Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Даст доштани пешсудшудаҳо дар 14 лаҳзаи ҷинояти дуздӣ

Кормандони ШВКД дар шаҳри Бӯстон ҳангоми пайгириҳои оперативӣ вобаста ба ҷиноятҳои нокушодаи дуздӣ, ки дар ҳудуди шаҳр давоми моҳҳои сентябр-декабри соли 2016 ба қайд гирифта шуда буд, чанд нафар шахсони қаблан судшударо дастгир намуданд. 

 Баъди моҳи сентябри соли 2016 дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» ба озодӣ баромадан шаҳрванд Мадалиев Даврон Бароталиевич, соли таваллудаш 1977, истиқоматкунандаи ҷамоати деҳоти Фархори ноҳияи Фархор, дар ҳудуди шаҳри Бӯстон дар панҷ ҳолат ба дуздӣ дар манзилҳои истиқоматӣ машғул шуда, кирдори барои ҷомеа хавфнокро содир намудааст. Гумонбаршаванда услуби ба худ хос дошта манзилҳоеро интихоб мекард, ки дарвозаи қулф карда доштанд. Аз рӯи нишондоди гумонбаршаванда дарвозаи қулфкардашуда нишонаи касе дар хона набуданро дошта, имконияти қулай барои анҷоми ҳаракатҳои ҷиноӣ мегардид.

Бо ҳамин шева гумонбаршаванда 5 ҳавлии истиқоматии беназоратро, ки соҳибонаш бо сабабҳои гуногун дар хона набуданд, ҳадаф қарор додааст. Хамаи ҷиноятҳо рӯзона содир шудаанд.
Масалан гумонбаршаванда Мадалиев Д.Б., бо мушоҳидаи дари маҳками манзили истиқоматӣ, вокеъ дар кӯчаи Бекови шаҳри Бӯстон тавассути девори ҳамсоя ба хона ворид гардида, ороишоти занонаи тиллоиро ба маблағи 40 ҳазор сомонӣ тасарруф намудааст. Дар хонаи истиқоматии кӯчаи Краснознамённая 102 «а» бошад ба маблағи 10 ҳазор сомонӣ тилловорӣ ё ин, ки 12 ноябри соли 2016 пинҳонӣ ба ҳавлии №10 воқеъ дар кӯчаи Нусратулло Махсуми шаҳри Бӯстон ворид гардида, ноутбук ва телефони мобилиро тасарруф менамояд.
Аз панҷ далели дуздӣ, ки Мадалиев Д.Б., дар содир намудани он гумонбар дониста мешавад, зарари расонидашуда наздики 70 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Ба ҳамин монанд дили ба пули муфт одат карда, шаҳрванд Сатторов Ҷамшед Ҷаъфарович, соли таваллудаш 1991, истиқоматкунандаи шаҳри Хуҷандро маротибаи чорум ба майдони ҷиноят овард. Чеҳраи ин нафар дар содир намудани ҷиноятҳои дуздӣ бозтобӣ мекунад. Кисабурӣ дар бозор ва дуздӣ дар манзилҳои истиқоматӣ бо усули яккатозӣ, яъне анҷом додани амалҳои ҷиноятӣ дар танҳоӣ ба гумонбаршаванда Сатторов Ҷ.Ҷ., нисбат дода мешавад.
Ҳамён, телефони мобилӣ ва пули нақдро гумонбаршаванда Сатторов Ҷ.Ҷ., аз ҷайби шаҳрвандон медуздид, вале ҳангоми ворид шудан ба манзилҳои истиқоматӣ танҳо ба пули нақд, тилловорӣ ва таҷҳизотҳои компютерӣ таваҷҷӯҳ мекард.

То ин дам 9 далели ҳаракатҳои ҷиноятии гумонбаршаванда ошкор карда шудааст. Се ҳолати дуздӣ дар манзилҳои истиқоматӣ ва боқимонда 6 далели кисабурӣ дар ҳудуди бозорҳои «Панҷшанбе» ва «Ҷумъабозор»-и шаҳри Хуҷанд, бозори «Сомон»-и шаҳри Бӯстон ва «Атушбозор»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба қайд гирифта шудааст.
Чунончи, санаи 7 декабри соли 2016 номбурда ба суроғаи шаҳри Бӯстон кӯчаи Х.Беков, ҳавлии №5 омада, баъди тавассути девори ҳамсоя ба манзили истиқоматӣ гузаштан бо роҳи шикастани қулфи даромадгоҳ вориди ҳуҷраҳо гашта ба маблағи 2900 сомонӣ тилловориҳоро дарёфт ва тасарруф менамояд. Ё ин, ки санаи 26 сентябр аз кӯчаи Р.Набиев ҳавлии №78, 1-адад ноутбуки тамғаи «Леново»-ро ба яғмо бурда, ба соҳибхона 1500 сомонӣ зарар мерасонад.
Дар иртибот ба далелҳои ошкоргардида нисбати гумонбаршавандаҳо дар ШВКД дар шаҳри Бӯстон бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва далелҳои шайъӣ қисман гирифта шудааст.
Такроран даст ба ҷиноят задани доғи судӣ доштагон, ки бо татбиқи талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» аз 24 августи соли 2016 ба озодӣ баромадаанд, дар баробари ислоҳнашавандагӣ, маънии ба қадри ҳаёти осоишта нарасиданро низ дорад. Дар сурате, ки чунин аст, пас ҷои ин нафарон боз маҳбасхона хоҳад буд.
Акбар Шарифов, капитани милитсия


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Паёми имсолаи Президент дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат баъди ҷашни чорякасраи истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, яъне дар даврае пешниҳод мегардад, ки кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушд ворид гардида, мардуми шарифи Тоҷикистон ба сӯи ояндаи ободу осуда бо қадамҳои устувор пеш меравад.Дар зарфи бисту панҷ сол мо ба шарофати заҳмати софдилонаи халқамон дар роҳи таъмин намудани рушди сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишвар ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидем.Мо ҳамаи ин корҳоро ба хотири таҳкими пояҳои истиқлолияти давлатиамон анҷом додем.Зеро озодиву истиқлолият бароямон дастоварди бузургтарин ва ғояи муқаддаси миллӣ буда, мо бо вуҷуди мушкилоти ҷойдошта барои ҳимоя ва пойдору устувор мондани он минбаъд низ тамоми саъю талоши худро равона ....>>>

Барномаи ислоҳоти милитсия


Барномаи ислоҳоти (рушди) милитсия барои солҳои 2014-2020 (минбаъд - Барнома) ҳуҷҷати асосии барномавии миёнамўҳлат буда, мақсадҳои стратегӣ, вазифа ва самтҳои асосии ислоҳоти (рушди) милитсияро муайян менамояд. Барнома дар асоси моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон   Муфассал >>>

Низомномаи Шӯрои ҷамъиятӣ

Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Шӯрои ҷамъиятӣ) мақомоти ҷамъиятии машваратӣ - мушоҳидавӣ буда, бо мақсади ташкил ва таъмин
  Муфассал >>>

Стратегия


Стратегияи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2013 - 2020 (минбаъд - Стратегия) ба меъёрҳои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, ҳадафҳо, афзалият ва тадбирҳоро оид ба ислоҳот ва рушди милитсия муайян намуда, амалҳоеро, ки Ҳукумати Муфассал >>>

Лоиҳаи Кодекси одоби корманди политсия


Кодекси одоби касбии корманди политсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд-Кодекс), маҷмӯи қоидаҳои рафтори корманди политсия мебошад, ки ҳадди муошират, қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматӣ, ки аз санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, арзишҳои Муфассал >>>

Лоиҳаи Қонун дар бораи политсия


Қонуни мазкур мафҳумҳои асосӣ, сохтори ташкиливу ҳуқуқӣ, самтҳои асосӣ ва принсипҳои фаъолият, сохтори политсияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мавқеи он дар низоми мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ, ҳамкорӣ бо ҷомеа, тартиби қабул Муфассал >>>

Кофтуков


© 2017 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад