Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Санҷиши низоми таҳсили хонандагон камбудиҳоро ошкор кард!

Тарбияи ноболиғону ҷавонон вазифаи ҷонии падару модар, масъулини муассисаҳои таълимӣ ва ҳар фарди солимфикри ҷомеа маҳсуб ёфта, пешрафту шукуфоӣ ва ояндаи ҷомеа аз ин насли бунёдгар вобастагии калон дорад. Вале, мутаассифона, ҷой доштани ҳолатҳои беҳудагардиву бадахлоқӣ ва бетартибии баъзе намояндагони ин насли умедбахш ҳангоми дарс, дар баробари бемасъулиятии волидон, ҳамзамон то ҷое аз бепарвоии омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ низ гувоҳӣ медиҳад.
Мавриди зикр аст, ки бо мақсади пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ ва дигар амалу кирдорҳои номатлуб дар байни наврасону ҷавонон, кормандони Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони Вазорати корҳои дохилӣ (ХПҲНҶ ВКД) пайваста дар муассисаҳои таълимӣ чорабиниҳои пешгирикунанда ва санҷишҳои муштарак мегузаронанд.

Аз ҷумла, ҳангоми гузаронидани санҷиши навбатие, ки дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии рақамҳои 11, 37, 50 ва 56-и пойтахт доир карда шуд, муайян гардид, ки дар соатҳои дарсӣ бархе хонандагон дар машғулиятҳо иштирок надошта, ба корҳои беҳуда машғул буда, либосҳои мактабӣ ва намуди зоҳириашон низ ба талабот ҷавобгӯй набуданд.
Тавре санҷиши гузаронидашуда нишон дод, иштироки хонандагон дар дарсҳо на чандон фаъол буда, ҳангоми мушоҳидаи рақами тартибии журнали синфӣ маълум гардид, ки дар ҳар синфхона 7-8-нафарӣ дар дарс иштирок надоранд. Ончуноне ки мушоҳида карда шуд, ҳатто дар баъзе синфхонаҳо бо вуҷуди оғоз шудани соати дарсӣ, аз омӯзгорон дараке набуд.
Ногуфта намонад, ки чунин чорабиниву санҷишҳои кормандони Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони Вазорати корҳои дохилӣ дар муассисаҳои таълимӣ, ки дар асоси нақша-чорабиниҳо роҳандозӣ мешаванд, дар оянда низ доир карда мешаванд.
Муайяну ошкор намудани камбудиҳо дар масъалаи таълиму тарбияи насли наврас дар ин муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии пойтахт дар ҳолест, ки маориф аз соҳаҳои афзалиятноки сиёсати дохилии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, роҳбарияти давлат ҷиҳати беҳдошти вазъи таълиму тарбияи насли наврас ва ҷавонон тамоми чораҳоро андешида истодааст. Маҳз ҳамин гуна таваҷҷуҳи доимии Ҳукумати кишвар аст, ки тайи солҳои охир дар саросари мамлакат садҳо иншооту биноҳои муассисаҳои таълимӣ бунёду навсозӣ гардида, бо беҳтарин шароити кору таҳсил таъмин карда шудаанд.

Аз ин рӯ, масъулини соҳаи маориф, аз ҷумла маъмурияти муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумиеро, ки ҳангоми санҷишҳои кормандони милитсия камбудиҳояшон рӯйи об баромаданд, зарур аст, ки бо андешидани чораҳои лозимӣ ҳарчи зудтар камбудиҳоро бартараф намуда, низоми муназзами таҳсили хонандагонро таъмин намоянд.
Набояд фаромӯш кард, ки аз чӣ гуна имрӯз таълиму тарбия намудани насли наврасу ҷавон ояндаи давлату миллат вобастагӣ дорад.
Абдулло Шоев, нозири калони гурӯҳи матбуотии ХПҲНҶ ВКД, капитани милитсия 


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!Ҳамватанони азиз! Паёми имсолаи Президент дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат баъди ҷашни чорякасраи истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, яъне дар даврае пешниҳод мегардад, ки кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушд ворид гардида, мардуми шарифи Тоҷикистон ба сӯи ояндаи ободу осуда бо қадамҳои устувор пеш меравад.Дар зарфи бисту панҷ сол мо ба шарофати заҳмати софдилонаи халқамон дар роҳи таъмин намудани рушди сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишвар ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидем.Мо ҳамаи ин корҳоро ба хотири таҳкими пояҳои истиқлолияти давлатиамон анҷом додем.Зеро озодиву истиқлолият бароямон дастоварди бузургтарин ва ғояи муқаддаси миллӣ буда, мо бо вуҷуди мушкилоти ҷойдошта барои ҳимоя ва пойдору устувор мондани он минбаъд низ тамоми саъю талоши худро равона ....>>>

Барномаи ислоҳоти милитсия


Барномаи ислоҳоти (рушди) милитсия барои солҳои 2014-2020 (минбаъд - Барнома) ҳуҷҷати асосии барномавии миёнамўҳлат буда, мақсадҳои стратегӣ, вазифа ва самтҳои асосии ислоҳоти (рушди) милитсияро муайян менамояд. Барнома дар асоси моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон   Муфассал >>>

Низомномаи Шӯрои ҷамъиятӣ

Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Шӯрои ҷамъиятӣ) мақомоти ҷамъиятии машваратӣ - мушоҳидавӣ буда, бо мақсади ташкил ва таъмин
  Муфассал >>>

Стратегия


Стратегияи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2013 - 2020 (минбаъд - Стратегия) ба меъёрҳои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, ҳадафҳо, афзалият ва тадбирҳоро оид ба ислоҳот ва рушди милитсия муайян намуда, амалҳоеро, ки Ҳукумати Муфассал >>>

Кодекси одоби касбии корманди милитсия


Кодекси одоби касбии корманди милитсия ин маҷмӯи қоидаҳои рафтори корманди милитсия мебошад, ки бо мақсади муқаррар намудани қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматии корманди милитсия (минбаъд корманд), мусоидат намудан, ҷиҳати баланд  Муфассал >>>

Кодекси одоби касбии корманди милитсия ин маҷмӯи қоидаҳои рафтори корманди милитсия мебошад, ки бо мақсади муқаррар намудани қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматии корманди милитсия (минбаъд корманд), мусоидат намудан, ҷиҳати баланд бардоштани обрӯ ва эътибори корманд, боварии шаҳрвандон ба мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини меъёрҳои ягонаи рафтори корманд қабул карда шудааст

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи политсия»

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи политсия» аз ҷониби Гурӯҳи кории дохилиидоравӣ бо ҷалби коршиносони дохиливу хориҷӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, олимони соҳаи ҳуқуқ ва кормандони амалии  Муфассал >>>

Кофтуков


© 2017 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад