Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

«Телефони боварӣ» тақвиятбахши ҳамкорӣ бо ҷомеа

Нимсолаи аввали соли 2017 ҷамъбаст шуд. Фаъолияти телефони боварии Вазорати корҳои дохилӣ, ки бо мақсади роҳандозии ҳамкории бештари ҷомеаи шаҳрвандӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот ташкил шудааст, ҷамъбаст гардида, дар давоми нимсола ба телефонҳои боварии мақомоти корҳои дохилӣ 1791 муроҷиат ворид шудааст. Аз инҳо 709 муроҷиат дар бораи содиршавии ҷиноят ва 334 муроҷиат оид ба ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ мебошад. Ҳамаи муроҷиатҳо сари вақт мавриди санҷиш қарор дода шудаанд.

Дар ин муддат ба телефони боварии Вазири корҳои дохилӣ 1070 нафар, ба телефони боварии сардори Раёсати ВКД дар ВМКБ 23 нафар, ба телефони боварии сардори Раёсати ВКД дар вилояти Суғд 353 нафар, ба телефони боварии сардори Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон 317 нафар, ба телефони боварии сардори Раёсати ВКД дар минтақа ва ноҳияи Рашт 6 нафар ва ба телефони боварии сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе 22 нафар муроҷиат намудаанд.
Мисли солҳои қаблӣ муроҷиат ба телефони боварии Вазири корҳои дохилӣ нисбат ба телефони боварии сардорони Раёсатҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар вилоятҳо, минтақаҳо ва шаҳри Душанбе хело зиёд мебошад, зеро ба Вазири корҳои дохилӣ аз тамоми гӯшаю канори Ватани маҳбубамон шаҳрвандон муроҷиат менамоянд. Ин ҳолат инъикосгари эътимоди комили шаҳрвандон ба Вазири корҳои дохилӣ мебошад.
Телефони боварӣ воситаи муҳими алоқаи мардум буда, тариқи рақамҳои телефонҳои боварӣ: 221-21-21 ба Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тариқи рақами 221-15-00 ба телефони боварии сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, тариқи рақами 2-21-313 ба телефони боварии сардори Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон, тариқи рақами 2-263-038 ба телефони боварии сардори Раёсати ВКД дар вилояти Суғд, тариқи рақами 2-224-203 ба телефони боварии сардори Раёсати ВКД дар ВМКБ, тариқи рақами 2-21-21 ба телефони боварии сардори Раёсати ВКД дар минтақа ва ноҳияи Рашт шабонарӯзӣ муроҷиат менамоянд.
Ба воситаи ин телефони боэътимод сокинони кишварамон имконияти васеъ доранд, ки ба Вазири корҳои дохилӣ ва сардорони раёсатҳои номбаршуда муроҷиат намоянд. Муроҷиати шаҳрвандон аз ҷониби кормандони телефони боварӣ қабул гардида, дар китобҳои махсус ба қайд гирифта мешаванд ва ҳамарӯза ба Вазири корҳои дохилӣ ва сардорони раёсатҳо пешниҳод мегарданд.
Фаъолияти телефонҳои боварӣ мунтазам ҷамъбаст карда шуда, аз натиҷаи он дар воситаҳои ахбори омма маълумотҳо пешниҳод карда мешаванд. Ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти ин телефонҳо нишон дода истодааст, ки шаҳрвандон аз ин воситаи алоқаи боэътимод самаранок истифода менамоянд.
Ҳамаи хабарҳои воридгардида мавриди санҷиши ҳаматарафа қарор мегиранд. Албатта, на ҳамаи хабарҳои тариқи телефони боварӣ воридгардида тасдиқи худро меёбанд. Аз 1791 хабарҳои воридгардида, 454 хабар тасдиқ гардида, 1147 хабар тасдиқи худро наёфтааст ва санҷиши 190 хабар идома доранд. Дар нимсола аз хабарҳои воридгардида 5 хабар оиди ҷинояти одамкушӣ, 5 хабар оиди таҷовуз ба номус, 173 хабар оиди дуздӣ, 200 хабар оиди лату куб, 10 хабар оиди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, 18 хабар оиди қаллобӣ, 3 хабар оиди сухтор, 2 хабар оиди ҷалби шаҳрвандон ба Сурия, 3 хабар оиди хариду фуруши одамон, 216 хабар оиди бар нагардонидани пули қарз, 27 хабар оиди гирифтани пора ва 45 хабар оиди дигар ҷиноятҳо мебошанд.
Аз хабарҳои воридгардида дар бораи ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ 158 хабарро ташкил медиҳад, ки аз инҳо оиди майдаавбошӣ (дашному ҳақорат) 211 хабар мебошанд. Қисми дигари хабарҳоро муроҷиатҳо оиди садамаҳои нақлиётӣ, оиди шахсони гумшуда ва ронандагони қоидаи ҳаракатро вайронкунанда, оиди истифодаи ғайриқонунии замин ва риоя накардани тозагӣ, оиди қиморбозӣ ва оиди сухтор ташкил медоданд.
Бо мақсади таҳкиму тақвияти ҳамкории кормандони милитсия бо мардум рақамҳои телефонҳои боварӣ мунтазам ба воситаи ҳафтаномаи «Қонун ва ҷомеа», сомонаи интернетии «www.vkd.tj», барномаҳои радио ва телевизиони ҷумҳуриявӣ ва шаҳрию вилоятӣ ба шаҳрвандон расонида мешаванд.
Телефонҳои боварӣ бидуни танаффус шабонарӯз фаъол буда, ҳар нафар метавонад аз ҳама шабакаҳои телефонӣ дар бораи қонуншиканиҳо, ҷиноятҳои хусусияти коррупсионӣ ва ё террористидошта, одамкушӣ, одамрабоӣ ва дигар намуди ҳуқуқпоймолсозиҳо ройгон арзу шикоят пешниҳод намояд. Тамоми арзу шикоятҳо бевосита ба Вазири корҳои дохилӣ ва роҳбарони раёсатҳо пешниҳод гардида, оид ба ҳар яки он санҷиш гузаронида мешавад. Ғайр аз ин барои ирсоли хабарҳои дуруст оид ба содиршавии ҷиноятҳои махсусан вазнин шаҳрвандонро Вазорати корҳои дохилӣ ҳавасманд ва қадрдонӣ менамояд ва дар ҳолати зарурӣ махфияти онҳоро кафолат медиҳад. Пешниҳоди шаҳрвандон барои беҳбудӣ бахшидани фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ дар ошкор ва пешгирии ҷиноятҳо, таъмини тартиботи ҷамъиятӣ низ омӯхта шуда барои беҳтар намудани фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ истифода мегардад.
Вазорати корҳои дохилӣ ба ҳамаи нафароне, ки дар ошкор ва пешгирии ҷинояткорӣ ва рафъи камбудиҳои ҷойдошта дар ҷомеа саҳмгузор ҳастанд, изҳори сипос менамояд.
Вазъи ҷаҳони босуръат тағйирёбанда, хатару таҳдидҳои муосир, проблемаҳои экологӣ, аз ҷумла тағйирёбии иқлим, пайи ҳам такрор шудани офатҳои табиӣ ва амсоли инҳо ҳар як сокини диёрамонро водор месозанд, ки беш аз ҳар вақти дигар сари вақт бо телефони боварӣ, телефони 02 ё телефонҳои қисмҳои навбатдорӣ ба навбатдорон оиди ҳодисаю воқеаҳо, ҷиноятҳо муроҷиат намоянд. Зеро оромии ҷомеа ва тартибу низом дар кишварамон аз амали ҳар яки мо вобаста мебошад.
Ғуломов Қ.Ҷ. Мушовири калони Дастгоҳи Вазири корҳои дохилӣ, полковники милитсия


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!Ҳамватанони азиз! Паёми имсолаи Президент дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат баъди ҷашни чорякасраи истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, яъне дар даврае пешниҳод мегардад, ки кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушд ворид гардида, мардуми шарифи Тоҷикистон ба сӯи ояндаи ободу осуда бо қадамҳои устувор пеш меравад.Дар зарфи бисту панҷ сол мо ба шарофати заҳмати софдилонаи халқамон дар роҳи таъмин намудани рушди сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишвар ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидем.Мо ҳамаи ин корҳоро ба хотири таҳкими пояҳои истиқлолияти давлатиамон анҷом додем.Зеро озодиву истиқлолият бароямон дастоварди бузургтарин ва ғояи муқаддаси миллӣ буда, мо бо вуҷуди мушкилоти ҷойдошта барои ҳимоя ва пойдору устувор мондани он минбаъд низ тамоми саъю талоши худро равона ....>>>

Барномаи ислоҳоти милитсия


Барномаи ислоҳоти (рушди) милитсия барои солҳои 2014-2020 (минбаъд - Барнома) ҳуҷҷати асосии барномавии миёнамўҳлат буда, мақсадҳои стратегӣ, вазифа ва самтҳои асосии ислоҳоти (рушди) милитсияро муайян менамояд. Барнома дар асоси моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон   Муфассал >>>

Низомномаи Шӯрои ҷамъиятӣ

Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Шӯрои ҷамъиятӣ) мақомоти ҷамъиятии машваратӣ - мушоҳидавӣ буда, бо мақсади ташкил ва таъмин
  Муфассал >>>

Стратегия


Стратегияи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2013 - 2020 (минбаъд - Стратегия) ба меъёрҳои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, ҳадафҳо, афзалият ва тадбирҳоро оид ба ислоҳот ва рушди милитсия муайян намуда, амалҳоеро, ки Ҳукумати Муфассал >>>

Кодекси одоби касбии корманди милитсия


Кодекси одоби касбии корманди милитсия ин маҷмӯи қоидаҳои рафтори корманди милитсия мебошад, ки бо мақсади муқаррар намудани қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматии корманди милитсия (минбаъд корманд), мусоидат намудан, ҷиҳати баланд  Муфассал >>>

Кодекси одоби касбии корманди милитсия ин маҷмӯи қоидаҳои рафтори корманди милитсия мебошад, ки бо мақсади муқаррар намудани қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматии корманди милитсия (минбаъд корманд), мусоидат намудан, ҷиҳати баланд бардоштани обрӯ ва эътибори корманд, боварии шаҳрвандон ба мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини меъёрҳои ягонаи рафтори корманд қабул карда шудааст

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи политсия»

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи политсия» аз ҷониби Гурӯҳи кории дохилиидоравӣ бо ҷалби коршиносони дохиливу хориҷӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, олимони соҳаи ҳуқуқ ва кормандони амалии  Муфассал >>>

Кофтуков


© 2017 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад