Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ

Бо мақсади пешгирии ҷавонон аз ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ-экстремистӣ, тарбияи онҳо дар руҳияи худогоҳиву худшиносӣ, пешгирии хурофотпарастӣ, таҳкими ваҳдат ва сулҳу субот дар ҷомеа вохӯрии гурӯҳи кории Дастгоҳи иҷроияи Президени Ҷумҳурии Тоҷикистон ва РВКД дар вилояти Хатлон дар ноҳияи Шаҳритуз баргузор гардид.
Дар вохурӣ Раиси ноҳияи Шаҳритуз, Оймаҳмадзода Рамазон, муовини ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории ба номи С.Айнӣ Муллоев А., муовини сардори РВКД дар вилояти мазкур полковники милитсия Назарзода Ҷумахон, сардори ШВКД дар ноҳияи Шаҳритуз полковники милитсия Ҳамдамзода Валихон, шоири шинохтаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайрандеш ва дигар сардорони мақомотҳои дахлдор, фаъолони ноҳия, раисони ҷамоатҳо, роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ, падару модарон, ҷавонон ва имомхатибон ширкат доштанд.
“Имсол бо ташаббуси Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти кишвар соли 2017 «Соли ҷавонон» эълон гардид. Зеро ҷавонон нерӯи созанда ва пешбарандаи ҷомеаи мо мебошанд”, чунин иброз дошт, муовини ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгорӣ Муллоев А.

Устуворӣ ва садоқати ҷавонон барои давлати навбунёд заминаи хуб мегузорад. Вале, шомил шудани бархе аз ҷавонон ба гурӯҳҳои тундрав ва даст доштани онҳо дар ҷиноятҳо аҳли ҷомеаро ба ташвиш овардааст.
Пешвои муаззами миллат борҳо таъкид намудаанд, ки давлати мо Тоҷикистон соҳибистиқлол, демократӣ, дунявӣ ва ягона аст. Дар баробари ин аксарияти мардуми Тоҷикистон пайрави дини мубини ислом буда, дорои фарҳанги бой ва урфу одатҳои миллӣ мебошанд. Ҷавонони кишвари мо бояд муқаддасоти ин хоку оби сарзамини биҳиштосоро донанд ва ҳаргиз нагузоранд, ки миллати ҳазорҳо сол ранҷдида аз ин музафарияҳое, ки имрӯзҳо ба даст овардааст, маҳрум гардад.
Муовини сардори РВКД дар вилояти Хатлон подполковники милитсия Назарзода Ҷумахон дар баромади худ оид ба маҳфум ва моҳият, омилҳо ва оқибатҳои шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои терористиву экстремистӣ сухан гуфта, кайд кард, ки яке аз сабабҳои шомилшавӣ ба ин гурӯҳҳо истифодаи телефонҳои мобилӣ ва интернет мебошад.
Имрӯз мо падару модарон бояд ба ин гуна зуҳуроти нангин мубориза барем ва фарзандони худро дар руҳияи худогоҳии миллӣ ва худшиносӣ тарбия намоем. Ба қадри Ватан - Модар бирасем ва арзишҳои миллии мардуми тоҷикро ҳифз намоем.
Сардори ШВКД дар ноҳияи Шаҳритуз полковники милитсия Ҳамдамзода В. таъкид дошт, ки ҳар як падару модар бояд бохабар бошанд, ки он фарзандоне, ки имрӯз дар муҳоҷирати меҳнатӣ дар хориҷӣ кишвар ҳастанд, чи гуна шароити буду бош доранд ва аз онҳо зиёд талаби пулу мол накунанд, зеро ин омил ҷавононро маҷбур месозад, ки даст ба кирдорҳои ношоиста бизананд.
Мо аҳли ҷомеа ин зуҳуроти нангинро агар маҳкум накунем фардо теъдоди ҷавонони гумроҳ ба ин ҳизбу ҳаракатҳо зиёд хоҳад шуд. Ва аз аҳли нишаст даъват ба амал овард, ки ҳамкориро бо мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ пурзур намоянд, то роҳи ин гуна амалҳо гирифта шаванд.
Шоир Хайрандеш низ дар баромади худ шеърҳои дар васфи ватандорӣ, Ваҳдат ва арзишҳои миллиро қироат намуда афзуд, ки имрӯз бархе аз ҷавонписарони тоҷикро аз ҷиҳати паст будани маърифат зархаридони хориҷӣ ба доми худ фирефтаанд ва ин доғи ҷудоиву нангро падару модарон, хешу ақрабои онҳо бар душ доранд, ки ин ба шаъну шарафи ҷавонмарди асил намезебад.
Чанд нафар аз иштирокдорони ҷамъомад ба музокира баромада, андешаҳои хешро баён намуда, мардумро баҳри поянда нигоҳ доштани сулҳу осоиштагӣ, ватандӯстиву инсондӯстӣ ва дар руҳияи баланд гузаронидани 20-солагии Вахдати миллӣ ва “Соли чавонон” даъват намуданд.
Офоқ Қодириён 


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!Ҳамватанони азиз! Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо вуҷуди тағйирёбии вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва амниятии ҷаҳон, дар роҳи пешрафти бемайлони иқтисодӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва ба ин васила таъмин намудани зиндагии шоистаи аҳолӣ бо қадамҳои устувор пеш меравад. Аммо вақтҳои охир дар ҷаҳон раванди бартариҷӯӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, пайдоиши нишонаҳои марҳалаи нави “ҷанги сард” боиси нигаронӣ гардидааст. Соли ҷорӣ дар гӯшаҳои гуногуни олам нооромиву низоъҳо идома ёфта, барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун айёми душвору пуртазод эътироф гардид. Дар ин давра зиёда аз сад давлати дунё мавриди ҳамлаҳои ғайриинсонии террористон ва ифротгароён қарор гирифт. Воқеият чунин аст, ки ҷуғрофияи нооромиҳо торафт доман паҳн намуда, таҳдиду хатарҳои глобалӣ имрӯз ба асосҳои бунёдии тартибу низоми ҷаҳонӣ ва усулҳои муносиботи байналмилалӣ таъсиргузор мебошанд. Идомаи минбаъдаи ин ҳолат ....>>>

Qonun1

© 2018 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика