Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон


Таассуроти омӯзгорону донишҷӯён аз вохӯрӣ бо кормандони милитсия

Дар вохӯрии кормандони милитсия бо омӯзгорону донишҷӯёни Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе, ки рӯзи 28-уми декабр баргузор гардид, оид ба масъалаҳои марбут ба илму донишомӯзии ҷавонон, пешгирии ҳуқуқвайронкуниву ҷинояткорӣ ва ҳолатҳои шомилшавии онҳо ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистиву террористӣ изҳори назар карда шуд.

Зимни суханронӣ дар ин чорабинӣ сардори Раёсати нозиротӣ-ташкилии ВКД, полковники милитсия Раҳимзода Абдураҳим Абдураҳмон тамоми паҳлӯҳои вобаста ба ҳаёту фаъолияти ҷавонон, аз ҷумла донишҷӯёнро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, фикру андешаҳои худро бо овардани далелу рақамҳо тақвият бахшид.
Тавре мавсуф иброз намуд, ҳамагон медонанд, ки ҳафтаи гузашта Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат ва мардуми тоҷик ироа гардид, ки дар он Роҳбари давлат дар баробари возеҳу равшан баён намудани фаъолияти тамоми соҳаҳои кишвар, ҳамзамон дар бораи аз тарафи Созмони Милали Муттаҳид дастгириву ҷонибдорӣ ёфтани пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба эълон намудани «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор барои солҳои 2018-2028» хабар доданд, ки ин боиси ифтихори ҳар як шаҳрванди солимфикри ҷомеаи мо мебошад.
«Ҳамзамон, дар ин Паём дар баробари зикри як қатор масъалаҳои муҳим, Пешвои миллат, инчунин нақши назарраси ҷавонони кишварро дар пешрафту шукуфоии Тоҷикистон ба инобат гирифта, соли 2017-ро «Соли ҷавонон» эълон намуданд. Ҳамагон медонем, ки имрӯзҳо ин пешниҳоди Сардори давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби ҷомеаи кишвар, алалхусус шумо, ҷавонону донишҷӯёни азиз, ҳамовозии гарм пайдо кардааст», - афзуд номбурда.
Дар идомаи суханронӣ полковники милитсия А.Раҳимзода иброз намуд, ки бо вуҷуди он, ки Ҳукумати ҷумҳурӣ барои илму донишомӯзӣ ва зиндагии шоистаи ҷавонон тамоми шароитҳоро муҳаё намудааст, вале ҷой доштани баъзе унсурҳои номатлуб дар байни онҳо аҳли ҷомеаи кишварро ба ташвиш овардааст.
Тавре ӯ зикр намуд, дар зарфи 11 моҳи соли 2016 аз тарафи ноболиғон 647 ва аз ҷониби ҷавонон беш аз 5 ҳазору 350 ҳолати ҷиноӣ ба қайд гирифта шудааст. Дар ин миён, мутаассифона донишҷӯён низ дар содир намудани ҷиноят даст дошта, дар ин муддат аз тарафи ин қишри пешбарандаи ҷомеа 30 амали ҷиноӣ содир гардидааст.
«Вақте калимаи донишҷӯро ба забон меорем, пеши назар симои шахсе падидор мегардад, ки дорои дониши баланд, маърифату ахлоқи ҳамида ва фарди фаъоли давлату ҷамъият мебошад. Аммо баъзе намояндагони ин табақаи пешоҳанг бо содир намудани амалҳои ношоиста ба номи пуршарафи донишҷӯ иснод меоранд», - илова намуд мавсуф.
Сардори Раёсати нозиротӣ-ташкилии ВКД дар баромадаш оид ба сатҳи ҳуқуқвайронкуниву ҷинояткорӣ ва амалҳои номатлубе, ки имрӯз ҷомеаи моро нигарон сохтаву барои ошкору пешгирӣ намудани ин гуна аъмоли ношоиста фаъолияту ҳамоҳангии ҳамагон зарур аст, аз донишҷӯён даъват кард, ки баҳри ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва тарғиби тарзи ҳаёти солим миёни ҳамсолони худ намуна бошанд. Ҳамкориҳоро бо мақомоти корҳои дохилӣ дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монанд. Барои анҷом додани ин гуна амалҳои хайр имрӯз тамоми шароитҳо муҳайё буда, дар Вазорати корҳои дохилӣ ва раёсату шуъбаҳои маҳаллии он телефонҳои боварӣ фаъол мебошанд.
«Роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ, шахсан Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро пайваста бо ҷавонону донишҷӯён суҳбату вохӯриҳо баргузор карда, онҳоро ҳамаҷониба дастгирӣ менамоянд. Имрӯз намояндагони ин табақаи фаъоли ҷомеа ба кори таъмин ва ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, ки вазифаи ҳар як шаҳрванди масъулиятшиноси кишвар мебошад, ҳамаҷониба ҷалб гардида, дар ин самт бо кормандони милитсия ҳамкориҳои наздик доранд», - ибрози назар намуд А. Раҳимзода.
Дар навбати худ, директори Коллеҷи муҳандисию омӯзгорӣ Зулайхо Зокирова ба масъулини ВКД барои гузаронидани чунин як вохӯрии судманд сипосу миннатдорӣ баён намуда, изҳор дошт, ки ин ҷамъомад дар доираи нақшаи тасдиқнамудаи Вазорати корҳои дохилӣ ва Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ баргузор карда шуд.
Тавре ӯ иброз намуд, хушбахтона аз ҳисоби донишҷӯёни муассисаи таълимии онҳо ягон нафар дар содир кардани ҳуқуқвайронкуниву ҷинояткорӣ даст надорад.
«Коллеҷи муҳандисию омӯзгорӣ дар ҳамкории наздик бо мақомоти корҳои дохилӣ қарор дошта, пайваста мулоқоту вохӯриҳои кормандони милитсия бо омӯзгорону донишҷӯёни он гузаронида мешаванд», - илова намуд З.Зокирова.
Дар қисмати муҳокимарониҳо низ иштироккунандагони вохӯрӣ фаъолнокӣ нишон доданд. Аз ҷумла, тавре донишҷӯи курси 4-уми ин коллеҷ Олимҷон Азизов иброз намуд, «ин вохӯрӣ аз ҳар ҷиҳат барои мо, ҷавонон хотирмон хоҳад буд. Хусусан, тамошои навори «Сад пушаймонӣ аз Сурия», ки аз ҷониби ВКД таҳия гардидаву дар аввали вохӯрии мо манзур гардонида шуд, хеле таъсирнок буд. Навор дар бораи сарнавишти он ҳамсолони ноогоҳи мо нақл менамуд, ки бо сабаби паст будани дарку фаҳмиш ва маърифату донишашон ба доми фиреби гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ гирифтор шуда, оқибат ҳаёти ҷавони худ ва наздиконашонро тираву тор намуданд. Вале хурсандибахш он аст, ки аксари ин гуна ҷавонони фиребхӯрда саривақт хатояшонро фаҳмида, бо мусоидати Вазорати корҳои дохилӣ ба Ватан баргаштанд».
Ба андешаи ин донишҷӯи фаъол, «ба туфайли вохӯрии судманд бо кормандони милитсия, мо аз вазъи ҷинояткорӣ дар байни ҳамсолони худ огоҳ шуда, ваъда медиҳем, ки минбаъд бо донишу хониши аъло баҳри пешгирии ҳама гуна амалҳои номатлуб кӯшиш ба харҷ медиҳем. Албатта, бо фаъолнокӣ нишон додан дар корҳои ҷамъиятӣ, зоҳир намудани масъулиятшиносӣ дар иҷрои вазифаву уҳдадориҳо ва бо салоҳияти баланд рафтор намудан нисбати таҳсил - мо, донишҷӯёни Коллеҷи муҳандисию омӯзгорӣ дар кори пешрафту шукуфоии Ватани азизамон, ки онро ном Тоҷикистон аст, саҳми арзанда мегузорем».
Мавриди зикр аст, ки Коллеҷи муҳандисию омӯзгорӣ тобеи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дар он беш аз 850 нафар ҷавонон дар ду баст таҳсил менамоянд. Дар бинои хобгоҳе, ки дар ҳудуди ин коллеҷ ҷойгир аст, 120 нафар донишҷӯён истиқомат дошта, бо шароити зарурии зисту таҳсил таъмин мебошанд.
Умед ОЧИЛОВ,
Тоҷиддин ЛАТИПОВ


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Рӯйдодҳо

  • Дар ҳолати мастӣ бо шиша ва корд расонидани ҷароҳат

    Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Сино бо ариза марди 38-солаи сокини ....

    22.06.2018 09:40
  • Қаллобӣ бо баҳонаи ҳуҷҷатгузорӣ намудани хона

    Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Рӯдакӣ марди 44-солаи сокини ш.Душанбе муроҷиат ....

    22.06.2018 09:34
  • Азонихудкунии маблағи бонк

    Зимни доир намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди ....

    22.06.2018 09:34
  • Рух додани садамаҳои марговар дар ноҳияҳои Ҷайҳун, Мастчоҳ ва Хуросон

    20-уми июни соли 2018, тахминан соати 20:00-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи ....

    22.06.2018 09:28
  • Ғорат намудани гарданбандҳои тиллоӣ

    Ба ШВКД дар ноҳияи Фирдавсӣ зани 21-солаи сокини кӯчаи Н.Қарабоеви ....

    21.06.2018 09:17
  • Бо роҳи қаллобӣ азхуд намудани автомашинаҳои “Ренҷровер” ва “Лексус”

    Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Сино марди 32-солаи сокини кӯчаи Гипроземи ....

    21.06.2018 09:11
  • Боздошти зани 27-сола бо гумони даллагӣ

    Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия зани 27-солаи ....

    21.06.2018 09:07
  • Ҳалокати дучархарон дар садамаи нохуши нақлиётӣ

    19-уми июни соли 2018, тахминан соати 19:25-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи ....

    21.06.2018 09:05
  • Муноқиша дар дохили ошхона

    Кормандони милитсия ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ марди 47-солаи сокини шаҳри ....

    20.06.2018 09:16
  • Боздошти ноболиғ бо ҷурми ғоратгарӣ

    Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ марди 31-солаи сокини ноҳияи Восеъ ....

    20.06.2018 09:10
  • 

    Гӯшаи эълон ва озмунҳо

  • Мизи мудаввари ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Баланд бардоштани иқтидори ҳамкории милитсия ....

    Рӯзи 3-юми июли соли 2018 дар толори маҷлисгоҳи Вазорати корҳои ....

    21.06.2018 10:05
  • Эълон!

    Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки курсҳои кӯтоҳмуддати ....

    19.06.2018 16:11
  • Э Ъ Л О Н !!!

    Бо мақсади баланд бардоштани рушди зеҳнии наврасону ҷавонон, пешгирӣ аз ....

    18.06.2018 11:23
  • Диққат! Озмуни забономӯзӣ байни ҷавонон

    Байни ҷавонони Ҷумҳурии Тоҷикистон то синни 35-сола озмуни аз худ ....

    18.06.2018 11:20
  • Эълон!!!

    Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи ....

    11.06.2018 17:06
  • Қабули шаҳрвандон аз ҷониби роҳбарияти Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои ....

    Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба самъи сокинони шаҳру ноҳияҳои ....

    05.06.2018 09:41
  • Нигористон

    Табиат

    Ҷаҳони имрӯз

    Раисиҷумҳури Қазоқистон Нурсултон Назарбоев дар мулоқот бо рӯҳониён аз он ҷавонони қазоқ, ки риш мондаву шими почааш кӯтоҳ мепӯшанд, ва ҳам аз духтароне, ки ҳиҷоби сиёҳ ба тан мекунанд, ба шиддат интиқод кард ва гуфт, дар Қазоқистон ба ин бегонапарастӣ роҳ нахоҳад дод.Раисиҷумҳури Қазоқистон Нурсултон Назарбоев рӯзи 19 апрел дар мулоқот бо раҳбарони муфтиёт ва имом-хатибон ба масоили, ба ибораи ӯ, "бесаводии динии насли ҷавон” дахл кард ва гуфт, "бисёре ....>>>

    

    Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!Ҳамватанони азиз! Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо вуҷуди тағйирёбии вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва амниятии ҷаҳон, дар роҳи пешрафти бемайлони иқтисодӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва ба ин васила таъмин намудани зиндагии шоистаи аҳолӣ бо қадамҳои устувор пеш меравад. Аммо вақтҳои охир дар ҷаҳон раванди бартариҷӯӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, пайдоиши нишонаҳои марҳалаи нави “ҷанги сард” боиси нигаронӣ гардидааст. Соли ҷорӣ дар гӯшаҳои гуногуни олам нооромиву низоъҳо идома ёфта, барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун айёми душвору пуртазод эътироф гардид. Дар ин давра зиёда аз сад давлати дунё мавриди ҳамлаҳои ғайриинсонии террористон ва ифротгароён қарор гирифт. Воқеият чунин аст, ки ҷуғрофияи нооромиҳо торафт доман паҳн намуда, таҳдиду хатарҳои глобалӣ имрӯз ба асосҳои бунёдии тартибу низоми ҷаҳонӣ ва усулҳои муносиботи байналмилалӣ таъсиргузор мебошанд. Идомаи минбаъдаи ин ҳолат ....>>>

    Qonun1

    © 2018 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
    Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
    Яндекс.Метрика