Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҷавонони замони Истиқлол ифтихори миллатанд!

 

0102

«Масъалаҳои боз ҳам беҳтар намудани таълиму тарбияи ноболиғону ҷавонон, дар рӯҳияи ватандӯстиву эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ба воя расонидани онҳо ва баланд бардоштани нақши намояндагони ин насли ояндасози кишвар дар пешрафту шукуфоии Ватани маҳбубамон ҳамеша дар мадди назари роҳбарияти Ҳукумати ҷумҳурӣ қарор дорад. Ҳамин аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 22-юми декабри соли 2016 зимни ироаи Паёми солонаашон ба Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ соли 2017-ро «Соли ҷавонон» эълон намуданд».
Ин суханоне буданд, ки имрӯз, 5-уми январ дар оғози ҷамъомади калон бо иштироки масъулини Вазорати корҳои дохилӣ дар Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода баён карда шуданд.
Сардори Раёсати нозиротӣ-ташкилии ВКД, полковники милитсия Раҳимзода Абдураҳим Абдураҳмон дар назди устодону донишҷӯёни ин донишкада бо маърӯза баромад карда, оид ба тамоми паҳлӯҳои вобаста ба ҳаёту фаъолияти ҷавонон, хусусан донишҷӯён ибрози назар намуд.

0403

- Аз чӣ гуна таълиму тарбия намудани насли наврас ояндаи ҷомеаи мо вобастагӣ дорад. Зеро, ноболиғону ҷавонон ҳамчун насли ояндасози кишвар, фардо дар пешрафту тараққиёти соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи ҷумҳуриамон саҳм мегузоранд. Яъне, ба таври дигар, агар имрӯз мо ҷавононро саводноку донишманд ба воя расонему онҳоро дар рӯҳияи худшиносиву эҳтиром ба дастовардҳои замони Истиқлолият тарбия кунем, пас ояндаи дурахшоне моро дар пеш аст. Бо соҳиби касбу ҳунарҳои замонавӣ шудан табиист ки наврасону ҷавонони мо тамоми донишу маҳорати худро барои пешрафти давлати миллиамон равона месозанд. Аз ҳамин ҷиҳат барои тарбияи дурусти насли наврас тамоми ҷомеа вазифадор буда, дар самти пешгирии ҳама гуна ҳуқуқвайронкуниҳо низ бояд ҳамагон ташаббус нишон диҳем, - афзуд ӯ.

0906

Дар идомаи суханронии худ, мавсуф, аз дастгириву ғамхориҳои рӯзафзуни Пешвои миллат нисбати ҷавонон ёдовар шуда, иброз намуд, ки имрӯз намояндагони ин насли ояндасоз дар тамоми корҳои давлативу ҷамъиятӣ фаъолнокӣ нишон дода, давоми соли сипаришуда ба як қатор комёбиву пешравиҳо ноил гардиданд. Аз ҷумла, ҷавонони мо, хусусан варзишгарон имрӯз дар пайравӣ ба ташаббусҳои наҷибонаи Роҳбари давлат дар тамоми корҳои созандагиву бунёдкорӣ саҳмгузорӣ намуда, садҳо нафари онҳо бо гирифтани ҷойҳои намоён дар мусобиқаҳои гуногуни сатҳи минтақавию ҷаҳонӣ ному шарафи Тоҷикистони азизро баланд бардоштанд.
Бо ёдоварӣ аз ҷаҳду талошҳои пайгиронаи Сарвари давлат ҷиҳати боз ҳам беҳтару хубтар намудани шароити илмомӯзиву донишандӯзии ҷавонон ва бо ташаббусҳои созандаи худ саҳмгузорӣ намудани ин насли ояндасоз дар рушду инкишофи кишвари азизамон, полковники милитсия А.Раҳимзода таъкид кард, ки тавре Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон иброз доштанд: «Ҷавонон бояд аз ҳама қишрҳои ҷомеа бештар фаъол бошанд, ташаббусҳои созанда пешниҳод намоянд, рамзҳои давлатӣ, муқаддасоти миллӣ ва дастовардҳои Истиқлолиятро ҳифз кунанд, дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистони азиз бо дасту дили гарм ва нерӯи бунёдгарона ширкат варзанд, амнияти давлат ва шарафу номуси ватандориро ҳимоя карда, худро аз ҳама хавфу хатарҳои номатлуби ҷаҳони муосир эмин нигоҳ доранд ва парчамбардори ин сарзамин, марзу бум ва кишвари муқаддасамон бошанд».
Сардори Раёсати нозиротӣ-ташкилии ВКД дар муроҷиат ба аҳли толор, ки аксаран донишҷӯён буданд, иброз намуд, ки аҳли ҷомеа донишҷӯро чун шахси фарҳангиву маданӣ медонанд, ки бо рафтору муносибат, дарку фаҳмиши баланд ва фарди худогоҳу худшинос будани худ аз дигар табақаҳои ҷомеа тафовут дорад. Аммо, бисёр дардноку нанговар аст, ки имрӯз донишҷӯёне ҳастанд, ки бо амалу кирдорҳои ношоистаашон ба ин номи пуршараф иснод меоранд.
Ҷиҳати тақвият додани ин суханони худ, полковники милитсия А.Раҳимзода иброз намуд, ки давоми соли гузашта аз тарафи донишҷӯёни таълимгоҳҳои олии кишвар 30 ҷиноят содир гардидааст.
- Новобаста ба андешидани чораҳои зарурӣ ҷиҳати пешгирии амалҳои номатлуб дар байни донишҷӯён, ҳанӯз ҳам ҳолатҳои бо мошинҳои шахсӣ ба донишгоҳу донишкадаҳо омадани онҳо, дар вақти дарс истифода намудани телефонҳои мобилӣ, аз дарсҳо дер мондан ва бо либоси ғайритавсиявӣ, мӯю риши расида ба муассисаи таълимӣ ҳозир шудани донишҷӯён ба қайд гирифта мешаванд, ки аз беназоративу бемасъулиятии волидони ин гуна ҷавонон гувоҳӣ медиҳад, - илова намуд ӯ.
Номбурда, ҳамчунин аз содир гардидани ҳодисаҳои роҳу нақлиётӣ бо иштироки донишҷӯён ибрози нигаронӣ намуда, изҳор дошт, ки аксар вақт худи падару модарон барои соҳиби мошин шудани фарзандони ҷавонашон мусоидат менамоянд.
- Имрӯз аз тарафи мақомоти корҳои дохилӣ ҳолатҳое ба қайд гирифта шудаанд, ки донишҷӯёни ронанда бинобар аз меъёр зиёд намудани суръати ҳаракати нақлиёт сабабгори ба амал омадани садамаҳои нохуш гардидаанд, ки дар натиҷаи чунин ҳодисаҳо шаҳрвандони бегуноҳ ҷони худро аз даст доданд. Фаромӯш набояд кард, ки бо пахш намудани пиёдагарде ҳамсару фарзандони ӯ, падару модар, наздикону пайвандонаш ва умуман тамоми хонаводаи вай мотамзада мешаванд, - изҳори назар намуд А.Раҳимзода.
Дар идомаи вохӯрии судманд, инчунин оид ба тадбирҳои андешидаи роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ ҷиҳати пешгириву ошкор намудани ҳуқуқвайронкуниву ҷинояткорӣ дар байни ноболиғону ҷавонон ибрози назар гардида, қайд карда шуд, ки бо ташаббуси Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро дар донишгоҳу донишкадаҳои кишвар бо иштироки доираи васеи донишҷӯёну омӯзгорон ва ҷавонони фаъол пайваста суҳбату вохӯриҳо гузаронида мешаванд. Имрӯз аз ҷониби ВКД шумораи зиёди ҷавонон, хусусан донишҷӯён ба сафҳои дружиначиёни ихтиёрӣ ва кормандони ғайриштатии милитсия ҷалб гардида, ҳангоми баргузории чорабиниҳои фарҳангиву сиёсӣ дар баробари хизматчиёни мақомоти корҳои дохилӣ дар ҳифзу нигаҳдории тартиботи ҷамъиятӣ ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон саҳмгузорӣ менамоянд.
Мавриди зикр аст, ки тавре муовини ректори Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода оид ба корҳои тарбиявӣ Саломиддин Одинаев дар ҷамъомади зикршуда иброз намуд, устодону донишҷӯёни ин муассисаи олии таълимӣ соли 2016-ро бо комёбиҳои назаррас ҷамъбаст намуданд.
- Хушбахтона, дар ин муддат аз тарафи донишҷӯёни мо ягон ҳуқуқвайронкуниву ҷиноят содир нагардидааст. Маъмурияти донишкадаи мо дар робитаи наздик бо мақомоти корҳои дохилӣ қарор дошта, бо иштироки кормандони милитсия пайваста корҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронем, - афзуд ӯ.
Хотиррасон менамоем, ки Донишкадаи давлатии забонҳо яке аз муассисаҳои калони таълимии кишвар ба шумор рафта, дар он беш аз 2800 нафар ҷавонон таҳсил менамоянд, ки бо беҳтарин шароити илму донишомӯзӣ таъмин мебошанд.
Дар интиҳои чорабинии мазкур масъулини ВКД бори дигар донишҷӯёнро бо «Соли ҷавонон» табрику муборакбод намуда, изҳори умед карданд, ки ин ташаббуси наҷиби Пешвои миллат дар роҳи амалисозии нақшаву ниятҳои нек ҷиҳати аз ин ҳам бештар фаъолнокӣ нишон додани намояндагони ин қишри пешбарандаи ҷомеа баҳри ободу зебо гардонидани сарзамини аҷдодӣ мусоидат менамояд. Ҷамъомади судманд бо овардани порчаи зерин аз Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар анҷом ёфт.
«Ҷавонони мо дар ҳар ҷое, ки бошанд, бояд ҳисси баланди миллӣ дошта бошанд, бо Ватан, миллат, давлати соҳибистиқлоли худ ва забону фарҳанги миллии хеш ифтихор намоянд ва барои ҳимояи онҳо ҳамеша омода ва ҳушёру зирак бошанд.
Ҷавонони имрӯзаи мо, яъне насли замони Истиқлол аз наслҳои пешина бо савияи илму дониш, маърифату ҷаҳонбинӣ, сатҳи тафаккур ва одобу ахлоқ фарқи куллӣ доранд, ки ин ҳама боиси ифтихори мо мебошад».
У.Олим, Т.Латипов


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Паёми имсолаи Президент дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат баъди ҷашни чорякасраи истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, яъне дар даврае пешниҳод мегардад, ки кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушд ворид гардида, мардуми шарифи Тоҷикистон ба сӯи ояндаи ободу осуда бо қадамҳои устувор пеш меравад.Дар зарфи бисту панҷ сол мо ба шарофати заҳмати софдилонаи халқамон дар роҳи таъмин намудани рушди сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишвар ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидем.Мо ҳамаи ин корҳоро ба хотири таҳкими пояҳои истиқлолияти давлатиамон анҷом додем.Зеро озодиву истиқлолият бароямон дастоварди бузургтарин ва ғояи муқаддаси миллӣ буда, мо бо вуҷуди мушкилоти ҷойдошта барои ҳимоя ва пойдору устувор мондани он минбаъд низ тамоми саъю талоши худро равона ....>>>

Барномаи ислоҳоти милитсия


Барномаи ислоҳоти (рушди) милитсия барои солҳои 2014-2020 (минбаъд - Барнома) ҳуҷҷати асосии барномавии миёнамўҳлат буда, мақсадҳои стратегӣ, вазифа ва самтҳои асосии ислоҳоти (рушди) милитсияро муайян менамояд. Барнома дар асоси моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон   Муфассал >>>

Низомномаи Шӯрои ҷамъиятӣ

Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Шӯрои ҷамъиятӣ) мақомоти ҷамъиятии машваратӣ - мушоҳидавӣ буда, бо мақсади ташкил ва таъмин
  Муфассал >>>

Стратегия


Стратегияи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2013 - 2020 (минбаъд - Стратегия) ба меъёрҳои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, ҳадафҳо, афзалият ва тадбирҳоро оид ба ислоҳот ва рушди милитсия муайян намуда, амалҳоеро, ки Ҳукумати Муфассал >>>

Лоиҳаи Кодекси одоби корманди политсия


Кодекси одоби касбии корманди политсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд-Кодекс), маҷмӯи қоидаҳои рафтори корманди политсия мебошад, ки ҳадди муошират, қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматӣ, ки аз санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, арзишҳои Муфассал >>>

Лоиҳаи Қонун дар бораи политсия


Қонуни мазкур мафҳумҳои асосӣ, сохтори ташкиливу ҳуқуқӣ, самтҳои асосӣ ва принсипҳои фаъолият, сохтори политсияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мавқеи он дар низоми мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ, ҳамкорӣ бо ҷомеа, тартиби қабул Муфассал >>>

Кофтуков


© 2017 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад