Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳалокати пиёдагардон дар садамаҳои нақлиётӣ

 

10-уми январи соли 2017, тахминан соати 04:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Дэу-Сиелло” марди 38-солаи сокини шаҳри Хуҷанд ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди маҳаллаи 31-уми шаҳри Хуҷанд, бехатарии ҳаракат дар роҳро таъмин накарда, пиёдагард, марди 46-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафуровро пахш намудааст. Дар натиҷа пиёдагард, ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Дар ин рӯз, тахминан соати 16:00-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Хундай-Старекс”, марди 31-солаи сокини шаҳри Душанбе ҳангоми ҳаракат дар кӯчаи Ҷ.Расулов аз самти кӯчаи Б.Ғафуров ба самти кӯчаи Абдуллобекови пойтахт писарбачаи 8-солаи сокини шаҳри Душанберо пахш намудааст. Сипас, автомашинаи мазкур ба автомашинаи тамғаи “Опел-Вектра” таҳти идораи марди 28-солаи сокини шаҳри Душанбе, инчунин ба автомашинаи тамғаи “Таста-Марк”-и марди 43-солаи сокини шаҳри Ҳисор бархӯрдааст. Дар натиҷа, пиёдагарди хурдсол ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст. Инчунин, мусофири автомашинаи тамғаи “Хундай-Старекс”, зани 59-солаи сокини шаҳри Душанбе ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гаштааст.
11-уми январи соли 2017, тахминан соати 16:10-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс”, марди 27-солаи сокини ноҳияи Данғара ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди ҷамоати шаҳраки Данғара пиёдагарди ноболиғ, духтари 16-солаи сокини ҷамоати шаҳраки зикргардидаро пахш намудааст. Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!Ҳамватанони азиз! Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо вуҷуди тағйирёбии вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва амниятии ҷаҳон, дар роҳи пешрафти бемайлони иқтисодӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва ба ин васила таъмин намудани зиндагии шоистаи аҳолӣ бо қадамҳои устувор пеш меравад. Аммо вақтҳои охир дар ҷаҳон раванди бартариҷӯӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, пайдоиши нишонаҳои марҳалаи нави “ҷанги сард” боиси нигаронӣ гардидааст. Соли ҷорӣ дар гӯшаҳои гуногуни олам нооромиву низоъҳо идома ёфта, барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун айёми душвору пуртазод эътироф гардид. Дар ин давра зиёда аз сад давлати дунё мавриди ҳамлаҳои ғайриинсонии террористон ва ифротгароён қарор гирифт. Воқеият чунин аст, ки ҷуғрофияи нооромиҳо торафт доман паҳн намуда, таҳдиду хатарҳои глобалӣ имрӯз ба асосҳои бунёдии тартибу низоми ҷаҳонӣ ва усулҳои муносиботи байналмилалӣ таъсиргузор мебошанд. Идомаи минбаъдаи ин ҳолат ....>>>

Qonun

© 2018 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика