Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Оташнишонон вазифаҳои масъулиятнокро бар дӯш доранд

 

30 июл - аз таъсисёбии Хадамоти давлатии оташнишонии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон 89-сол пур мешавад. Хадамоти мазкур соли 1928 таъсис ёфта, даҳсолаи ҳаштум мебошад, ки ин иншооти давлатӣ кафолати бехатарии мардум аст. 

Хадамоти оташнишонӣ бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 июли соли 1928 ташкил гардида, якумин дастаи оташнишонон дар шаҳри Душанбе 1 апрели соли 1929 таъсис ёфт.
Дастаи мазкур бо ташаббуси Фёдор Иванович Зайтсев созмон ёфта, аз 10 нафар сӯхторнишон иборат буд. Барои хомӯш намудани сӯхтор оташнишонон ба воситаи аробаю асп ба ҷои ҳодиса баромада, хатарро бартараф менамуданд.
Дастаи оташнишонон бо як адад насоси дастӣ, ду адад зарфи об ва 180 метр рӯдаҳои сӯхторхомӯшкунӣ таҷҳизонида шуда буд. Санаи 6 июни соли 1930 аввалин автомашинаи дастаи оташнишонӣ ба ҷумҳурӣ ворид шуда, ҳайати кормандон ба 12 нафар расид. Аз солҳои 30-юм сар карда дастаҳои оташнишонӣ дар шаҳрҳои Хуҷанд (Ленинобод), Конибодом, Панҷ, Исфара ва Истаравшан (Уротеппа) таъсис ёфтанд.
Соли 1936 дар пойтахт тими дигари оташнишонон созмон дода шуда, худи ҳамон сол тимҳои дигари оташнишонӣ дар дигар вилоятҳои ҷумҳурӣ низ таъсис ёфтанд. Пеш аз саршавии Ҷанги Бузурги Ватанӣ шумораи тимҳои оташнишонии ҷумҳурӣ то 20 адад расида буд. Кормандони тимҳои мазкур дар сафи дигарон ба ҷабҳаи ҷанг рафта, дар мубориза бар зидди фашизми истилогар саҳми босазо гузоштаанд.
Бар замми миқдори зиёди ордену медалҳо ду нафар оташнишон: Ҳоваҷи Магомед Мирзоев ва Михаил Иванович Новосёлтсев ба унвони баланди Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ мушарраф гардонида шуданд. Замоне, ки мардҳо бар зидди фашистон меҷангиданд, занҳо дар хадамоти оташнишонӣ сафи онҳоро пур намуда, ҳодисаҳои сӯхторро хомӯш менамуданд.
Ба ғайр аз ин онҳо дар сохтмонҳои канали Ҳисору нерӯгоҳи барқӣ-обии Варзоб ва даҳҳо сохтмонҳои аҳамияти стратегӣ доштаи ҷумҳурӣ саҳми бо сазои худро гузоштаанд. Онҳо бо байрақи Сурхи Сайёри Комитети Иҷроия ва Кумитаи Ҳизби шаҳри Душанбе чандин маротиба қадр карда шудаанд.
Давраи баъдиҷангӣ, давраи пурҷушу хурӯши аз нав барқароркунии хоҷагии халқи ҷумҳурӣ ба шумор мерафт. Бо ин мақсад боз ҳам такмил додани фаъолияти Идораи оташнишонии ҷумҳурӣ пеш омад. Бо қарори ҳукумати ИҶШС аз якуми январи соли 1955 идораи отанишонии касбии шаҳри Душанбе ба қисми ҳарбикунонидаи оташнишонӣ табдил дода шуд.
Саромадони оташнишонии Тоҷикистон Ф.И. Зайтсев, А.И. Ковалский, Ф.С. Курганов, П.И. Репин, А.Н. Карпунин, В.Ф. Алитин, И.Д. Додоматов, Додоҷонов И.Х., Ҷангиев Н., Каримов М. Шарипов М. ва чанде дигарон буданд.
Зиндагии имрӯза барҳақ тасдиқ мекунад, ки кормандони қунунии мақомоти хадамоти оташнишонӣ корномаи бемисли падарон, бародарон ва рафиқони хешро идома дода, ҳоло ҳам намунаи олии мардонагӣ, шуҷоат, маҳорати баланди касбӣ нишон дода, дар роҳи иҷрои вазифаҳои ба зиммаашон гузошта ғайрату матонат зоҳир месозанд.
Дар мубориза барои барқарор кардани сохти конститутсионӣ дар Тоҷикистон 17 нафар кормандони СХДО ВКД ҷони худро нисор кардаанд. Дар тараққӣ ва рушди СХДО баъди барқарор кардани сохти конститутсионӣ хатмкардагони мактабҳои олии собиқ ИҶШС, аз ҷумла як қатор роҳбарони он Иброҳимзода Н., Каримов М., Зоиров Б.Б., Бобоёров А.А., Комилов Ф.Қ., Шарифов М., Салоҳиддинзода Қ.С., Ҳусейнзода М.Қ., Назарзода Х.Б., Суфизода Р.А., Исмоилов Р.К., Назарзода И.Ҳ., Рузиев М.Н., Баротзода Ҷ.Б., Аюбов Н.М., Исломов Т.З., Сафаров Н., Анварзода Ш., Умарзода Б., Шамиров Ш., Шолангаров А. ва чанде дигарон саҳми босазо гузоштанд.
Кормандони хадамоти давлатии оташнишонӣ дар ҳама ҳолат ҷони азизи худро зери хатар гузошта, хизмати вазнини ҷисмониро адо менамоянд. Ин ҳама баҳри садоқат ба Ватан-Модар, ба хотири рафиқони ҳалокгардида, барои сулҳ ва ризоият дар сарзамини тоҷикон мебошад.
Имрӯз комилан мусаллам аст, ки бемуттаҳидӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ инсоният пеш рафта наметавонад. Тимсоли ин гуна дӯстӣ ва садоқатро мо дар мисоли падарон ва бобоёни шуҷоатманди худ мебинем, ки ба шарофати корнамоиҳо ба хотири Ватан дар ёди наслҳои оянда абадан боқӣ мондаанд. Аз ин рӯ, таъсисёбии Хадамоти давлатии оташнишонӣ барои тамоми кормандони хадамот санаи муҳим буда, он аз ҳар як корманди ХДО масъулияти боз ҳам бештарро тақозо менамояд.
Имрӯзҳо Хадамоти давлатии оташнишонии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷашни 89-умин солгарди худ омодагӣ мегирад. Вобаста ба ин мехоҳем аз давраҳои инкишофёбии хадамот дар тӯли солҳои истиқлолият ёдовар шавем.
Хадамоти давлатии оташнишонии Вазорати корҳои дохилӣ ҳамаи бурду бохт ва душвориҳои давраи истиқлолиятро якҷоя бо мардуми азизи кишвар аз сар гузаронида, дар пешрафту тараққиёти соҳаҳои мухталифи иқтисодиёти Тоҷикистон ҳиссаи арзандаи худро гузошт.
Аз ҷумла, дар ин давра воситаҳои алоқаи кӯҳна ба воситаҳои нави замонавӣ, яъне радиостансияҳои «Кенвуд» ва «Моторола» иваз карда шуда, барои дар сатҳи хуб гузаронидани амалиётҳои хомӯш намудани сӯхтор ва дигар чорабиниҳои зарурӣ, дар ноҳияи Варзоб рентранслятор барои қабули мавҷ, васл карда шуд.
Инчунин дар ҷузъу томҳои СХДО корҳои таҷҳизонидани стансияҳои хурд (дохилӣ) бо гузоштани операторҳои телефонии рақамӣ, иваз намудани мошинҳои барқии хатнависӣ ва компютерҳо, васл намудани таҷҳизотҳои сабти овоз ва бақайдгирии онҳо дар Сарраёсат, пайвастшавӣ ба шабакаи интернет ва баромадан ба почтаи электронӣ ташкил ва гузаронида шуд.
Ба туфайли истиқлолият 70 адад автомашинаҳои оташнишонӣ ва 50 адад нақлиёти фаврӣ-хизматии сабукрав харидорӣ карда шудааст.
Бо ташаббуси роҳбарияти СХДО ВКД соли 2009 дар факултаи таҳсили рӯзонаи Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон аввалинбор гурӯҳи «Бехатарӣ аз сӯхтор» ташкил карда шуд, ки ба он 25 нафар номзадҳо дохил шуданд. Ҳоло ин курсантҳо алакай Академияро хатм намуда, дар вазифаҳои гунагуни Хадамоти оташнишонӣ кору фаъолият доранд.
Кушодашавии 2-қисми оташнишонӣ, яке дар НБО-и «Сангтуда» ва дигаре дар НБО-и «Роғун» низ дастовардҳои давраи истиқлолият ба шумор мераванд, ки ин қисмҳо амнияти бехатарӣ аз сӯхтори иншоотҳои номбурдаро пурра таъмин менамоянд.
Қайд кардан зарур аст, ки дар баробари дигар дастовардҳо бо дастгирии бевоситаи Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзод Рамазон Ҳамро ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин ташаббуси роҳбарияти имрӯзаи СХДО, ба хусус сардори он генерал-майори хизмати дохилӣ Иброҳимзода Нозимҷон, бори аввал пас аз пош хурдани Иттиҳоди шӯравӣ, дар ҷумҳурӣ 27 адад қисму дидбонгоҳҳои алоҳидаи оташнишонӣ таъсис дода шуданд.
Аз ҷумла, ду адад қисмҳои мустақили ҳарбикунонидашудаи ХДО дар ноҳияҳои Бохтару Қубодиён ва 6 адад Дидбонгоҳҳои алоҳидаи ХДО дар ноҳияҳои Темурмалик, Шӯрообод, Ховалинг, Балҷувон, Н.Хисрав ва Хуросони вилояти Хатлон таъсис дода шуд, ки боз 266 нафар шаҳрвандон соҳиби ҷойи кори доимӣ шуданд. Инчунин Дидбонгоҳҳои алоҳидаи ҲХДО дар ноҳияҳои Варзоб, Файзобод, Айнӣ, Ашт, Қасри Арбоб, 2 қисмҳои оташнишонӣ бошанд, дар ноҳияи Сино-2 ва маҳаллаи Ховарони ноҳияи Шоҳмансур ва дидбонгоҳи алоҳидаи ХДО дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, инчунин дар ҶДММ «Бозори Корвон», ноҳияи Шаҳринав ва ғайраҳо таъсисёфтаву мавриди фаъолият қарор доранд.
Дар қисми зиёди бозорҳои Иттифоқи Тоҷикматлубот бошад, воҳидҳои кории нозирони НДБС ХДО ворид карда шуданд, ки ин нозирон ҳоло дар ҷойҳо амнияти бехатарӣ аз сӯхтори бозорҳоро таъмин намуда истодаанд.
Ба замми ин дар бинои Сарраёсати Хадамоти давлатии оташнишонии ВКД таъмири асосӣ гузаронида шуда, тамоми утоқҳои кории он бо асбобу таҷҳизотҳои замонавии корбарӣ муҷаҳҳаз гардонида шуда, барои кормандон тамоми шароитҳои хуби корӣ мухаё карда шудааст.
Фарзандони баобрӯ ва бо номуси халқи тоҷик ифтихор аз истиқлолият намуда, барои гул-гулшукуфии кишвар ҷаҳду талош меварзанд. Маҳз самараи меҳнати софдилона ва рӯҳияи баланди кормандони Хадамоти давлатии оташнишонии ВКД мебошад, ки дар давраи истиқлолият бо мурури замон базаи техникии он мустаҳкам гардида, маҳорати касбии кормандон пайваста сайқал меёбад.
Хадамоти давлатии оташнишонии имрӯзаи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳолати омодабош қарор дошта, барои таъмини ҳифзи одамон, молу мулки онҳо, моликияти ҷамъиятӣ ва давлатӣ аз сӯхтор доим омодааст.
Мо - созандагони ҷомеаи нав дар марҳалаи бунёдкорӣ ва обод сохтани сарзамини қадимаи худ бояд аз падарону бародарони сарбаланди хеш ва собиқадорони ҷангу меҳнат доимо ибрат гирем ва ҷашни 26-солагии Истиқлолияти давлатии кишварамонро бо дастоварду комёбиҳои баланди касбӣ истиқбол гирем.
Иди касбӣ ба тамоми кормандону собиқадорони Хадамоти давлатии оташнишонии Вазорати корҳои дохилӣ муборак бошад!
Кароматулло Абдуллоев, Толиб Ҳаётов, СХДО ВКД ҶТ




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!Ҳамватанони азиз! Паёми имсолаи Президент дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат баъди ҷашни чорякасраи истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, яъне дар даврае пешниҳод мегардад, ки кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушд ворид гардида, мардуми шарифи Тоҷикистон ба сӯи ояндаи ободу осуда бо қадамҳои устувор пеш меравад.Дар зарфи бисту панҷ сол мо ба шарофати заҳмати софдилонаи халқамон дар роҳи таъмин намудани рушди сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишвар ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидем.Мо ҳамаи ин корҳоро ба хотири таҳкими пояҳои истиқлолияти давлатиамон анҷом додем.Зеро озодиву истиқлолият бароямон дастоварди бузургтарин ва ғояи муқаддаси миллӣ буда, мо бо вуҷуди мушкилоти ҷойдошта барои ҳимоя ва пойдору устувор мондани он минбаъд низ тамоми саъю талоши худро равона ....>>>

Барномаи ислоҳоти милитсия


Барномаи ислоҳоти (рушди) милитсия барои солҳои 2014-2020 (минбаъд - Барнома) ҳуҷҷати асосии барномавии миёнамўҳлат буда, мақсадҳои стратегӣ, вазифа ва самтҳои асосии ислоҳоти (рушди) милитсияро муайян менамояд. Барнома дар асоси моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон   Муфассал >>>

Низомномаи Шӯрои ҷамъиятӣ

Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Шӯрои ҷамъиятӣ) мақомоти ҷамъиятии машваратӣ - мушоҳидавӣ буда, бо мақсади ташкил ва таъмин
  Муфассал >>>

Стратегия


Стратегияи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2013 - 2020 (минбаъд - Стратегия) ба меъёрҳои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, ҳадафҳо, афзалият ва тадбирҳоро оид ба ислоҳот ва рушди милитсия муайян намуда, амалҳоеро, ки Ҳукумати Муфассал >>>

Кодекси одоби касбии корманди милитсия


Кодекси одоби касбии корманди милитсия ин маҷмӯи қоидаҳои рафтори корманди милитсия мебошад, ки бо мақсади муқаррар намудани қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматии корманди милитсия (минбаъд корманд), мусоидат намудан, ҷиҳати баланд  Муфассал >>>

Кодекси одоби касбии корманди милитсия ин маҷмӯи қоидаҳои рафтори корманди милитсия мебошад, ки бо мақсади муқаррар намудани қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматии корманди милитсия (минбаъд корманд), мусоидат намудан, ҷиҳати баланд бардоштани обрӯ ва эътибори корманд, боварии шаҳрвандон ба мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини меъёрҳои ягонаи рафтори корманд қабул карда шудааст

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи политсия»

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи политсия» аз ҷониби Гурӯҳи кории дохилиидоравӣ бо ҷалби коршиносони дохиливу хориҷӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, олимони соҳаи ҳуқуқ ва кормандони амалии  Муфассал >>>

Кофтуков


© 2017 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад