда мешавад.
Сипас дар идомаи вохӯрӣ прокурори ноҳия Хайриддин Қосимзода ибрози ақида намуда, қайд кард, ки ман боварӣ дорам ҳар як нафари дар ин чорабинӣ иштирокдошта ин пешниҳодро саривақтӣ медонад. Зеро ин ҳама ташаббусҳо баҳри пешгирии қонуншиканӣ, ҷинояткорӣ, эмин доштани наздикону пайвандон, инчунин баҳри ободонӣ, созандагӣ, оромиву осоиштагӣ ва пешравиву муваффақияти мову ояндагони мост.
Ҳамзамон сардори Шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ полковник Ҷамолиддин Ҷабборов дар баромади худ қайд кард, ки ҳамаи он мавзӯҳое, ки имрӯз дар ин чорабинӣ баррасӣ шуданд, аз ҷумла, иҷроиши қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ» то кунун аз ҷониби бархе шаҳрвандон ба пуррагӣ риоя нагардида истодаанд. Масалан дар тарбияи фарзанд ва масъулияти доштаашон назди онҳо салҳангорӣ менамоянд.
Дар рафти вохӯрӣ иштирокчиён оиди пушидани сару либоси миллӣ, куркурона тақлид намудан ба расму оини дигар миллатҳо ва масъалаҳои дигари баррасишуда ибрози андеша намуданд.
Дар фарҷоми чорабинӣ миёни иштирокчиён саволу ҷавобҳо сурат гирифта, як қатор пешниҳодҳои муфид ироа гардид.
Раҷҷабек Илёсов, Тоҷиддин Латипов. 




Рӯйдодҳо

  • Ғорат намудани ҳамён ва телефони мобилӣ

    Ба ШВКД дар шаҳри Ҳисор марди 41-солаи сокини шаҳри мазкур ....

    21.07.2018 09:46
  • Аз худ намудани мағоза бо фиребгарӣ

    Ба ШВКД дар ноҳияи Фирдавсӣ марди 27-солаи сокини шаҳри Душанбе ....

    21.07.2018 09:41
  • Пиёдагард! Ҷони худро дар хатар нагузор!

    Бо таъмиру азнавсозии роҳҳои нақлиётгарди шаҳри Душанбе, шароити ҳамлу нақл ....

    20.07.2018 16:09
  • Авбошӣ ва вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ нишонаи маърифати паст аст!

    Ҳафтаи сипаришуда бо гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони ШВКД-2 дар ноҳияи ....

    20.07.2018 10:46
  • Содир намудани 20 лаҳзаи ҷинояти дуздӣ бо зарари 50 ....

    Бо шикастани тиреза аз дохили автомашина рабудани маблағҳои пулӣ, телефони ....

    20.07.2018 10:41
  • Дуздии маблағ ва соати дастӣ аз ҷониби ҷавондухтари 19-сола

    Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Рӯдакӣ зани 65-солаи сокини деҳаи Гулбуттаи ....

    20.07.2018 09:00
  • Гирифтани автомашинаи тамғаи “Лексус” бо роҳи қаллобӣ

    Ба мақомоти корҳои дохилӣ марди 32-солаи сокини шаҳри Хуҷанд муроҷиат ....

    20.07.2018 08:51
  • Дарёфти сангҳои қимматбаҳои “Зумурад” ва “Ёқут

    Кормандони милитсия ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ марди 52-солаи сокини деҳаи ....

    20.07.2018 08:43
  • Ҳодисаҳои нохуш дар роҳҳои нақлиётгард

    18-уми июли соли 2018, тахминан соатҳои 18:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи ....

    20.07.2018 08:38
  • Лату кӯб ва расонидани ҷароҳати вазнин бо корд

    Ба ШВКД дар ноҳияи Ёвон марди 58-солаи сокини деҳаи Даҳанаи ....

    19.07.2018 09:28
  • 

    Гӯшаи эълон ва озмунҳо

  • Озмунҳои «Забономӯзӣ», «Мақолаҳои беҳтарин» ва «Мутолиаи китобҳои бадеӣ»

    Вазорати корҳои дохилӣ озмунҳои «Забономӯзӣ», «Мақолаҳои беҳтарин» ва «Мутолиаи китобҳои ....

    10.07.2018 09:48
  • Эълон!

    Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки курсҳои кӯтоҳмуддати ....

    19.06.2018 16:11
  • Э Ъ Л О Н !!!

    Бо мақсади баланд бардоштани рушди зеҳнии наврасону ҷавонон, пешгирӣ аз ....

    18.06.2018 11:23
  • Эълон!!!

    Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи ....

    11.06.2018 17:06
  • Қабули шаҳрвандон аз ҷониби роҳбарияти Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои ....

    Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба самъи сокинони шаҳру ноҳияҳои ....

    05.06.2018 09:41
  • Рӯзи байналмилалии ҳифзи кудакон

    Рӯзи 1 июни соли 2018, соати 16:00, бахшида ба Рӯзи ....

    31.05.2018 21:25
  • Нигористон

    Табиат

    Ҷаҳони имрӯз

    Раисиҷумҳури Қазоқистон Нурсултон Назарбоев дар мулоқот бо рӯҳониён аз он ҷавонони қазоқ, ки риш мондаву шими почааш кӯтоҳ мепӯшанд, ва ҳам аз духтароне, ки ҳиҷоби сиёҳ ба тан мекунанд, ба шиддат интиқод кард ва гуфт, дар Қазоқистон ба ин бегонапарастӣ роҳ нахоҳад дод.Раисиҷумҳури Қазоқистон Нурсултон Назарбоев рӯзи 19 апрел дар мулоқот бо раҳбарони муфтиёт ва имом-хатибон ба масоили, ба ибораи ӯ, "бесаводии динии насли ҷавон” дахл кард ва гуфт, "бисёре ....>>>

    

    Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!Ҳамватанони азиз! Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо вуҷуди тағйирёбии вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва амниятии ҷаҳон, дар роҳи пешрафти бемайлони иқтисодӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва ба ин васила таъмин намудани зиндагии шоистаи аҳолӣ бо қадамҳои устувор пеш меравад. Аммо вақтҳои охир дар ҷаҳон раванди бартариҷӯӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, пайдоиши нишонаҳои марҳалаи нави “ҷанги сард” боиси нигаронӣ гардидааст. Соли ҷорӣ дар гӯшаҳои гуногуни олам нооромиву низоъҳо идома ёфта, барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун айёми душвору пуртазод эътироф гардид. Дар ин давра зиёда аз сад давлати дунё мавриди ҳамлаҳои ғайриинсонии террористон ва ифротгароён қарор гирифт. Воқеият чунин аст, ки ҷуғрофияи нооромиҳо торафт доман паҳн намуда, таҳдиду хатарҳои глобалӣ имрӯз ба асосҳои бунёдии тартибу низоми ҷаҳонӣ ва усулҳои муносиботи байналмилалӣ таъсиргузор мебошанд. Идомаи минбаъдаи ин ҳолат ....>>>

    Qonun

    © 2018 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
    Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
    Яндекс.Метрика