Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Конференсияи илмӣ-назариявӣ дар партави Паёми имсолаи Пешвои миллат

10-уми январи соли 2017, дар ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон бо иштироки ҷавонону донишҷӯёни тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ конференсияи илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи «Истиқболи ҷавонон аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва эълон гардидани соли 2017 - соли ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор карда шуд.
Дар кори конференсия намояндагони мақомоти корҳои дохилӣ, ҳокимияти иҷроияи маҳаллии ноҳияи Қубодиён, ҷавонони фаъоли гуруҳи Пешоҳанг ва дигар ҷавонону донишҷӯёни фаъол баромад намуданд.
Муовини сардори Раёсати ҳамкориҳои байналмилалии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон Мансур Бухоризода суханронӣ намуда, нуктаҳои муҳими Паёми имсолаи Пешвои миллатро дар самти сиёсати ҷавонон қайд карда гузашт.
Аз ҷумла, қайд гардид, ки сиёсати давлатии ҷавонон дар меҳвари фаъолияти Ҳукумати Тоҷикистон қарор дошта, ҷавонон давомдиҳандаи кору фаъолияти насли калонсол, нерӯи созанда ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа, ояндаи миллат ва давлат мебошанд.
Имрӯзҳо ҷавонони кишвар дар тамоми соҳаҳои ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоии мамлакат кору фаъолият доранд ва дар рушду пешрафти он саҳми босазои худро мегузоранд. Ташаббусу пешниҳодҳои созандаи ҷавонон аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ ҳамеша дастгирӣ ёфта, баҳри амалӣ гардидани онҳо тамоми шароит ва имкониятҳои зарурӣ фароҳам оварда мешавад.
Наврасону ҷавонон ҷавобан ба ин ғамхориҳои давлату ҳукумат бояд тамоми саъю талоши хешро ба донишандӯзӣ, интихоби касбу аз худ кардани ҳунарҳои муосир, ҳифзу ҳимояи Ватан, рушди илму техника ва ободии диёри хеш равона созанд.
Маҳз бо дарназардошти саҳми ҷавонон дар рушди ҷомеа аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои эълон гардидани соли 2017 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон - Соли ҷавонон пешниҳод карда шуд.

 

Ҷавонон бо якдилию муттаҳидӣ, ҳисси баланди миллӣ, ифтихор аз соҳибистиқлолии давлати хеш ва фарҳанги бойи миллат соҳиби обрӯи хос мегарданд. Андухтани илму дониш, маърифату ҷаҳонбинии васеъ ва рафтору одоби намунавӣ онҳоро ба қуллаҳои орзуву умедҳо расонида, аз кирдорҳои номатлуб эмин нигоҳ медорад. Бинобар ин, ҳар як ҷавони бонангу номуси кишварро зарур аст, ки дар якҷоягӣ пеши роҳи амалу кирдор ва ақидаҳои зараровари ҷомеаро гиранд.
Дар идомаи конференсия, аъзои гурӯҳи фаъоли Пешоҳанг Мардихудо Давлатов зимни баромади хеш оиди дастовардҳои ҷавонон дар замони Истиқлолият, нақш ва иштироки фаъолонаи онҳо дар ҷомеа ибрози назар намуд.
Дар охир миёни иштирокчиёни конференсия мубодилаи афкор сурат гирифт.
Х. Солиҳов


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!Ҳамватанони азиз! Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо вуҷуди тағйирёбии вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва амниятии ҷаҳон, дар роҳи пешрафти бемайлони иқтисодӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва ба ин васила таъмин намудани зиндагии шоистаи аҳолӣ бо қадамҳои устувор пеш меравад. Аммо вақтҳои охир дар ҷаҳон раванди бартариҷӯӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, пайдоиши нишонаҳои марҳалаи нави “ҷанги сард” боиси нигаронӣ гардидааст. Соли ҷорӣ дар гӯшаҳои гуногуни олам нооромиву низоъҳо идома ёфта, барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун айёми душвору пуртазод эътироф гардид. Дар ин давра зиёда аз сад давлати дунё мавриди ҳамлаҳои ғайриинсонии террористон ва ифротгароён қарор гирифт. Воқеият чунин аст, ки ҷуғрофияи нооромиҳо торафт доман паҳн намуда, таҳдиду хатарҳои глобалӣ имрӯз ба асосҳои бунёдии тартибу низоми ҷаҳонӣ ва усулҳои муносиботи байналмилалӣ таъсиргузор мебошанд. Идомаи минбаъдаи ин ҳолат ....>>>

Qonun1

© 2018 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика