Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тоҷикистон ва ташаббусҳои ҷаҳонии он

Бо сипарӣ шудани соли 2016 он хотираҳои зиёдеро дар ёдҳо боқӣ мегузорад. Ин соли сипаришуда низ чун солҳои қаблӣ бо чандин рӯйдодҳояш дар хотири ҳар яки мо нақш мебандад. Мардуми тоҷик бо таҷлил намудани як қатор иду чашнҳои миллӣ, ки муҳимтарини онҳо 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд, ба маҷрои нави рушд ворид мегардад.
Дар баробари ҳамаи ин, дар рӯзи 22-юми декабр ироа гардидани Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишварро низ бемуҳобот метавон ба қатори рӯйдодҳои хотирмони соли 2016 ворид кард. Зеро, Роҳбари давлат бо зикри бурду бохти фаъолияти тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи ҷумҳурӣ дар зарфи як соли сипаришуда, дар умум, самтҳои афзалиятноки сиёсати дохиливу хориҷии Тоҷикистони соҳибистиқлолро барои соли нави 2017 ва давраи минбаъда муайяну мушаххас баён намуданд. Ҳамин аст, ки Паёми Сардори давлатро имрӯз дар тамоми корхонаву муассисаҳо ва мақомоту идораҳои кишвар мавриди муҳокимаи васеъ қарор дода, онро чун дастурамал барои ҳар як нафар шаҳрванди бедордили кишвар меомӯзанд.
Дар Паёми навбатии худ Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба чанд нуктаи муҳим таъкид намуданд. Аз ҷумла, дар интиҳои Паёмашон ба Маҷлиси Олӣ мавсуф зикр карданд, ки:
«Имрӯз кишвари мо барои дар ҳамкорӣ бо ҷомеаи ҷаҳонӣ амалӣ намудани пешниҳоди Тоҷикистон дар бораи эълон намудани Даҳсолаи нави байналмилалии "Об барои рушди устувор" ҷидду ҷаҳд менамояд. Дар ин ҷода мусоидат ба татбиқи фарогири Даҳсолаи мазкур, ки бо пешниҳоди Тоҷикистон ва бо иттифоқи оро чанд лаҳза пеш аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид эълон гардид, яке аз вазифаҳои муҳимми давраи наздик ба шумор меравад.
Субҳи имрӯз Раиси Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ҷаноби Питер Томсон ба номи Роҳбари давлат ва мардуми Тоҷикистон барқияи табрикӣ ирсол кард. Ва ман низ мардуми шарифи Тоҷикистон ва ҷомеаи байналмилалиро ба муносибати қабули ин ташаббуси муҳим самимона табрик мегӯям».
Воқеан, агар бодиққат назар намоем, ба хубӣ дида мешавад, ки кишваре назири Тоҷикистон бо чандин пешниҳодҳои наҷибонаи худ кӯшиши саҳм гузоштан дар ҳаллу фасли проблемаҳои доѓи ҷаҳони муосир мекунад, ки инсоният имрӯз бо онҳо рӯбарӯ мебошад. Дар ин миён, боиси зикри хос аст, ки ин ташаббуси нахустини Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон набуда, ки боиси дастгирии ҳамаҷонибаи ҷомеаи байналмилалӣ қарор гирифтааст ва қаблан низ чандин таклифу пешниҳодҳои башардӯстонаи Пешвои муаззами миллати мо мавриди пазироии сокинони сайёра, хусусан ташкилоти мӯҳташаме амсоли Созмони Милали Муттаҳид гардидаанд.
Бояд гуфт, пеш аз ин ҳам бо иқдоми Роҳбари давлати тоҷикон Созмони Милали Муттаҳид соли 2003-ро «Соли байналмилалии оби ошомиданӣ», солҳои 2005-2015-ро Даҳсолаи байналмилалии амалҳо “Об барои ҳаёт”, соли 2013-ро «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи захираҳои об» эълон намуда буд, ки он чорабиниву ҳамоишҳое, ки дар доираи ин ташаббусҳои арзандаи Тоҷикистон дар саросари олам гузаронида шуданд, ба ҳалли бисёр мушкилоти марбут ба пешгирии офатҳои табиӣ ва проблемаҳои глобалӣ мусоидат намуданд.
Мавриди зикр аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва алалхусус Роҳбари он, мушкилоти рӯзафзуни сокинони сайёраро ҷиҳати дастрасӣ ба оби тозаи ошомиданӣ ба хубӣ дарк намуда, ҳамчун кишвари дорои захираҳои бузурги оби тоза ва ташаббускори ҳаллу фасли ин гуна проблемаҳои муҳимми инсоният ҳамеша дар ҷаҳду талош буданду мебошанд. Ҳамин аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз 30-юми августи соли 2003, зимни суханронӣ дар маросими кушодашавии форуми байналмилалӣ оид ба масъалаҳои оби тоза, ки бо ташаббуси Созмони Милали Муттаҳид ва бо иштироки роҳбарону намояндагони кишварҳои хориҷӣ, ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ ва доираи васеи олимону коршиносони соҳаи ҳифзи муҳити зист дар пойтахти ҷумҳурии мо - шаҳри Душанбе баргузор гардида буд, чунин иброз дошта буданд:
«Сиёсатмадорон ва ходимони давлатӣ, олимон ва мутахассисону коршиносон вақтҳои охир аз минбарҳои гуногун доир ба проблемаи танқисии рӯзафзуни оби тоза дар рӯйи замин бо изтироб сухан меронанд. Чунонки маълум аст, имрӯз аз ҳар даҳ сокини олам чор нафар мунтазам аз беобӣ ё камбуди об азият мекашанд. Мувофиқи маълумоти Институти захираҳои ҷаҳонӣ, оби тозае, ки барои инсон қобили истеъмол аст, ҳамагӣ як фоизи тамоми захираҳои оби сайёраи моро ташкил медиҳад.
Ба ақидаи мо, муваффақ шудан ба рушди устувор дар сатҳи ҷаҳонӣ, минтақавӣ ва миллӣ вазифаи аввалиндараҷа аст ва ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд тамоми кӯшишҳоро ба харҷ диҳад, то барои ҳалли ин масъала дар асри XXI тадбирҳои ҷиддӣ, бетаъхир ва муассир андешида шаванд. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун субъекти комилҳуқуқи муносибатҳои байналмилалӣ иштирокчии фаъоли муҳимтарин чорабиниҳои байналхалқӣ оид ба ҳифзи табиат аст».
Тавре зикр намудем, Сарвари давлати тоҷикон ба ҳайси сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ, бо ташаббусҳои наҷибонаи худ, ҳамчун шахсияти фаъол дар тамоми чорабиниҳои байналмилалии марбут ба масъалаҳои об ва ҳифзи муҳити зист иштироку суханрониҳо намуда, бо муҳокимарониву масъалагузориҳояшон таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро барои ҳалли саривақтии мушкилоти ҷойдошта дар самтҳои зикршуда равона месозанд. Хусусан, Пешвои миллати мо диққати давлату созмонҳои гуногуни хориҷиро ба он мушкилоти минтақавию ҷаҳоние, ки аз норасоии об сар мезананд, равона карда, таъкид менамоянд, ки бартарафсозии саривақтии онҳо боиси беҳтаршавии муносибату робитаҳо миёни кишварҳои гуногуни минтақаҳои ҳассоси дунё мегардад.
Аз ҷумла, ҳангоми суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими Гузориши ЮНЕСКО дар масъалаи об, ки рӯзи 16-уми марти соли 2009 дар Ҷумҳурии Туркия доир гардида буд, мавсуф чунин иброз намуда буданд:
«Тавре ки имрӯз такроран таъкид шуд, таѓйирёбии иқлим дар миқёси олам, бӯҳрони шадиди энергетикӣ, озуқавӣ ва молиявӣ ба вазъи захираҳо ва идоракунии об таъсири манфӣ мерасонанд. Равандҳои глобалии солҳои охир шароити бо об ва озуқаворӣ таъмин намудани миллионҳоро боз ҳам печидатар месозанд, алалхусус онҳо ба табақаҳои камбизоат зарари бештар мерасонанд. Ин равандҳо метавонанд суботи сиёсиро халалдор сохта, барои ба миён омадани низоъҳои мухталиф дар кишвар ва минтақаҳои ҳассос замина фароҳам созанд.
Бидуни шак, об яке аз омилҳои муҳимтарини дастёб шудан ба Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола ва умуман рушди устувор мебошад. Бинобар ин, идораи оқилонаи захираҳои об яке аз ҷузъҳои асосии тараққиёти иҷтимоию иқтисодӣ, паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва иҷрои вазифаҳои дигаре, ки аз Ҳадафҳои зикршуда бармеоянд, ба шумор меравад».
Боиси зикр аст, ки аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид дастгирӣ ёфтану амалӣ сохтани ташаббусҳои наҷибонаву инсондӯстонаи Пешвои миллати тоҷик, агар аз як тараф далели ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳисоб рафтани Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад, аз тарафи дигар, Роҳбари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иштироки фаъолу суханрониҳои муфиди худ дар чорабиниву ҳамоишҳои гуногуни сатҳи минтақавию ҷаҳонӣ ҳамеша ба ҳайси муаррифгари Ватани аҷдодиву миллати тамаддунофари мо баромад мекунанд. Зимнан, ҳангоми суханронии худ дар Саммити оби Будапешт, ки рӯзи 28-уми ноябри соли 2016 дар Ҷумҳурии Маҷористон баргузор гардид, Сарвари давлати тоҷикон изҳор дошта буданд:
«Тоҷикистон захираҳои бузурги обро дар теъдоди зиёди пиряху дарёҳо, кӯлҳо ва шабакаҳои обии зеризаминӣ доро аст. Дар қаламрави кишвари мо зиёда аз 60 фоизи захираҳои обии минтақаи Осиёи Марказӣ ташаккул меёбад. Ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати дарёфти роҳҳои ҳалли масъалаҳои вобаста ба об талошҳои пайваста меварзад. Танҳо дар даҳ соли ахир мо ин соҳаи ҳаётан муҳимро дар ҳудуди як миллиарду ҳафтсад миллион доллари амрикоӣ маблаѓгузорӣ кардем».
Дар охири матлаби хеш изҳори боварӣ менамоем, ки ҳамаи ин ва дигар тадбирҳои андешидаи Ҳукумати кишвар, хусусан ҷаҳду талошҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боиси аз ин ҳам зиёд рушду тараққӣ ёфтани Ватани соҳибистиқлоламон ва боз ҳам баланд гардидани мақому мартабаи он дар арсаи байналмилалӣ мешавад. Тавре Роҳбари давлат дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ таъкид доштанд:
«Мехоҳам таъкид намоям, ки масъалаҳои баррасигардида ва дастуру супоришҳои имрӯза, пеш аз ҳама, ба ҳифзи сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, ҳимояи истиқлолияти давлатӣ ва дастовардҳои халқи тоҷик равона гардида, таҳкими иқтидори иқтисодии мамлакат, фароҳам овардани шароити боз ҳам беҳтари зиндагӣ ва дар арсаи байналмилалӣ баланд бардоштани обрӯи Ватани маҳбубамон – Тоҷикистон вазифаҳои аввалиндараҷаи мо маҳсуб меёбанд.
Ҷиҳати ноил шудан ба ин ҳадафҳои олӣ моро зарур аст, ки барои боз ҳам ободу зебо гардонидани Ватани азизамон содиқона заҳмат кашем, корҳои бунёдкориву созандагӣ, дигаргуниҳои иқтисодиву иҷтимоиро ба роҳ монда, соҳибкориву сармоягузориро такон бахшем ва ҳарчи бештар ҷойҳои нави корӣ фароҳам оварда, самаранокии идоракунии давлатиро таъмин гардонем».
Раҳимзода Р.Ҳ.,Вазири корҳои дохилии ҶТ, генерал-лейтенанти милитсия,номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон

 

  

    Иқдоми Пешво

 

       Ҳаёт аз оби нобу ҷовидон сарчашма мегирад,

            Ва об аз қуллаи Боми Ҷаҳон сарчашма мегирад. 

   Ҳаёту об пайванданду андар Созмони даҳр
       Зи фазли Пешвои тоҷикон сарчашма мегирад.

               Хати барнома з- «Оби тоза» шуд андар ҷаҳон оғоз,
      Барои ҷалби ҳамкорӣ канори Тоҷикистон боз.
                 Зи Панҷу Вахшу Сайҳуну Зарафшон пурра серобем,
    Саросар дастгирӣ ёфт ин барномаи мумтоз.

          Дувум иқдоми некат «Об аз баҳри ҳаёт» омад,

  Ливои Пешвои тоҷикон пайки наҷот омад.
        Мулоқот, анҷуманҳо буд, ки дар ин остони об
 Паёми олимони олами об аз нишот омад.

               Дигар барнома бошад «Баҳри ҳифзи об ҳамкорӣ»,
         Зи обу НОБ-и мо набвад зарар, ояд фақат ёрӣ.
          Ҳаме иқдоми некат буд аз ин барномаи сабзат:
      Кунад кўли Сарези мо ба беобон мададгорӣ.


        Навин як мужда аз барномаи оби зулол омад:
            «Ба рушди устувор иқдоми об» авҷу камол омад.
        Паи пайвандии даҳсолаи байналмилал имрўз

        Зиҳӣ, эй Шоҳи одил, Қатънома безавол омад!

                                                                               Ниҳонӣ


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!Ҳамватанони азиз! Паёми имсолаи Президент дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат баъди ҷашни чорякасраи истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, яъне дар даврае пешниҳод мегардад, ки кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушд ворид гардида, мардуми шарифи Тоҷикистон ба сӯи ояндаи ободу осуда бо қадамҳои устувор пеш меравад.Дар зарфи бисту панҷ сол мо ба шарофати заҳмати софдилонаи халқамон дар роҳи таъмин намудани рушди сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишвар ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидем.Мо ҳамаи ин корҳоро ба хотири таҳкими пояҳои истиқлолияти давлатиамон анҷом додем.Зеро озодиву истиқлолият бароямон дастоварди бузургтарин ва ғояи муқаддаси миллӣ буда, мо бо вуҷуди мушкилоти ҷойдошта барои ҳимоя ва пойдору устувор мондани он минбаъд низ тамоми саъю талоши худро равона ....>>>

Барномаи ислоҳоти милитсия


Барномаи ислоҳоти (рушди) милитсия барои солҳои 2014-2020 (минбаъд - Барнома) ҳуҷҷати асосии барномавии миёнамўҳлат буда, мақсадҳои стратегӣ, вазифа ва самтҳои асосии ислоҳоти (рушди) милитсияро муайян менамояд. Барнома дар асоси моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон   Муфассал >>>

Низомномаи Шӯрои ҷамъиятӣ

Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Шӯрои ҷамъиятӣ) мақомоти ҷамъиятии машваратӣ - мушоҳидавӣ буда, бо мақсади ташкил ва таъмин
  Муфассал >>>

Стратегия


Стратегияи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2013 - 2020 (минбаъд - Стратегия) ба меъёрҳои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, ҳадафҳо, афзалият ва тадбирҳоро оид ба ислоҳот ва рушди милитсия муайян намуда, амалҳоеро, ки Ҳукумати Муфассал >>>

Лоиҳаи Кодекси одоби корманди политсия


Кодекси одоби касбии корманди политсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд-Кодекс), маҷмӯи қоидаҳои рафтори корманди политсия мебошад, ки ҳадди муошират, қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматӣ, ки аз санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, арзишҳои Муфассал >>>

Лоиҳаи Қонун дар бораи политсия


Қонуни мазкур мафҳумҳои асосӣ, сохтори ташкиливу ҳуқуқӣ, самтҳои асосӣ ва принсипҳои фаъолият, сохтори политсияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мавқеи он дар низоми мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ, ҳамкорӣ бо ҷомеа, тартиби қабул Муфассал >>>

Кофтуков


© 2017 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад