Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

ВКД - тарғибгари ҳаёти солим миёни ҷавонон

 

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор намуд, ки «Ҷавонон бояд аз ҳама қишрҳои ҷомеа бештар фаъол бошанд, ташаббусҳои созанда пешниҳод намоянд, рамзҳои давлатӣ, муқаддасоти миллӣ ва дастовардҳои истиқлолиятро ҳифз кунанд, дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистони азиз бо дасту дили гарм ва нерӯи бунёдгарона ширкат варзанд, амнияти давлат ва шарафу номуси ватандориро ҳимоя карда, худро аз ҳама хавфу хатарҳои номатлуби ҷаҳони муосир эмин нигоҳ доранд ва парчамбардори ин сарзамин, марзу бум ва кишвари муқаддасамон бошанд».
Пешвои миллат бо дарназардошти саҳми ҷавонон дар рушди ҷомеа ва иштироки фаъолонаи онҳо дар ҳаёти сиёсиву иқтисодии мамлакат пешниҳод намуд, ки соли 2017 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон «Соли ҷавонон» эълон карда шавад.
Дар партави Паёми баргузоргардида Вазорати корҳои дохилӣ тарбияи насли ҷавон ва дастгирии ҳамаҷонибаи онҳоро ба роҳ мондааст. Ин аст, ки бо дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати мамлакат, ташаббус ва иқдоми Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро кормандони милитсия дар баробари мубориза бо ҷинояткорӣ ва пешгирии амалҳои номатлуб ҳамкориҳоро бо дигар сохторҳо, бахусус Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ мондаанд. Дар доираи ҳамкориҳои муштарак бо Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, суҳбату вохӯриҳо дар байни ҷавонон ва донишҷӯён вусъати тоза касб намудааст. Роҳандозӣ гардидани ин ибтикорот дар солҳои соҳибистиқлолӣ ҷавонони мамлакатро боз ҳам муттаҳид намуд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои хеш таъкид намудаанд, ки “Ҳукумати кишвар бо мақсади ҳалли масоили ҷавонон ва насли наврас аз оғози истиқлолият то имрӯз ҳамаи чорабиниҳои заруриро амалӣ карда истодааст. Зеро ҷавонони солим ва соҳибкасбу боихтисос, ояндаи миллат ва давлат мебошанд”.
Дар се соли охир дар партави сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат ва бо иқдому ташаббусҳои созандаи роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ даҳҳо вохӯриҳои судманди сатҳи ҷумҳуриявӣ бо ҷавонон, бахусус донишҷӯён, варзишгарон, кормандони ғайриштатии милитсия ва дружиначиёни ихтиёрӣ, соҳибкорон ва намояндагони дигари табақаҳои ҷомеа, ҳам дар дохил ва ҳам дар хориҷи кишвар гузаронида шудаанд.Бо мақсади ҷалби ҷавонон ва истифодаи нерӯи тавонои онҳо дар масъалаи таъмини ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва мубориза бо ҷинояткорӣ дружинаҳои ихтиёрӣ, кормандони ғайриштатии милитсия ва гурӯҳи “Пешоҳанг”, яъне «Авангард» аз ҳисоби ҷавонон эҳё ва таъсис дода шудаанд, ки дар таъмини суботу оромӣ, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва мубориза бо ҷинояткорӣ нақши назаррас доранд. Илова бар ин, дарсҳои кушод дар макотиби олӣ ва вохӯриҳои доимии Вазири корҳои дохилӣ бо донишҷӯёну ҷавонони фаъол, гузаронидани чорабиниҳои варзишӣ бо иштироки ҷавонон дар манотиқи гуногуни ҷумҳурӣ, доир намудани ҷаласаву конфронсҳои пайвастаи Вазорати корҳои дохилӣ дар тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар бо ширкати фаъоли ҷавонон гувоҳи ин гуфтаҳост.Танҳо дар соли 2015 бо ташаббуси Вазорати корҳои дохилӣ дар доираи амалӣ намудани сиёсати давлатии ҷавонон ва ҳамкориҳо бо Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ конфронси илмиву амалӣ дар мавзӯи "Ҳамкории ҷавонон бо мақомоти корҳои дохилӣ дар мубориза бар зидди ифротгароӣ" бо ҷалби зиёда аз 500 нафар ҷавонони фаъол аз тамоми гӯшаву канори мамлакат баргузор гардид. Ҳамчунин, ба хотири тақвияти дӯстиву рафоқат дар байни ҷавонони мамлакат, ВКД идомаи семинар-конфронсҳои худро ҳамроҳ бо ҷавонон дар шаҳри бостонии Кӯлоб ва дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар мавзӯи "Ҳамкории ҷавонон бо мақомоти корҳои дохилӣ дар мубориза бар зидди ифротгароӣ" гузаронид.Дар доираи конфронсҳои мазкур ВКД сафари сайёҳии дохилиро барои ҷавонон доир кард, ки дар ин замина ҷавонон аз маконҳои сайёҳӣ ва таърихии кишвар дидан намуданд. Инчунин, Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ барномаи "Меҳмонии ҷавонон"-ро ташкил кард, ки дар доираи ин барнома ҷавонон аз шаҳри Душанбе ба ноҳияи Рашт, аз ноҳияи Рашт ба шаҳри Хуҷанд ва аз Бадахшон ба шаҳри Кӯлоб сафар намуда, дар хонаҳои ҳамдигар меҳмон шуданд. Ҳадаф аз доир намудани чорабинии "Меҳмонии ҷавонон" ин ҳифз кардани фарҳанги гузаштагон, шиносоӣ бо урфу анъанаҳои минтақаҳои якдигар ва таҳким бахшидани дӯстиву бародарӣ дар байни ҷавонони ҷумҳуриамон мебошад. Дар баробари ин, бо дастгирии Вазорати корҳои дохилӣ, як гурӯҳи ҷавонони фаъоли «Пешоҳанг» аз тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвари азизамон ҳамроҳ бо намояндагони Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, Кумитаи кор бо занон ва оила, Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳру ноҳияҳои Федератсияи Россия барои мулоқот ва аз наздик шинос шудан бо ҳаёту фаъолияти ҳамватанонамон ва раванди таҳсили онҳо дар хориҷи кишвар сафарбар гардиданд.Дар доираи ин сафар ҷавонон бо ҳамватанонамон, ки сокинони муқимии шаҳрҳои Москва, Твер, Краснодар, Сочи гардидаанд, мулоқот намуда, атрофи ватандӯстиву ҳифзи арзишҳои миллӣ ва пешгирии ҷавонон аз ҳолатҳои шомилшавӣ ба ҳар гуна гурӯҳҳои ифротиву террористӣ суҳбатҳо доир намуданд.Боиси зикр аст, ки ҳамасола бо ташаббуси Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро даҳҳо вохӯриҳои судманд бо ҷавонону донишҷӯён ва фаъолони ин қишри ҷомеа баргузор мегарданд. Дар зер ба чанде аз ин ҳамкориҳо назар менамоем, ки саршори маънавиёту дӯстӣ, баланд бардоштани ҳисси масъулиятшиносиву ватандӯстӣ ва таҳкими ҳамкориҳо мебошанд. Гузашта аз ин, вохӯриву мулоқотҳои баргузоргардида дар хотираи ҷавонон нақш баста, ба онҳо як ҷаҳон таассурот бахшиданд. Аз ҷумла, дар дарси озоде, ки моҳи апрели соли 2014 бо ташаббуси Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ва бо иштироки устодону донишҷӯёни факултаи ҳуқуқшиносӣ ва шуъбаи байналмилалии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар мавзӯи «Зарурат ва аҳамияти омӯзиши фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ» гузаронида шуд, барои ҷавонони донишҷӯ хеле хотирмон буд. Дар рафти суҳбату вохӯрии мазкур, барои ширкати фаъолона дар кори ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, зоҳир намудани ҳисси баланди ватандӯстию хештаншиносӣ ва интизоми намунавӣ, Вазири корҳои дохилӣ аз номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба чанде аз донишҷӯён туҳфаҳои арзишнок, Раҳматномаву Сипоснома ва китоби «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»-ро тақдим кард. Ҳамчунин, барои китобхонаи донишгоҳ 10 нусха аз ин китоб ҳамчун туҳфаи хотиравӣ супорида шуд.Чунин суҳбатҳои озоду самимии Вазири корҳои дохилӣ бо устодону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев ва бо донишҷӯёни фаъоли дигар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакат дар толори Вазорати корҳои дохилӣ доир карда шуданд. Дар ин мулоқотҳо асосан мавзӯъҳои пешгирии ҷинояткорию ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ҷавонон, мубтало гаштан ба нашъамандӣ, вируси норасоии масъунияти бадан (ВИЧ-СПИД), мушкилоти майзадагӣ, муаммоҳои худкушӣ, даст задан ба муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва силоҳ, ҳолатҳои садамаҳои нақлиётӣ ва ба ҳалокат расидани ҷавонон, бе ҳуҷҷати ронандагӣ рондани воситаи нақлиёт, шомил шудан ба гурӯҳҳои террористию эсктремистӣ ва ғайра мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Аз ҷумла, дар вохӯрӣ бо ҷавонон ва донишҷӯёни фаъоли донишкада ва донишгоҳҳои олии кишвар, ки рӯзи 27-уми апрели соли 2015 дар толори ВКД баргузор гардид, Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро изҳор дошт, ки яке аз самтҳои асосии Стратегияи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2014-2020, аз наздик шудан бо мардум ва мустаҳкам намудани робитаи зич бо онҳо, хусусан бо ҷавонон иборат мебошад.
Тавре дар боло қайд намудем, дар доираи амалисозии нақша-чорабиниҳои ВКД як гурӯҳ ҷавонону донишҷӯёни макотиби олии кишвар ба минтақаи Рашт сафар доштанд. Ҳадаф аз баргузории ин сафар, пеш аз ҳама, баланд бардоштани сатҳи маърифатнокӣ ва худогоҳии ҷавонон, таҳкими дӯстию рафоқат миёни ҷавонони минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ, пешгирии ҳама гуна зуҳуроти номатлуби ҷомеа буд ва ин гурӯҳи ҷавонони кишварро шиори «Ваҳдат бузургтарин омили устувори миллат» ба ҳам муттаҳид сохта буд.
Танҳо дар муддати сипаришудаи соли равон Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро дар вилоятҳову шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо ҷавонону донишҷӯён чандин вохӯриҳо баргузор намудааст. Бо ташаббуси ВКД ва Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Кӯлоб бахшида ба ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаи шоҳмот ва «Аксияи яхмос» доир карда шуданд, ки ин чорабиниҳо ба иштирокчиёу ҷавонон ва насли наврас таассуроти зиёд бахшид. Инчунин, мусобиқаҳои варзишие, ки соли равон бо ибтикори Вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ дар мавзеи биҳиштосои «Сари Хосор»-и ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон бо иштироки варзишгарони машҳур аз тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ дар самтҳои варзиши гӯштингирӣ, якҳарбаҳои шарқӣ (панкратион), машқҳои дастаҷамъона ва тамринҳо ташкил ва гузаронида шуданд, ё ин ки мусобиқаи фуболи хурд барои дарёфти Ҷоми Клуби футболи «Истиқлол», ки тӯли як моҳ идома дошт, баргузории сабқатҳои шоҳмоту шашкабозӣ, футболи хурд, волейбол, тенниси рӯйи миз ва вазнбардорӣ дар байни ҷавонписарону ҷавондухтарон бешубҳа дар мустаҳкам намудани дӯстиву рафоқат ва бародарии ҷавонон нақши назаррас гузоштанд.
ВКД минбаъд низ ин иқдомро дар самти сиёсати давлатии ҷавонони Тоҷикистон дар ҳамкориҳои муштарак баҳри тарбияи насли ҷавон идома дода, бо мақсади дастгирии ҳаматарафаи ҷавонон, пешгирии ҳолатҳои шомилшавии онҳо ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро ва дар ин замина, баланд бардоштани ҳисси хештаншиносӣ ва ватандӯстии онҳо чораҳои муассир меандешад, зеро эълон гардидани соли 2017 ҳамчун «Соли ҷавонон» қадами устуворест ҷиҳати дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои ҷомеаи солиму бунёдкор.
Ализода А.Ҷ., Роҳбари Дастгоҳи Вазири корҳои дохилии ҶТ, полковники милитсия


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Паёми имсолаи Президент дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат баъди ҷашни чорякасраи истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, яъне дар даврае пешниҳод мегардад, ки кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушд ворид гардида, мардуми шарифи Тоҷикистон ба сӯи ояндаи ободу осуда бо қадамҳои устувор пеш меравад.Дар зарфи бисту панҷ сол мо ба шарофати заҳмати софдилонаи халқамон дар роҳи таъмин намудани рушди сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишвар ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидем.Мо ҳамаи ин корҳоро ба хотири таҳкими пояҳои истиқлолияти давлатиамон анҷом додем.Зеро озодиву истиқлолият бароямон дастоварди бузургтарин ва ғояи муқаддаси миллӣ буда, мо бо вуҷуди мушкилоти ҷойдошта барои ҳимоя ва пойдору устувор мондани он минбаъд низ тамоми саъю талоши худро равона ....>>>

Барномаи ислоҳоти милитсия


Барномаи ислоҳоти (рушди) милитсия барои солҳои 2014-2020 (минбаъд - Барнома) ҳуҷҷати асосии барномавии миёнамўҳлат буда, мақсадҳои стратегӣ, вазифа ва самтҳои асосии ислоҳоти (рушди) милитсияро муайян менамояд. Барнома дар асоси моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон   Муфассал >>>

Низомномаи Шӯрои ҷамъиятӣ

Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Шӯрои ҷамъиятӣ) мақомоти ҷамъиятии машваратӣ - мушоҳидавӣ буда, бо мақсади ташкил ва таъмин
  Муфассал >>>

Стратегия


Стратегияи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2013 - 2020 (минбаъд - Стратегия) ба меъёрҳои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, ҳадафҳо, афзалият ва тадбирҳоро оид ба ислоҳот ва рушди милитсия муайян намуда, амалҳоеро, ки Ҳукумати Муфассал >>>

Лоиҳаи Кодекси одоби корманди политсия


Кодекси одоби касбии корманди политсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд-Кодекс), маҷмӯи қоидаҳои рафтори корманди политсия мебошад, ки ҳадди муошират, қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматӣ, ки аз санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, арзишҳои Муфассал >>>

Лоиҳаи Қонун дар бораи политсия


Қонуни мазкур мафҳумҳои асосӣ, сохтори ташкиливу ҳуқуқӣ, самтҳои асосӣ ва принсипҳои фаъолият, сохтори политсияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мавқеи он дар низоми мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ, ҳамкорӣ бо ҷомеа, тартиби қабул Муфассал >>>

Кофтуков


© 2017 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад